https://sputnik.tj/20240424/vazorat-maorif-khatmkunanda-hujjat-mmt-sharh-dod-1062609460.html
Вазорати маориф далели "маҷбуркунӣ"-и хатмкунандаҳо барои ҳуҷҷатсупорӣ ба ММТ -ро шарҳ дод
Вазорати маориф далели "маҷбуркунӣ"-и хатмкунандаҳо барои ҳуҷҷатсупорӣ ба ММТ -ро шарҳ дод
Sputnik Тоҷикистон
Ба таъкиди Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ҳадаф ин аст, ки хонандагон таҳсили худро идома диҳанд ва дар ҷамъияти мақоми худро пайдо кунанд
2024-04-24T09:40+0500
2024-04-24T09:40+0500
2024-04-24T11:04+0500
дар тоҷикистон
вазорати маорифу илми тоҷикистон
маориф
ммт
хатмкунандагон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/07/05/1058091907_0:161:3067:1886_1920x0_80_0_0_0bfc5012dba0917ceb0b39ef94a88592.jpg
ДУШАНБЕ, 24 апр — Sputnik. Вазорати маориф хабару овозаҳо дар мавриди он ки, ки хатмкунандаҳоро дар Тоҷикистон маҷбур мекунанд, то ҳуҷҷати худро ба Маркази милли тестӣ супоранд, беасос хонд.Ин ниҳоди таълимӣ ба Sputnik_Tajikistan гуфт, онҳо дар ҷаласа ва мулоқотҳо танҳо аз идомаи таҳсил дар донишгоҳҳои кишвар гуфтанд ва бо ин роҳ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронданд.Дар идома, вазорат таъйид намуд, ки барои супурдани ҳуҷҷат ба ММТ касеро маҷбур накардаанд.Бояд гуфт, вақтҳои охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабару овозаҳо дар бораи маҷбур кардани хатмкунандаҳои мактаб барои супурдани ҳуҷҷат ба ММТ чарх мезанад.Дар ҳамин ҳол, мудири яке аз макотиби ноҳияи Деваштич ба Sputnik гуфт, онҳо танҳо байни хонандагон тарғибот гузаронданд то онҳо таҳсилро идома диҳанд ва соҳиби касбу кор гарданд.“Мо байни хатмкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба идома додани таҳсил дар макотибҳои олӣ гузаронидем. Оянда хонда соҳиби касбу кор гардад ин албатта ба фоидаи онҳо аст. Супоридани ҳуҷҷат мабурӣ нест, балки ихтиёрӣ. Ҳадаф танҳо соҳиби савод гардидани онҳо асту бас” - гуфт ӯ.Зимнан, аз Маркази миллии тестӣ низ ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Тоҷикистон ихтиёрӣ буда, ҳолати мазкур ба ММТ рабте надорад.“Ин нуқта дар дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб", ки дар шакли чопӣ ба ҳар яке аз муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла мактабҳо ройгон дастрас карда шудааст, қайд гардидааст. Ин масъала ҳангоми вохӯриҳои кормандони Марказ бо хонандагони мактабҳо низ фаҳмонида мешавад” - иброз доштанд аз ММТ.Ҳамчунин аз Маркази миллии тестӣ гуфтанд, ки онҳо ҳангоми вохӯриҳо бо хатмкунандагон дар бораи аҳаммияти гирифтани таҳсилоти миёна ва ё олии касбӣ барои ҳар як шахс бо мақсади пайдо кардани ҷойи кор ва таъмини зиндагии шоиста, маълумоту тавсияҳо медиҳад, вале ин маънои маҷбурӣ будани иштироки хонандагон дар Имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавиро надорад.
https://sputnik.tj/20240222/sabti-dovtalabon-donishgoh-donishkada-tojikiston-1061812422.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/07/05/1058091907_169:0:2898:2047_1920x0_80_0_0_3c913d74cd157b03d3dfa52341e557ae.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
хонанда, маҷбур, вазорати маориф, илм, ҳадаф, таҳсил
хонанда, маҷбур, вазорати маориф, илм, ҳадаф, таҳсил
Вазорати маориф далели "маҷбуркунӣ"-и хатмкунандаҳо барои ҳуҷҷатсупорӣ ба ММТ -ро шарҳ дод
09:40 24.04.2024 (Навсозишуда: 11:04 24.04.2024) Ба таъкиди Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ҳадаф ин аст, ки хонандагон таҳсили худро идома диҳанд ва дар ҷамъияти мақоми худро пайдо кунанд
ДУШАНБЕ, 24 апр — Sputnik. Вазорати маориф хабару овозаҳо дар мавриди он ки, ки хатмкунандаҳоро дар Тоҷикистон маҷбур мекунанд, то ҳуҷҷати худро ба Маркази милли тестӣ супоранд, беасос хонд.
Ин ниҳоди таълимӣ ба Sputnik_Tajikistan гуфт, онҳо дар ҷаласа ва мулоқотҳо танҳо аз идомаи таҳсил дар донишгоҳҳои кишвар гуфтанд ва бо ин роҳ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронданд.
“Ҳадаф аз ин ҳама корҳои фаҳмондадиҳӣ он аст, ки хонанда хонаду дар оянда дар ҷамъият ҷойи худро пайдо намояд”, – иброз доштанд аз Вазорати маориф.
Дар идома, вазорат таъйид намуд, ки барои супурдани ҳуҷҷат ба ММТ касеро маҷбур накардаанд.
Бояд гуфт, вақтҳои охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабару овозаҳо дар бораи маҷбур кардани хатмкунандаҳои мактаб барои супурдани ҳуҷҷат ба ММТ чарх мезанад.
Дар ҳамин ҳол, мудири яке аз макотиби ноҳияи Деваштич ба Sputnik гуфт, онҳо танҳо байни хонандагон тарғибот гузаронданд то онҳо таҳсилро идома диҳанд ва соҳиби касбу кор гарданд.
“Мо байни хатмкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба идома додани таҳсил дар макотибҳои олӣ гузаронидем. Оянда хонда соҳиби касбу кор гардад ин албатта ба фоидаи онҳо аст. Супоридани ҳуҷҷат мабурӣ нест, балки ихтиёрӣ. Ҳадаф танҳо соҳиби савод гардидани онҳо асту бас” - гуфт ӯ.
Зимнан, аз Маркази миллии тестӣ низ ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Тоҷикистон ихтиёрӣ буда, ҳолати мазкур ба ММТ рабте надорад.
“Ин нуқта дар дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб", ки дар шакли чопӣ ба ҳар яке аз муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла мактабҳо ройгон дастрас карда шудааст, қайд гардидааст. Ин масъала ҳангоми вохӯриҳои кормандони Марказ бо хонандагони мактабҳо низ фаҳмонида мешавад” - иброз доштанд аз ММТ.
Ҳамчунин аз Маркази миллии тестӣ гуфтанд, ки онҳо ҳангоми вохӯриҳо бо хатмкунандагон дар бораи аҳаммияти гирифтани таҳсилоти миёна ва ё олии касбӣ барои ҳар як шахс бо мақсади пайдо кардани ҷойи кор ва таъмини зиндагии шоиста, маълумоту тавсияҳо медиҳад, вале ин маънои маҷбурӣ будани иштироки хонандагон дар Имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавиро надорад.