https://sputnik.tj/20240520/payomi-tasliyati-putin-robita-marg-raisi-1062890565.html
Паёми таслияти Путин дар робита ба марги Раисӣ
Паёми таслияти Путин дар робита ба марги Раисӣ
Sputnik Тоҷикистон
Раҳбари Русия ба хонавода ва наздикони раисиҷумҳури марҳум ва ҳамаи кушташудагон дар садамаи мудҳиш суханони ҳамдардӣ ва дастгирии самимиро баён дошт
2024-05-20T13:51+0500
2024-05-20T13:51+0500
2024-05-20T13:51+0500
дар русия
сиёсат
ҳамдардӣ
владимир путин
иброҳим раисӣ
даргузашт
ҳамсоя
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/05/14/1062889616_0:70:2928:1718_1920x0_80_0_0_20b7eb3396f79273e0aa47d8907f2bb8.jpg
ДУШАНБЕ, 20 май — Sputnik. Раисиҷумҳури Русия, Владимир Путин, ба мардуму роҳбарияти Эрон дар робита ба марги раисҷумҳур Иброҳим Раисӣ, паёми таслият фиристод. Ба иттилои Кремл, паёми ҳамдардӣ унвонии раҳбари олии Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Алӣ Хоманаӣ ирсол шудааст. "Лутфан, таслияти амиқи моро дар робита ба фоҷеаи азими омада ба сари мардуми Ҷумҳурии Исломии Эрон - суқути чархболе, ки ҷони раисиҷумҳур Иброҳим Раисӣ ва ҳамчунин як зумра ходимони барҷастаи кишвари шуморо рабуд, қабул кунед", - омадааст дар паём. Путин таъкид кард, ки хотираи неки раҳбари Эронро то абад ҳифз хоҳад кард. Вай зикр намуд, ки борҳо бо Раисӣ вохӯрдааст. Раҳбари Русия ба хонавода ва наздикони раисиҷумҳури марҳум ва ҳамаи кушташудагон ҳамдардии худро расонд. "Ба тамоми мардуми Эрон дар баробари чунин талафоти сангин ва ҷуброннашаванда сабр орзумандам. Раисӣ як сиёсатмадори барҷастае буд, ки тамоми умри худро ба хидмат ба Ватан бахшидааст", - гуфт путин. Президент инчунин қайд кард, ки Раисӣ дар рушди муносибатҳои неки ҳамсоягӣ байни кишварҳо саҳми бебаҳои шахсӣ гузоштааст. Путин даргузашти раисиҷумҳури Эрон Раисиро фоҷеаи бузург барои мардуми Эрон хонд.
https://sputnik.tj/20240520/prezident-eron-hamrohonash-kushta-1062884321.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/05/14/1062889616_132:0:2549:1813_1920x0_80_0_0_263e545ef9419f9c5ae00337879d8ff2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамдардӣ, путин, раисҷумҳур, эрон, раисӣ
ҳамдардӣ, путин, раисҷумҳур, эрон, раисӣ
Паёми таслияти Путин дар робита ба марги Раисӣ
Раҳбари Русия ба хонавода ва наздикони раисиҷумҳури марҳум ва ҳамаи кушташудагон дар садамаи мудҳиш суханони ҳамдардӣ ва дастгирии самимиро баён дошт
ДУШАНБЕ, 20 май — Sputnik. Раисиҷумҳури Русия, Владимир Путин, ба мардуму роҳбарияти Эрон дар робита ба марги раисҷумҳур Иброҳим Раисӣ, паёми таслият фиристод.
Ба иттилои Кремл, паёми ҳамдардӣ унвонии раҳбари олии Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Алӣ Хоманаӣ ирсол шудааст.
"Лутфан, таслияти амиқи моро дар робита ба фоҷеаи азими омада ба сари мардуми Ҷумҳурии Исломии Эрон - суқути чархболе, ки ҷони раисиҷумҳур Иброҳим Раисӣ ва ҳамчунин як зумра ходимони барҷастаи кишвари шуморо рабуд, қабул кунед", - омадааст дар паём.
Путин таъкид кард, ки хотираи неки раҳбари Эронро то абад ҳифз хоҳад кард. Вай зикр намуд, ки борҳо бо Раисӣ вохӯрдааст.
Раҳбари Русия ба хонавода ва наздикони раисиҷумҳури марҳум ва ҳамаи кушташудагон ҳамдардии худро расонд.
"Ба тамоми мардуми Эрон дар баробари чунин талафоти сангин ва ҷуброннашаванда сабр орзумандам. Раисӣ як сиёсатмадори барҷастае буд, ки тамоми умри худро ба хидмат ба Ватан бахшидааст", - гуфт путин.
Президент инчунин қайд кард, ки Раисӣ дар рушди муносибатҳои неки ҳамсоягӣ байни кишварҳо саҳми бебаҳои шахсӣ гузоштааст. Путин даргузашти раисиҷумҳури Эрон Раисиро фоҷеаи бузург барои мардуми Эрон хонд.