https://sputnik.tj/20240516/habs-peshaki-muttahamon-hamla-terroristi-krokus-siti-1062854161.html
Ҳабси пешакии муттаҳамон дар ҳамлаи террористӣ ба "Крокус Сити Холл" тамдид шуд
Ҳабси пешакии муттаҳамон дар ҳамлаи террористӣ ба "Крокус Сити Холл" тамдид шуд
Sputnik Тоҷикистон
Муҳлати ҳабси пешакии муттаҳамон дар ҳамлаи террористӣ ба "Крокус Сути Холл", ки моҳи марти соли равон анҷом шуд, то 22 май таъйин гардида буд
2024-05-16T15:15+0500
2024-05-16T15:15+0500
2024-05-16T15:15+0500
дар русия
амният ва мудофиа
ҳамлаи террористӣ
крокус сити холл
ҳамлаи хунин
ҳабс
қарори додгоҳ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/03/19/1062208070_0:163:3062:1885_1920x0_80_0_0_9b2e877c9d9cf311665f39b4946ebe08.jpg
ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Мӯҳлати боздошти омилони ҳамлаи террористӣ дар "Крокус Сити Холл" барои се моҳи дигар тамдид карда шуд. Дар ин бора дафтари матбуоти додгоҳи Маскав хабар дода, афзуд, муҳлати ҳабс то 22 августи соли равон тамдид гардид. Дар феҳрати муттаҳамоне, ки ҳабсашон тамдид шуд, аз ҷумла Файзов Муҳаммадсобир Зокирҷонович*, Далерҷон Мирзоев*, Раҷабализода Саидакрами Муродалӣ* ва Фаридуни Шамсиддин* қарор доранд. Қаблан муҳлати ҳабси пешакии муттаҳамон то 22 майи соли равон буд. Онҳо бар асоси моддаи 205-и Кодекси ҷиноии Русия дар анҷоми амали террористӣ айбдор мешаванд. Ҳамлаи террористӣ дар "Крокус Сити Холл" Рӯзи 22 март дар толори консертии "Крокус Сити Холл", воқеъ дар шимолу ғарби Маскав тирпарронӣ рух дод. Чанд нафар ва бидуни ниқоб вориди бинои марказӣ шуданд. Онҳо ба рӯи одамон тирандозӣ карданд ва баъд аз он курсиҳои толорро оташ заданду инчунин норинҷакҳои оташзо партоб намуданд, ки боиси сӯхтори шадид ва қисман фурӯ рехтани бино гардид. Тибқи маълумоти охирини Кумитаи тафтишоти Русия, дар натиҷаи ҳамлаи террористӣ дар Крокус беш аз 140 нафар кушта шудаанд, ки шаш нафари онҳо кӯдакон мебошанд.Ҷинояткорон субҳи барвақти 23 март дар вилояти Брянск дар наздикии марз бо Украина боздошт шуданд. Ҳар чор нафар зодаи Тоҷикистон мебошанд. Баъдтар тафтишот муайян кард, ки пеш аз ҳамлаи хунин ду нафар аз ин террористҳо аз Истанбул боздид карданд. Имкон дорад, раҳбари эҳтимолии ин гурӯҳ бо доираҳои тундгаро дар Туркия робита дошта бошанд. Тибқи як фарзия дигар, маҳз дар он ҷо яке аз онҳо барои анҷоми ҳамлаи террористӣ омӯзиши зарурӣ гирифтааст. Дар маҷмӯъ, дар робита ба ҳамлаи террористӣ дар Крокус 12 гумонбар боздошт шудааст. Ҳамаи онҳо ба рӯйхати террористони Росфинмониторинг шомил шудаанд. Чанд нафари дигар бо гумони даст доштан дар ин ҳодиса низ боздошт шудаанд. Раисҷумҳури Русия, Владимир Путин, зимни муроҷиати худ ба шаҳрвандон қайд кард, ки баъд аз ҳамлаи террористӣ ҷинояткорон ба самти Украина ҳаракат мекарданд, ки дар он ҷо барои онҳо як "долон"-и вижа омода карда шуда буд. Вай таъкид кард, ки ҳеҷ яке аз ширкаткунандагон набояд аз ҷазои одилона раҳо ёбад. Путин таваҷҷуҳро ба он ҷалб кард, ки дар паси ҳамлаҳои террористӣ дар манотиқи мухталифи ҷаҳон "на танҳо гурӯҳҳои тундгаро, балки хадамотҳои вижаи баъзе аз кишварҳо низ даст доранд". Мақсади онҳо вайрон кардани асосҳои конститутсионӣ ва ноором кардани давлатҳои соҳибихтиёр, инчунин барангехтани кинаю адоват байни миллатҳо ва динҳо аст, гуфт ӯ. *-дар феҳрасти афроди алоқаманд ба терроризму экстремизми Росфинмониторинг қарор дорад.
https://sputnik.tj/20240509/rahmon-mardum-tojikiston-hamla-terroristi-krokus-mahkum-1062807825.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/03/19/1062208070_166:0:2897:2048_1920x0_80_0_0_2e43eedd9992b06734fa955e116fb4b3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамла, ҳабс, пешакӣ, муттаҳамон, террористӣ, май, таъйин
ҳамла, ҳабс, пешакӣ, муттаҳамон, террористӣ, май, таъйин
Ҳабси пешакии муттаҳамон дар ҳамлаи террористӣ ба "Крокус Сити Холл" тамдид шуд
Муҳлати ҳабси пешакии муттаҳамон дар ҳамлаи террористӣ ба "Крокус Сути Холл", ки моҳи марти соли равон анҷом шуд, то 22 май таъйин гардида буд
ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Мӯҳлати боздошти омилони ҳамлаи террористӣ дар "Крокус Сити Холл" барои се моҳи дигар тамдид карда шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти додгоҳи Маскав хабар дода, афзуд, муҳлати ҳабс то 22 августи соли равон тамдид гардид.
Дар феҳрати муттаҳамоне, ки ҳабсашон тамдид шуд, аз ҷумла Файзов Муҳаммадсобир Зокирҷонович*, Далерҷон Мирзоев*, Раҷабализода Саидакрами Муродалӣ* ва Фаридуни Шамсиддин* қарор доранд.
Қаблан муҳлати ҳабси пешакии муттаҳамон то 22 майи соли равон буд. Онҳо бар асоси моддаи 205-и Кодекси ҷиноии Русия дар анҷоми амали террористӣ айбдор мешаванд.
Ҳамлаи террористӣ дар "Крокус Сити Холл"
Рӯзи 22 март дар толори консертии "Крокус Сити Холл", воқеъ дар шимолу ғарби Маскав тирпарронӣ рух дод. Чанд нафар ва бидуни ниқоб вориди бинои марказӣ шуданд. Онҳо ба рӯи одамон тирандозӣ карданд ва баъд аз он курсиҳои толорро оташ заданду инчунин норинҷакҳои оташзо партоб намуданд, ки боиси сӯхтори шадид ва қисман фурӯ рехтани бино гардид.
Тибқи маълумоти охирини Кумитаи тафтишоти Русия, дар натиҷаи ҳамлаи террористӣ дар Крокус беш аз 140 нафар кушта шудаанд, ки шаш нафари онҳо кӯдакон мебошанд.
Ҷинояткорон субҳи барвақти 23 март дар вилояти Брянск дар наздикии марз бо Украина боздошт шуданд. Ҳар чор нафар зодаи Тоҷикистон мебошанд. Баъдтар тафтишот муайян кард, ки пеш аз ҳамлаи хунин ду нафар аз ин террористҳо аз Истанбул боздид карданд.
Имкон дорад, раҳбари эҳтимолии ин гурӯҳ бо доираҳои тундгаро дар Туркия робита дошта бошанд. Тибқи як фарзия дигар, маҳз дар он ҷо яке аз онҳо барои анҷоми ҳамлаи террористӣ омӯзиши зарурӣ гирифтааст.
Дар маҷмӯъ, дар робита ба ҳамлаи террористӣ дар Крокус 12 гумонбар боздошт шудааст. Ҳамаи онҳо ба рӯйхати террористони Росфинмониторинг шомил шудаанд. Чанд нафари дигар бо гумони даст доштан дар ин ҳодиса низ боздошт шудаанд.
Раисҷумҳури Русия, Владимир Путин, зимни муроҷиати худ ба шаҳрвандон қайд кард, ки баъд аз ҳамлаи террористӣ ҷинояткорон ба самти Украина ҳаракат мекарданд, ки дар он ҷо барои онҳо як "долон"-и вижа омода карда шуда буд. Вай таъкид кард, ки ҳеҷ яке аз ширкаткунандагон набояд аз ҷазои одилона раҳо ёбад.
Путин таваҷҷуҳро ба он ҷалб кард, ки дар паси ҳамлаҳои террористӣ дар манотиқи мухталифи ҷаҳон "на танҳо гурӯҳҳои тундгаро, балки хадамотҳои вижаи баъзе аз кишварҳо низ даст доранд". Мақсади онҳо вайрон кардани асосҳои конститутсионӣ ва ноором кардани давлатҳои соҳибихтиёр, инчунин барангехтани кинаю адоват байни миллатҳо ва динҳо аст, гуфт ӯ.
*-дар феҳрасти афроди алоқаманд ба терроризму экстремизми Росфинмониторинг қарор дорад.