Вазири корҳои хориҷаи Чинр озими Душанбе шуд

© FotoГлава МИД Китая Ван И прибыл в Таджикистан
Глава МИД Китая Ван И прибыл в Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.05.2024
Обуна шудан
Вазири хориҷаи Чин аз соли 2021 барои севвумин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафар мекунад.
ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Чин Ван И бо як сафари расмӣ вориди Тоҷикистон шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти раиси ҷумҳури кишвар хабар додааст.
Дар назар аст, ки дар чаҳорчӯби ин сафар мулоқоти Ван И бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон баргузор гардад, гуфт вазорати умури хориҷии кишвар.
Музокироти дуҷонибаи вазирони хориҷаи ду кишвар Сироҷиддин Муҳриддин ва Ванг И низ бояд сурат бигирад.
Дар натиҷаи музокирот барномаи ҳамкорӣ байни вазоратҳои дипломатӣ барои солҳои 2024-2025 ба имзо хоҳад расид, иттилоъ додааст, ВУХ.
Министерство иностранных дел Таджикистана в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.05.2024
Аз Чин то Фаластин: Тоҷикистон якбора низоми раводид бо беш аз 40 давлатро бекор кард
Ёдовар мешавем, ки ин сеюмин сафари Ван И ба Тоҷикистон мебошад.
Аввалин сафар дар соли 2021 ва бори дуввум соли 2022 сурат гирифта буд. Сироҷиддин Муҳриддин соли 2023 дар чаҳорчӯби нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ - Чин бо як сафари расмӣ ба Чин сафар карда буд.
Лентаи хабарҳо
0