Суннатиҳову ғарбгароҳои Эрон: кадоме барои Тоҷикистон хуб аст?

© AFP 2023Площадь Азади в Тегеране. Архивное фото
Площадь Азади в Тегеране. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.05.2024
Обуна шудан
Эксклюзив
Иддае аз коршиносон бар инанд, ки сиёсатҳои Эрон дар қиболи Тоҷикистон ва дар умум Осиёи Марказӣ ба равобиташ бо Ғарб бастагӣ дорад
ДУШАНБЕ, 22 май - Sputnik. Коршиносон эҳтимоли омадани тағйир дар равобити Тоҷикистону Эрон пас аз марги Иброҳим Раисиро баъид намедонанд.
Ин қабл аз ҳама ба вижагиҳои минтақаӣ дар атрофи Эрон бастагӣ дорад, ки бо буҳронҳои шадиди амниятӣ дар ҳамсоягиҳояш даргир аст. Эрон яке аз бозигарони муҳим дар буҳронҳои Ховари Миёна – ҷанги Исроилу Фаластин, Яман ва Афғонистон аст, ки ҳоло дар маркази таваҷҷуҳи ҷомиаи ҷаҳонӣ қарор доранд.
Ҳукумати Иброҳим Раисӣ, раисҷумҳури фақиди Эрон, ки 19 май дар як сонеҳаи суқути чархбол бо иттифоқи Амир Абдуллоҳиён, вазири корҳои хориҷии он кишвар ва 7 нафари дигар ба ҳалокат расид, дар қиёс бо ҳукумати Ҳасан Руҳонӣ, раисҷумҳури пешини Эрон бо Тоҷикистон равобити беҳтареро дошт.
Нуралӣ Давлат, коршинос дар умури минтақа, мегӯяд, сиёсати Эрон дар ҳукумати баъд аз Раисӣ тағйир намекунад, зеро сиёсати дохилӣ ва хориҷии Эронро Хоменеӣ муайян мекунад, на раисҷумҳур.
Дар Тоҷикистон китоби таслият барои мардуми Эрон дар робита ҳалокати раисҷумҳур, Иброҳим Раисӣ боздошт шуд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.05.2024
Таслияти тоҷикистониҳою дипломатҳои муқими Душанбе ба мардуми Эрон - видео
"Аммо ҳис мешуд, ки ҳукумати Раисӣ дар қиёс бо ҳукумати Руҳонӣ ба Тоҷикистон таваҷҷӯҳи зиёд дошт ва хориҷ аз хости раҳбари Инқилоби Эрон талоши зиёде ба харҷ дод, то равобит беҳбуд пайдо кунанд. Дар таърихи равобити Эрону Тоҷикистон ман чанд раисҷумҳури Эронро ёд дорам, ки ба Тоҷикистон таваҷҷӯҳи зиёд нишон диҳанд - Хотамӣ, Аҳмадинажод ва ҳамчунин Раисӣ”, - гуфт Нуралӣ Давлат.
Дар ҳамин ҳол, иддае дигар аз коршиносон бар инанд, ки сиёсатҳои Эрон дар қиболи Тоҷикистон ва дар умум Осиёи Марказӣ ба равобиташ бо Ғарб бастагӣ дорад.
Абдулғанӣ Муҳаммадазимов, устоди кафедраи минтақашиносии хориҷии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, мегӯяд, ҳукумати Эрон аз ду урдугоҳ, ба истилоҳ, “суннатиҳо” ва “ғарбгароҳо” таркиб ёфтааст ва ҳар гоҳ ки суннатиҳо ба қудрат расиданд, равобиташон бо Тоҷикистон беҳ шудааст, аз ҷумла дар даврони Аҳмадинажод ва Раисӣ, аммо Ҳасан Руҳонӣ, ки ғарбгаро буд, ба равобит бо Тоҷикистон чандон аҳамият қойил набуд.
"Ҳол эҳтимоли зиёд бар ин аст, ки як ғарбгаро дар Эрон ба қудрат бирасад, зеро бахусус дар масъалаи Ховари Миёна бисёр мушкилоте бо Ғарб пайдо шудааст. Ман чандон ба интихоботе, ки 50 рӯз пас баргузор мешавад, хушбин нестам, чун аксари интихоботҳо дар гузашта дастхуши дахолатҳои хориҷӣ буданд”, - гуфт Абдулғанӣ Муҳаммадазимов.
Дар сатҳи ҷавомеъ ва афкори умум ин бовар ҳукмрон аст, ки таваҷҷуҳи Эрон ба Тоҷикистон қабл аз ҳама ба хотири муштаракоти забонӣ, таърифӣ ва фарҳангӣ аст, чун ҳарду кишвар аз як забон, адабиёт ва санъат баҳра мебардоранд.
Аммо ба бовари Нуралӣ Давлат, дар ҷаҳони кунунӣ муштаракот нақши созанда доранд, аммо ҳалкунанда нестанд, зеро дар равобити Эрону Тоҷикистон, ба ҷуз ин ва шояд аз нуқтаи назари геополитика муҳимтар ин аст, ки Тоҷикистон танҳо кишвари Осиёи Марказӣ ва наздик ба Эрон аст, дар ҳоле ки кишварҳои минтақа авлавиятро ба Туркия медиҳанд ва таъсиси Иттиҳоди кишварҳои туркӣ ин воқеиятро бозгӯи мекунад.
Маросими видоъ бо Раисӣ ва ҳамроҳонаш дар Табрез - видео
“Агар муштаракоти забониву таърихӣ ва фарҳангӣ аҳамият медоштанд, Эрон ҳич гоҳ бар Толибони афғон такя намекард ва аз нерӯҳои зиддитолиб, ки монанди тоҷикон ба забону фарҳанг ва ба монанди ҳазораҳо ба мазҳаб бо Эрон қаробат доранд, ҳимоят мекард. Аммо манофеъи миллии Эрон ин гуна таъриф шуда, ки ҳол Толибон дар қиёс бо нерӯҳои зиддитолибонӣ ба дарди Эрон мехӯранд”, - гуфт ӯ.
Эрон аввалин кишвари хориҷист, ки истиқлолияти Тоҷикистонро дар соли 1991 ба расмият шинохта, равобити дипломатӣ барқарор кардааст. Дар ин миён равобити кишвар фарозу нишебҳои зиёдеро пушти сар гузоштааст, аммо ҳамоно Эрон ҳамеша талош доштааст, то домани Тоҷикистонро раҳо накунад.
Лентаи хабарҳо
0