Бурду бохти 3 ҷудокори номии тоҷик дар қаҳрамонии ҷаҳон: бе медал бармегарданд

© SputnikБехруз Ходжазода
Бехруз Ходжазода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.05.2024
Обуна шудан
Тоҷикистонро дар рӯзи дуюми мусобиқа Эмомалии Нуралӣ бо Обид Ҷебов зери вазни то 66 кило ва Беҳрӯз Хоҷазода зери вазни то 73 кило муаррифӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 21 май — Sputnik. Натиҷаи беҳтаринро аз миёни намояндагони Тоҷикистон дар рӯзи дуюми Чемпионати ҷаҳон дари риштаи ҷудо Эмомалии Нуралӣ нишон дод, ки мақоми панҷумро зери вазни то 66 кило гирифт.
Дар сабқатҳои ин вазн, ки дар шаҳри Абу-Дабии Имороти Муттаҳидаи Араб баргузор шуд, 58 ҷудокор иштирок доштанд. Дар мубориза барои нишони биринҷӣ Эмомалӣ аз Саҳа Лукаси финландӣ шикаст хӯрд.
Қабл аз ин паҳлавони тоҷик Богдан Иадови украинӣ, Муҳаммад Абдилмавгуди мисрӣ, дар даври ҳаштякниҳоӣ Валид Хяри фаронсавӣ ва дар чаҳорякниҳоӣ Эрхембайяр Баттогтохи муғулро мағлуб карда буд. Дар зӯрозмоии нимниҳоӣ аз ҷудокори ҷопонӣ Такеши Такеока мағлуб шуд.
В Душанбе прошел международный полумарафон ONE RUN - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.05.2024
Иштироки даҳҳо ҳазор нафар дар Дави миллӣ ва велосипедронӣ - акс
Эмомалии Нуралӣ дар Чемпионати ҷаҳон соҳиби 720 имтиёзи олимпӣ гардид, ки метавонад дар ин вазн дар Бозиҳои олимпии Париж - 2024 иштирок кунад.
Обид Ҷебов бошад дар даври сеюм аз Маттео Пираси итолиёвӣ шикаст хӯрд ва аз медали мусобиқа бенасиб монд.
Ҷудокори шинохта, Беҳрӯз Хоҷазода, ки дар вазни то 73 кило зӯрозмоӣ кард, сабқатро аз даври дуюм муқобили Эрденебаяр Батзаяи муғул оғоз карду бо имтиёзи вазарӣ дар сониҳояи охир дучори шикаст шуд.
Лентаи хабарҳо
0