Таслияти тоҷикистониҳою дипломатҳои муқими Душанбе ба мардуми Эрон - видео

Обуна шудан
Парчами давлатии Эрон дар сафорати ин кишвар дар Душанбе поин оварда шуда, барои баёни ҳамдардӣ дар робита ба марги Иброҳим Раисӣ китоби таслият гузошта шуд
Дар китоби таслият, ки сафорати Эрон дар Душанбе ифтитоҳ кард, соядасти зиёд гузошта шуд.
Намояндагони дипломатии кишварҳои гуногун дар робита ба ҳалокати раисҷумҳур, Иброҳим Раисӣ ва ҳамроҳонаш бар асари суқути чархбол, ба сафорати ҶИЭ дар Тоҷикистон омада ҳамдардӣ баён мекунанд.
Сокинону меҳмонони Душанбе барои изҳори ҳамдардӣ ба мардуми Эрон назди сафорати он кишвар гул мегузоранд. Намояндагони сафорат як гӯшаи махсус омода намудаанд.
Сафири Русия дар Душанбе, Семён Григорев аз аввалинҳо шуда дар китоби таъзия имзо гузошт.
Маросими видоъ бо Раисӣ ва ҳамроҳонаш дар Табрез
Маврид ба зикр аст, ки дар ҳашт кишвари ҷаҳон ба хотири Раисӣ дар мотам нишастаанд.
Ба ҷуз аз Эрон, ки 5 рӯз мотами миллӣ дорад, дар Тоҷикистон, Туркия, Ироқ, Лубнон, Покистон, Сурия ва ҳамчунин Ҳинд низ дар сӯг нишастаанд.
Дар баъзе ҷойҳо мотам як рӯз, дар баъзе ҷойҳо се рӯз давом мекунад. Дар Тоҷикистон аз тариқи телевизион ва ҷойҳои ҷамъиятӣ пахши барномаҳои тафреҳиро барои ду рӯз маҳдуд мекунанд.
Иброҳим Раисӣ 19 май ҳамроҳ бо як гуруҳ мақомдорони баландпоя бар асари суқути чархбол дар минтақаи кӯҳӣ музофоти Озарбойҷони шарқӣ ҷон додааст.
Ба ҷуз аз раҳбари Эрону халабонҳо дар чархбол ҳамчунин Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён - вазири хориҷаи Эрон, Малик Раҳматӣ - ҳокими Озарбойҷони Шарқӣ ва Муҳаммад Алӣ Ҳошим - имоми вилояти Табрез қарор доштаанд.
Лентаи хабарҳо
0