Аз Чин то Фаластин: Тоҷикистон якбора низоми раводид бо беш аз 40 давлатро бекор кард

© Sputnik / Павел Бедняков / Гузариш ба медиабонкМинистерство иностранных дел Таджикистана в Душанбе
Министерство иностранных дел Таджикистана в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.05.2024
Обуна шудан
Лағви низоми раводид бо 25 кишвари дунё ба муҳлати беш аз 30 рӯз ва 16 давлат ба муҳлати то 14 рӯз аз оғози моҳи май мавриди амал қарор гирифт
ДУШАНБЕ, 1 май — Sputnik. Нисбати шаҳрвандони 25 кишвар низоми бераводиди яктарафаи вуруду будубош дар Тоҷикистон ба муҳлати 30 рӯз ҷорӣ карда шудааст.
Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки қарори мазкур аз 1 май мавриди амал қарор мегирад.
Дар феҳраст аз ҷумла Андорра, Баҳамас, Босния ва Гертсеговина, Бразилия, Булғористон, Коста Рика, Кипр, Ирландия, Малта, Ҷазираҳои Маршал, Мексика, Муғулистон, Черногория, Умон, Руминия, Федератсияи Сент-Китс ва Невис, Сент-Люсия, Сан-Марино, Сербия, Словакия, Словения, Сулаймон, Сент-Винсент ва Гренадинӣ ва Вотикон зикр шудаанд.
Ин муқаррарот нисбати давлати Фаластин низ ҷорӣ гардида, тавзеҳ дода шудаст, ки он танҳо барои дорандаҳои шиносномаҳои дипломатӣ ва хизматию махсус аз ин кишвар дахл дорад.
В Душанбе прошла ярмарка узбекских ремесленников - видео - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.04.2024
Дӯстӣ, оши палав, сайёҳӣ: ярмаркаи ҳунармандони узбек дар Душанбе - видео
Инчунин нисбат ба шаҳрвандони 16 давлат, ки синнашон аз 55 боло аст, низоми бераводид ба муҳлати 14 рӯз муқаррар гардидаст.
Ба ин рӯйхат Албания, Алҷазоир, Барбадос, Вануату, Чин, Иттиҳоди Доминика, Фиҷӣ, Лаос, Лубнон, Мадагаскар, Марокаш, Мақдунияи Шимолӣ, Никарагуа, Панама, Тунис ва Ветнам вориданд.
Ба қатори давлатҳое, ки шаҳрвандонашон метавонанд тариқи низоми содакардашуда раводиди Тоҷикистонро гиранд, 14 давлати дигар зам шудааст.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон таъкид намудаст, ки шаҳрвандони давлатҳои зикршуда агар ба муҳлати зиёда аз 14 ва ё 30 рӯз ба мақсади корӣ, таҳсил, истиқомати доимӣ ва ё дигар мақсади ғайрисайёҳӣ ворид мегарданд, уҳдадоранд қабл аз сафар ба Тоҷикистон раводиди ба мақсади будубош мувофиқро барасмият дароранд.
Лентаи хабарҳо
0