https://sputnik.tj/20240521/lavrov-muhriddin-munosiboti-maskav-dushanbe-1062916755.html
Лаврову Муҳриддин муносиботи Маскаву Душанберо баҳо доданд
Лаврову Муҳриддин муносиботи Маскаву Душанберо баҳо доданд
Sputnik Тоҷикистон
Пайвастагӣ миёни Маскаву Душанбе фароҳам аст, гоҳо масъалаҳое ба миён меоянд, ки бояд ҳал шаванд, аммо масири асосӣ тағйир нахоҳад ёфт, гуфт Сергей Лавров
2024-05-21T18:17+0500
2024-05-21T18:17+0500
2024-05-21T18:17+0500
дар тоҷикистон
дар русия
сергей лавров
сироҷиддин муҳриддин
мулоқот
остона
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/05/15/1062915643_0:0:952:537_1920x0_80_0_0_166536ba096b1ff2eee36933c65304c9.jpg
ДУШАНБЕ, 21 май – Sputnik. Тоҷикистон аз динамикаи равобит бо Русия, аз ҷумла ҳамкориҳои иқтисодӣ изҳори қаноатмандӣ кард. Ба ин нукта вазири корҳоши хориҷии Тоҷикистон, Сироҷиддин Муҳриддин дар мулоқот бо ҳамтои русиягияш, Сергей Лавров таъкид намуда, аз равнақи равобити иқтисодии ду кишвар истиқбол намуд. Мулоқоти Муҳриддину Лавров дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар Остона баргузор шуд. Вай аз тахкими ҳамкориҳои гуманитарӣ низ зикр намуда, афзуд, ки чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ низ татбиқ мегарданд. Сергей Лавров дар оғози мулоқот гуфт, ки ҷониби Русия ба ташкили сафари раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав дар рӯзҳои 8-9 май баҳои баланд дод. Вай ҳамчунин ба Муҳриддин барои табрикоти гармаш ба муносибати дубора ба мақом таъйин шуданаш изҳори сипос кард. "Ин ба мо ва умуман раҳбарони мо дар рушди муносибатҳо пайвастагӣ фароҳам меорад, албатта, баъзе масъалаҳое ба миён меоянд, ки бояд ҳал шаванд - мо имрӯз дар ин бора бо шумо сӯҳбат хоҳем кард, аммо ман боварӣ дорам, ки масири асосӣ тағйир нахоҳад ёфт", - таъкид кард Лавров. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар навбати худ Лавровро бори дигар ба муносибати таъйин шуданаш табрик гуфта, ба ӯ комёбиҳои нав таманно намуд.
https://sputnik.tj/20240521/sodiroti-mevai-tar-sughd-rusiya-1062912026.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/05/15/1062915643_82:0:927:634_1920x0_80_0_0_240a570820afde8b102a34ed79322436.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
мулоқот, ҳамкорӣ, таҳким, муносибот, ҳамкорӣ, лавров, муҳриддин
мулоқот, ҳамкорӣ, таҳким, муносибот, ҳамкорӣ, лавров, муҳриддин
Лаврову Муҳриддин муносиботи Маскаву Душанберо баҳо доданд
Пайвастагӣ миёни Маскаву Душанбе фароҳам аст, гоҳо масъалаҳое ба миён меоянд, ки бояд ҳал шаванд, аммо масири асосӣ тағйир нахоҳад ёфт, гуфт Сергей Лавров
ДУШАНБЕ, 21 май – Sputnik. Тоҷикистон аз динамикаи равобит бо Русия, аз ҷумла ҳамкориҳои иқтисодӣ изҳори қаноатмандӣ кард.
Ба ин нукта вазири корҳоши хориҷии Тоҷикистон, Сироҷиддин Муҳриддин дар мулоқот бо ҳамтои русиягияш, Сергей Лавров таъкид намуда, аз равнақи равобити иқтисодии ду кишвар истиқбол намуд.
Мулоқоти Муҳриддину Лавров дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар Остона баргузор шуд.
"Гардиши коло миёни Тоҷикистону Русия бад нест. Соли гузашта он афзоиши устуворро нишон дод ва тақрибан 2 миллиард долларро ташкил дод", - гуфт Муҳриддин.
Вай аз тахкими ҳамкориҳои гуманитарӣ низ зикр намуда, афзуд, ки чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ низ татбиқ мегарданд.
Сергей Лавров дар оғози мулоқот гуфт, ки ҷониби Русия ба ташкили сафари раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав дар рӯзҳои 8-9 май баҳои баланд дод.
Вай ҳамчунин ба Муҳриддин барои табрикоти гармаш ба муносибати дубора ба мақом таъйин шуданаш изҳори сипос кард.
"Ин ба мо ва умуман раҳбарони мо дар рушди муносибатҳо пайвастагӣ фароҳам меорад, албатта, баъзе масъалаҳое ба миён меоянд, ки бояд ҳал шаванд - мо имрӯз дар ин бора бо шумо сӯҳбат хоҳем кард, аммо ман боварӣ дорам, ки масири асосӣ тағйир нахоҳад ёфт", - таъкид кард Лавров.
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар навбати худ Лавровро бори дигар ба муносибати таъйин шуданаш табрик гуфта, ба ӯ комёбиҳои нав таманно намуд.