https://sputnik.tj/20240520/muhlat-vakolat-prezidenti-zelenskiy-anjom-1062888082.html
Муҳлати ваколатҳои президентии Зеленский ба анҷом расиданд
Муҳлати ваколатҳои президентии Зеленский ба анҷом расиданд
Sputnik Тоҷикистон
Интихоботи раёсатҷумҳурии Украина бояд марти соли равон ва маросими савгандёдкунии раиси ҷумҳури тозаинтихоб дар моҳи май баргузор мешуд, ки амалӣ нагардид
2024-05-20T12:08+0500
2024-05-20T12:08+0500
2024-05-20T12:08+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
дар ҷаҳон
украина
амалиёт
владимир зеленский
президент
муҳлат
интихобот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/1e/1058000129_0:20:3072:1748_1920x0_80_0_0_6715f014ea68b55a3d9f0a2fe9d8014c.jpg
ДУШАНБЕ, 20 май — Sputnik. Мӯҳлати ваколатҳои президентии Владимир Зеленский рӯзи 20 май ба поён расид ва аз ҳамин рӯз ӯ аз мақоми президенти қонунии Украина маҳрум шуд.Интихоботи раёсатҷумҳурии Украина бояд 31 марти соли 2024 ва маросими савгандёдкунии раиси ҷумҳури тозаинтихоб дар моҳи май баргузор мешуд.Аммо интихобот бо баҳонаи вазъияти ҳарбӣ ва сафарбаркунии умумӣ лағв карда шуд. Зеленский изҳор дошт, ки барои интихобот ҳоло "вақти мувофиқ нест" ва таъкид кард, ки ин масъала бояд мутаваққиф карда шавад.Ба гуфтаи котиби матбуотии раисиҷумҳури Русия Дмитрий Песков, Кремл вазъро дар робита ба поёни мӯҳлати раёсати Зеленский дар моҳи май таҳлил хоҳад кард, то мавқеъашро эълон кунад.Ахиран рӯзномаи амрикоии The Washington Post навишт, ки Владимир Зеленский метавонад пас аз ба итмом расидани мӯҳлати ваколаташ ба поймол кардани демократия дар Украина муттаҳам шавад.Худи президенти Русия, Владимир Путин гуфт, ба саволи қонунӣ будани раёсати Владимир Зеленский пас аз 20 май бояд низоми сиёсӣ ва ҳуқуқии Украина, аз ҷумла Додгоҳи конститутсионӣ посух диҳад.Барои Русия масъалаи қонунӣ будани Зеленский муҳим аст, ҳуҷҷатҳои тақдирсоз бояд бо мақомоти қонунӣ имзо карда шаванд, таъкид кард ӯ.
https://sputnik.tj/20240517/niyati-giriftani-kharkov-putin-vaz-durnamo-ukraina-1062864328.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/1e/1058000129_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_69d2ad21a1bfda25d758084e8eccdf3e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
анҷом, муҳлат, президентӣ, украина, владимир зеленский
анҷом, муҳлат, президентӣ, украина, владимир зеленский
Муҳлати ваколатҳои президентии Зеленский ба анҷом расиданд
Интихоботи раёсатҷумҳурии Украина бояд марти соли равон ва маросими савгандёдкунии раиси ҷумҳури тозаинтихоб дар моҳи май баргузор мешуд, ки амалӣ нагардид
ДУШАНБЕ, 20 май — Sputnik. Мӯҳлати ваколатҳои президентии Владимир Зеленский рӯзи 20 май ба поён расид ва аз ҳамин рӯз ӯ аз мақоми президенти қонунии Украина маҳрум шуд.
Интихоботи раёсатҷумҳурии Украина бояд 31 марти соли 2024 ва маросими савгандёдкунии раиси ҷумҳури тозаинтихоб дар моҳи май баргузор мешуд.
Аммо интихобот бо баҳонаи вазъияти ҳарбӣ ва сафарбаркунии умумӣ лағв карда шуд.
Зеленский изҳор дошт, ки барои интихобот ҳоло "вақти мувофиқ нест" ва таъкид кард, ки ин масъала бояд мутаваққиф карда шавад.
Ба гуфтаи котиби матбуотии раисиҷумҳури Русия Дмитрий Песков, Кремл вазъро дар робита ба поёни мӯҳлати раёсати Зеленский дар моҳи май таҳлил хоҳад кард, то мавқеъашро эълон кунад.
Ахиран рӯзномаи амрикоии The Washington Post навишт, ки Владимир Зеленский метавонад пас аз ба итмом расидани мӯҳлати ваколаташ ба поймол кардани демократия дар Украина муттаҳам шавад.
Худи президенти Русия, Владимир Путин гуфт, ба саволи қонунӣ будани раёсати Владимир Зеленский пас аз 20 май бояд низоми сиёсӣ ва ҳуқуқии Украина, аз ҷумла Додгоҳи конститутсионӣ посух диҳад.
Барои Русия масъалаи қонунӣ будани Зеленский муҳим аст, ҳуҷҷатҳои тақдирсоз бояд бо мақомоти қонунӣ имзо карда шаванд, таъкид кард ӯ.