Сомон дар қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон корномаи Боқиевро такрор кард

© SputnikОфициальная церемония открытия Турнира Большой шлем в Душанбе
Официальная церемония открытия Турнира Большой шлем в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.05.2024
Обуна шудан
Ҷудокори шинохтаи тоҷик дар қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон, ки дар Абузабӣ ҷараён дорад, медали биринҷӣ гирифт
ДУШАНБЕ, 22 мая — Sputnik. Рӯзи сеюми мусобиқаи ҷудои ҷаҳон барои Тоҷикистон пурбор буд, зеро дар ин рӯз Сомон Маҳмадбеков корномаи Расул Боқиевро такрор намуда, медали биринҷӣ ба даст овард.
Паҳлавони тоҷик дар даври аввал муқобили Данийил Зоубкои фаронсавӣ зафар ёфта, дар даври дуюм муқобили намояндаи Нидерланд Франк де Вит пирӯз шуд.
Зимнан, дар даври сеюм ҷудокори тоҷик бо имтиёзи вазарӣ муқобили Абдураҳмон Абдулғании мисрӣ ғалаба карда, ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфт.
Вале дар даври баъдӣ Маҳмадбеков дар рақобати душвор муқобили қаҳрамони дукаратаи ҷаҳон Тато Григалашвилии гурҷӣ дар ин мурҳила мағлуб шуда, ба даври тасаллобахш рафт ва ҳарифашро мағлуб кард.

Барои нишони биринҷӣ Сомон бо имтиёзи вазарӣ ҳарифи гурҷияшро шикаст дод ва соҳиби нишони биринҷӣ гардид.
Бехруз Ходжазода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.05.2024
Бурду бохти 3 ҷудокори номии тоҷик дар қаҳрамонии ҷаҳон: бе медал бармегарданд
Бояд зикр намуд, ки ин дуюмин медал дар таърихи ҷудои тоҷик дар қаҳрамонии ҷаҳон ба шумор меравад.
Аввалин медалро дар ин мусобиқот паҳлавони машҳури тоҷик Расул Боқиев 17 сол пеш (соли 2007) дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия ба даст овардааст. Вай дар вазни то 73 кило бо медали биринҷӣ сарфароз шуда буд.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар қаҳрамонии ҷаҳон дар пойтахти Имороти Муттаҳидаи Арабӣ – шаҳри Абузабӣ - 658 варзишгар аз 107 кишвари панҷ қора иштирок доранд.
Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон 9 варзишгар шомиланд. Ҳоло рақобатҳои Комроншоҳ Устопириён, Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода, Ҷаҳонгир Маҷидов ва Темур Раҳимов дар пеш аст.
Лентаи хабарҳо
0