https://sputnik.tj/20240519/vakilon-mardumi-nazorati-pul-davlat-tojikiston-1062876630.html
Вакилони мардумӣ назорати истифодаи пули давлатро дар Тоҷикистон пурзӯр карданиянд
Вакилони мардумӣ назорати истифодаи пули давлатро дар Тоҷикистон пурзӯр карданиянд
Sputnik Тоҷикистон
Таҳкими назорати истифодаи самаранокии пули давлатӣ дар ҳамкорӣ бо Палатаи ҳисоби Тоҷикистон дар назар аст, ки олитарин ниҳоди бахш мебошад
2024-05-19T11:32+0500
2024-05-19T11:32+0500
2024-05-19T11:32+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
буҷа
таҳким
назорат
пул
давлатӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0c/04/1060718810_0:160:3074:1889_1920x0_80_0_0_52894f3fc357f4a0727057cf6b2e4b3d.jpg
ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Назорати истифодаи мақсаднок ва самараноки воситаҳои буҷетӣ мавзуи меҳварии машварати вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ва Палатаи ҳисоби кишвар буд. Ба иттилои дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагон, дар кори машварат намояндагони Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд."Дар машварат ба масъалаи назорати истифодаи мақсаднок ва самараноки воситаҳои буҷетӣ, баланд бардоштани нақши Палатаи ҳисоби Тоҷикистон дар ин самт баррасӣ гардид", - омадааст дар иттилоия. Таъкид шуд, ки дар ин бахш ҳамкории Маҷлиси намояндагон бо Палатаи ҳисоби ҷумҳурӣ тақвият дода шавад. Маврид ба зикр аст, ки хароҷоти буҷаи давлатӣ дар Тоҷикистон асосан ба бахши иҷтимоӣ равона шудааст, ки соли равон қариби 19 млрд сомонӣ ё 43%-и ҳаҷми умумии буҷаро ташкил медиҳад. Қаблан парлумон даромади буҷаи Тоҷикистон барои соли 2024-ро 43 млрд сомонӣ тасдиқ кард, ки нисбати нақшаи соли равон қариби 6 млрд сомонӣ зиёд мебошад. Хароҷоти буҷа дар ҳаҷми 44,1 млрд сомонӣ бо афзоиши 6 млрд сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.Тоҷикистон хароҷот барои бахши маориф дар соли 2024-ро ба андозаи 1 млрд сомонӣ зиёд карда, ба 8,2 млрд сомонӣ пешбинӣ намудаст. Соҳаи тандурустӣ низ яке самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат боқӣ монда, хароҷоти бахш дар соли оянда қариби 3,5 млрд сомонӣ пешбинӣ гардидаст.Дар умум хароҷоти Тоҷикистон аз дахлаш дар соли ҷорӣ 1 млрд бештар пешбинӣ шудааст.
https://sputnik.tj/20240225/vakil-parlumon-tavajjuh-muhojironi-tojikistoni-1061834787.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0c/04/1060718810_172:0:2903:2048_1920x0_80_0_0_f3bcf46d96070b419ba79d922b7ae940.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
назорат, пул, давлат, тоҷикистон, таҳким
назорат, пул, давлат, тоҷикистон, таҳким
Вакилони мардумӣ назорати истифодаи пули давлатро дар Тоҷикистон пурзӯр карданиянд
Таҳкими назорати истифодаи самаранокии пули давлатӣ дар ҳамкорӣ бо Палатаи ҳисоби Тоҷикистон дар назар аст, ки олитарин ниҳоди бахш мебошад
ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Назорати истифодаи мақсаднок ва самараноки воситаҳои буҷетӣ мавзуи меҳварии машварати вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ва Палатаи ҳисоби кишвар буд.
Ба иттилои дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагон, дар кори машварат намояндагони Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
"Дар машварат ба масъалаи назорати истифодаи мақсаднок ва самараноки воситаҳои буҷетӣ, баланд бардоштани нақши Палатаи ҳисоби Тоҷикистон дар ин самт баррасӣ гардид", - омадааст дар иттилоия.
Таъкид шуд, ки дар ин бахш ҳамкории Маҷлиси намояндагон бо Палатаи ҳисоби ҷумҳурӣ тақвият дода шавад.
Маврид ба зикр аст, ки хароҷоти буҷаи давлатӣ дар Тоҷикистон асосан ба бахши иҷтимоӣ равона шудааст, ки соли равон қариби 19 млрд сомонӣ ё 43%-и ҳаҷми умумии буҷаро ташкил медиҳад.
Қаблан парлумон даромади буҷаи Тоҷикистон барои соли 2024-ро 43 млрд сомонӣ тасдиқ кард, ки нисбати нақшаи соли равон қариби 6 млрд сомонӣ зиёд мебошад. Хароҷоти буҷа дар ҳаҷми 44,1 млрд сомонӣ бо афзоиши 6 млрд сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.
Тоҷикистон хароҷот барои бахши маориф дар соли 2024-ро ба андозаи 1 млрд сомонӣ зиёд карда, ба 8,2 млрд сомонӣ пешбинӣ намудаст. Соҳаи тандурустӣ низ яке самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат боқӣ монда, хароҷоти бахш дар соли оянда қариби 3,5 млрд сомонӣ пешбинӣ гардидаст.
Дар умум хароҷоти Тоҷикистон аз дахлаш дар соли ҷорӣ 1 млрд бештар пешбинӣ шудааст.