https://sputnik.tj/20240520/prezident-eron-hamrohonash-kushta-1062884321.html
Президенти Эрон бо ҳамроҳонаш ба ҳалокат расидаст: Ҷояшро кӣ мегирад?
Президенти Эрон бо ҳамроҳонаш ба ҳалокат расидаст: Ҷояшро кӣ мегирад?
Sputnik Тоҷикистон
Бар асоси қонуни асосии Эрон дар сурати фавти президент ваколатҳояш ба муовини якум мегузаранд, ки солҳои охир дар ин мақом Муҳаммад Мухбир фаъолият дорад
2024-05-20T09:47+0500
2024-05-20T09:47+0500
2024-05-20T10:33+0500
эрон
дар ҷаҳон
сиёсат
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
иброҳим раисӣ
ҳалокат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0c/0b/1060841759_0:76:3071:1803_1920x0_80_0_0_6e8bdb9df21f28ec9da2616e321acf8f.jpg
ДУШАНБЕ, 20 май — Sputnik. Раисҷумҳури Эрон, Иброҳим Раисӣ ҳамроҳ бо як гуруҳ мақомдорони баландпоя бар асари суқути чархбол дар минтақаи кӯҳӣ дар марз бо Озарбойҷон ҷон додааст. Дар ин бора раиси Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Эрон, Пир Ҳусейн Куливанд иттилоъ дода, ноиби раисҷумҳури ҶИЭ, Муҳсин Мансурӣ низ ин иттилоъро таъйид кардааст. Чархбол дар ҳоле суқут кардаст, ки Раисӣ аз вилояти Озарбойҷони шарқии Эрон парвоз мекард, ки дар он ҷо ҳамроҳ бо раисиҷумҳури Озарбойҷон, Илҳом Алиев дар маросими ифтитоҳи сарбанд ширкат дошт. Ба ҷуз аз раҳбари Эрону халабонҳо дар чархбол ҳамчунин Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён - вазири хориҷаи Эрон, Малик Раҳматӣ - ҳокими Озарбойҷони Шарқӣ ва Муҳаммад Алӣ Ҳошим - имоми вилояти Табрез қарор доштаанд. Дар умум гуфта мешавад, ки ҳадди ақал 8 нафар дар чархбол будаанд. Бар асоси қонуни асосии Эрон дар сурати фавти президент ваколатҳояш ба муовини якум мегузаранд, ки солҳои охир дар ин мақом Муҳаммад Мухбир фаъолият дорад. Раисӣ 14 декабри соли 1960 дар Машҳад дар оилаи руҳонӣ таваллуд шуда, аз соли 1980 дар хидмати давлатӣ қарор доштааст. Дар мақомҳои додситону додрас фаъолият кардааст. Вай дар соли 2014 додситони кулли Эрон таъйин шуд ва дар соли 2019 раҳбарии ниҳодҳои қазоии ин кишварро бар дӯш дошт. Раисӣ дар талоши дуввуми худ раисиҷумҳури Эрон шуд. Соли 2017 ӯ дар интихоботи президентӣ аз Ҳасани Рӯҳонӣ шикаст хӯрд, аммо соли 2021 бо гирифтани аксари оро президенти Эрон интихоб шуда буд.
https://sputnik.tj/20240107/eron-hamla-terroristi-kirmon-dastgir-1061189823.html
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0c/0b/1060841759_256:0:2987:2048_1920x0_80_0_0_1c54d55ff1df103f3d52add446cffbb9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳалокат, суқут, чархбол, иброҳим раисӣ
ҳалокат, суқут, чархбол, иброҳим раисӣ
Президенти Эрон бо ҳамроҳонаш ба ҳалокат расидаст: Ҷояшро кӣ мегирад?
09:47 20.05.2024 (Навсозишуда: 10:33 20.05.2024) Бар асоси қонуни асосии Эрон дар сурати фавти президент ваколатҳояш ба муовини якум мегузаранд, ки солҳои охир дар ин мақом Муҳаммад Мухбир фаъолият дорад
ДУШАНБЕ, 20 май — Sputnik. Раисҷумҳури Эрон, Иброҳим Раисӣ ҳамроҳ бо як гуруҳ мақомдорони баландпоя бар асари суқути чархбол дар минтақаи кӯҳӣ дар марз бо Озарбойҷон ҷон додааст.
Дар ин бора раиси Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Эрон, Пир Ҳусейн Куливанд иттилоъ дода, ноиби раисҷумҳури ҶИЭ, Муҳсин Мансурӣ низ ин иттилоъро таъйид кардааст.
Чархбол дар ҳоле суқут кардаст, ки Раисӣ аз вилояти Озарбойҷони шарқии Эрон парвоз мекард, ки дар он ҷо ҳамроҳ бо раисиҷумҳури Озарбойҷон, Илҳом Алиев дар маросими ифтитоҳи сарбанд ширкат дошт.
Ба ҷуз аз раҳбари Эрону халабонҳо дар чархбол ҳамчунин Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён - вазири хориҷаи Эрон, Малик Раҳматӣ - ҳокими Озарбойҷони Шарқӣ ва Муҳаммад Алӣ Ҳошим - имоми вилояти Табрез қарор доштаанд. Дар умум гуфта мешавад, ки ҳадди ақал 8 нафар дар чархбол будаанд.
Бар асоси қонуни асосии Эрон дар сурати фавти президент ваколатҳояш ба муовини якум мегузаранд, ки солҳои охир дар ин мақом Муҳаммад Мухбир фаъолият дорад.
Раисӣ 14 декабри соли 1960 дар Машҳад дар оилаи руҳонӣ таваллуд шуда, аз соли 1980 дар хидмати давлатӣ қарор доштааст. Дар мақомҳои додситону додрас фаъолият кардааст.
Вай дар соли 2014 додситони кулли Эрон таъйин шуд ва дар соли 2019 раҳбарии ниҳодҳои қазоии ин кишварро бар дӯш дошт.
Раисӣ дар талоши дуввуми худ раисиҷумҳури Эрон шуд. Соли 2017 ӯ дар интихоботи президентӣ аз Ҳасани Рӯҳонӣ шикаст хӯрд, аммо соли 2021 бо гирифтани аксари оро президенти Эрон интихоб шуда буд.