Як муттаҳам дар парвандаи Крокус аз давлати Русия қарздор будааст

© Foto / Пресс-служба Басманного суда / Гузариш ба медиабонкИзбрание меры пресечения подозреваемым в теракте в "Крокус Сити Холл"
Избрание меры пресечения подозреваемым в теракте в Крокус Сити Холл - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.05.2024
Обуна шудан
Номбурда барои нақзи қонуни ҳаракат дар роҳ ҷарима шуд, вале маблағи ҷаримаро, ки ҳамагӣ 4890 рубл ташкил дод, пардохт накардааст
ДУШАНБЕ, 22 мая — Sputnik. Диловар Исломов*, ки дар парвандаи ҳамлаи террористӣ дар Крокус Сити Холл дмуттаҳам аст, ҳамчунин барои нақзи қоидаҳои роҳ ҳангоми рондани мошини Renault Symbol аз иҷрочиёни суд ҳудуди панҷ ҳазор рубл қарздор буд.

Ин ҳамон мошинест, ки пасон дар ҳамла ба Крокус аз он истифода шуд, хабар меди ҳад РИА Новости.
Тибқи иттилои Хадамоти федеролии иҷрочиёни судӣ ба Диловар барои ҳуқуқвайронкунии маъмурие, ки 23 январи соли 2024 дар вилояти Твер содир шудааст, ҷарима ситонида шуд. Маблағи ҷаримаи пулиси роҳ 4890 рублро ташкил дод, вале Исломов онро пардохт накардааст.

Фоҷиа дар Крокус Ситти Хол

Рӯзи 22 март дар толори консертии Крокус Сити Холл, воқеъ дар шимолу ғарби Маскав тирпарронӣ рух дод.
Чанд нафар ва бидуни ниқоб вориди бинои марказӣ шуданд. Онҳо ба рӯи одамон тирандозӣ карданд ва баъд аз он курсиҳои толорро оташ заданду инчунин норинҷакҳои оташзо партоб намуданд, ки боиси сӯхтори шадид ва қисман фурӯ рехтани бино гардид.
Тибқи маълумоти охирини Кумитаи тафтишоти Русия, дар натиҷаи ҳамлаи террористӣ дар Крокус беш аз 140 нафар кушта шудаанд, ки шаш нафари онҳо кӯдакон мебошанд. Ҷинояткорон субҳи барвақти 23 март дар вилояти Брянск дар наздикии марз бо Украина боздошт шуданд.
Ҳар чор нафар зодаи Тоҷикистон мебошанд. Баъдтар тафтишот муайян кард, ки пеш аз ҳамлаи хунин ду нафар аз ин террористҳо аз Истанбул боздид карданд. Имкон дорад, раҳбари эҳтимолии ин гурӯҳ бо доираҳои тундгаро дар Туркия робита дошта бошанд.
Избрание меры пресечения подозреваемым в теракте в Крокус Сити Холл. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.05.2024
Ҳабси пешакии муттаҳамон дар ҳамлаи террористӣ ба "Крокус Сити Холл" тамдид шуд
Тибқи як фарзия дигар, маҳз дар он ҷо яке аз онҳо барои анҷоми ҳамлаи террористӣ омӯзиши зарурӣ гирифтааст.
Дар маҷмӯъ, дар робита ба ҳамлаи террористӣ дар Крокус 12 гумонбар боздошт шудааст. Ҳамаи онҳо ба рӯйхати террористони Росфинмониторинг шомил шудаанд. Чанд нафари дигар бо гумони даст доштан дар ин ҳодиса низ боздошт шудаанд.
Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, зимни муроҷиати худ ба шаҳрвандон қайд кард, ки баъд аз ҳамлаи террористӣ ҷинояткорон ба самти Украина ҳаракат мекарданд, ки дар он ҷо барои онҳо як "долон"-и вижа омода карда шуда буд.
Вай таъкид кард, ки ҳеҷ яке аз ширкаткунандагон набояд аз ҷазои одилона раҳо ёбад. Путин таваҷҷуҳро ба он ҷалб кард, ки дар паси ҳамлаҳои террористӣ дар манотиқи мухталифи ҷаҳон "на танҳо гурӯҳҳои тундгаро, балки хадамотҳои вижаи баъзе аз кишварҳо низ даст доранд".
Мақсади онҳо вайрон кардани асосҳои конститутсионӣ ва ноором кардани давлатҳои соҳибихтиёр, инчунин барангехтани кинаю адоват байни миллатҳо ва динҳо аст.

* Ба феҳристи террористон ва экстремистҳо аз ҷониби Росфинмониторинг дохил карда шудааст.
Лентаи хабарҳо
0