Сабаби фурӯди сахти чархболи Раисӣ маълум шуд

© AFP 2023 / AZIN HAGHIGHIКрушение вертолета президента Ирана Ибрахима Раиси
Крушение вертолета президента Ирана Ибрахима Раиси  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.05.2024
Обуна шудан
Сафири Эрон дар Белорус яке аз сабабҳои аввалияи суқути маргбори чархболи раисҷумҳури ҶИЭ ва ҳамроҳонашро баён дошта, аз сиёсати минбаъдаи Теҳрон гуфт
ДУШАНБЕ, 20 май — Sputnik. Фурӯди сахти чархболи Иброҳим Раиси, раисиҷумҳури Эрон, рӯзи 19 май ба далели шароити номусоиди ҳаво будааст.
Дар ин бора сафири Эрон дар Белорус, Алиризо Саноӣ ба хабарнигорон иттилоъ додаст.
Ҳалокати Иброҳим Раисӣ, раиси ҷумҳури Эрон боиси тағйири равобити Теҳрон бо кишварҳои дигар нахоҳад шуд ва масири пешина идома хоҳад ёфт, афзуд сафир.
Дар ҳамин ҳол дар худи Эрон мулоқоти роҳбарони шохаҳои ҳокимияти давлатӣ баргузор шуда, ҳамаашон омодагиро барои ҳамкорӣ бо иҷрокунандаи вазифаи раисҷумҳур, Муҳаммад Мухбир баён доштаанд.
Президент Владимир Путин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.05.2024
Паёми таслияти Путин дар робита ба марги Раисӣ
"Дар ҷаласаи фаврии роҳбарони се шохаи ҳукумат, ки аз ҷониби ноиби аввали президент Муҳаммад Мухбир ташкил карда шуд, таъкид шуд, ки минбаъд низ хидмат ба ҳукумати халқро идома додан зарур аст", - гузориш доданд расонаҳои Эрон.
Теҳрон ахиран расман таъйид кард, ки Раисӣ ҳамроҳ бо як гуруҳ мақомдорони баландпоя бар асари суқути чархбол дар минтақаи кӯҳӣ дар марз бо Озарбойҷон ҷон додааст.
Ба ғайр аз президенту халабонҳо дар чархбол ҳамчунин Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён - вазири хориҷаи Эрон, Малик Раҳматӣ - ҳокими Озарбойҷони Шарқӣ ва Муҳаммад Алӣ Ҳошим - имоми вилояти Табрез қарор доштаанд.
Лентаи хабарҳо
0