Коршинос: Шахсияти Раисӣ барои равобити Тоҷикистону Эрон хеле муҳим буд
18:19 22.05.2024 (Навсозишуда: 19:44 22.05.2024)
© Sputnik / Григорий Сысоев / Гузариш ба медиабонкВстреча президента Ирана Э. Раиси с представителями Духовного управления мусульман РФ. Архивное фото
© Sputnik / Григорий Сысоев
/ Обуна шудан
Эксклюзив
Ба эътиқоди коршинос, Тоҷикистон ба далели муштаракоти таърихӣ, забонӣ ва фарҳангӣ дар сиёсати хориҷии Эрон мавқеи вижаеро ишғол мекунад
ДУШАНБЕ, 22 май — Sputnik. Даргузашти раисиҷумҳури Эрон Иброҳим Раисӣ ба равобити ояндаи Тоҷикистону Эрон таъсири зиёд нахоҳад гузошт.
Ин андешаро ба Sputnik Тоҷикистон сиёсатшинос ва эроншинос Қосимшоҳи Бекмуҳаммад баён кард.
"Агар мушахассан аз равобити Тоҷикистону Эрон суҳбат кунем, омили шахсиятии Саидиброҳими Раисӣ муҳим буд, илова бар он раиси ҷумҳури марҳуми Эрон аз ҷиноҳи усулгароён намояндагӣ мекард, ки барои он таъомулу ҳамкорӣ бо кишварҳои мусалмон, ҳамсоя ва минтақа аз аҳамияти зиёде бархурдор аст", - афзуд ӯ.
Ба эътиқоди коршинос, раиси ҷумҳури нави Эрон ҳам аз усулгароён хоҳад буд, зеро дар ҳоли ҳозир ислоҳталабон, аз як сӯ, маҳбубияти қаблии худро аз даст додаанд ва аз сӯи дигар, дар фурсати камтар аз ду моҳе, ки барои интихобот боқӣ мондааст, имкони омодагии лозим барои рақобатро надоранд.
Дар ҳар сурат Тоҷикистон ба далели пешинаи таърихӣ, забону фарҳанг ва ифтихороти муштарак дар сиёсати хориҷии Эрон аз ҷойгоҳи бартар бархурдор аст.
Бекмуҳаммад тавзеҳ дод, равобити наздик ва ҳусни эътимод бо Тоҷикистон ҳамзамон тазминкунандаи нигоҳи мусбати кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ ба Эрон аст, ки ин нуктаи муҳимро марҳилаи сардии муносибатҳои дуҷонибаи Теҳрону Душанбе собит кард.
"Нақши шахсии раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ташвиқи ҳамтоёни худ дар минтақа барои ҳамкорӣ бо Эрон, ҳимоят аз барномаи сулҳомези ҳастаии он ва узвият дар СҲШ ғайри қобили инкор аст", - мегӯяд сиёсатшинос.
Ба таъкиди ӯ, барқарории комили эътимоди мутақобили сиёсӣ ва бозгашт ба сатҳи қаблии равобит дар арсаҳои гуногун, аз ҷумла иқтисодӣ, тиҷорӣ, илмӣ, омӯзишӣ, фанноварӣ ва ғайра аз ниёзҳои рӯзи ҳамкориҳои дуҷониба мебошад.
"Умед аст, ки ин масир аз сӯи раиси ҷумҳури нави Эрон дунбол хоҳад шуд", хулоса кард коршинос.
Ёдовар мешавем, раисҷумҳури Эрон, Иброҳим Раисӣ рӯзи 19 май ҳамроҳ бо як гуруҳ мақомдорони баландпоя бар асари суқути чархбол дар минтақаи кӯҳӣ дар марз бо Озарбойҷон ҷон дод.
Ёдовар мешавем, раисҷумҳури Эрон, Иброҳим Раисӣ рӯзи 19 май ҳамроҳ бо як гуруҳ мақомдорони баландпоя бар асари суқути чархбол дар минтақаи кӯҳӣ дар марз бо Озарбойҷон ҷон дод.
Чархбол дар ҳоле суқут кардаст, ки Раисӣ аз вилояти Озарбойҷони шарқии Эрон парвоз мекард, ки дар он ҷо ҳамроҳ бо раисиҷумҳури Озарбойҷон, Илҳом Алиев дар маросими ифтитоҳи сарбанд ширкат дошт.
Ба ҷуз аз раҳбари Эрону халабонҳо дар чархбол ҳамчунин Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён - вазири хориҷаи Эрон, Малик Раҳматӣ - ҳокими Озарбойҷони Шарқӣ ва Муҳаммад Алӣ Ҳошим - имоми вилояти Табрез қарор доштаанд. Дар умум чархбол 8 мусофир дошт.