Палатаи савдо ва саноати Русия Тоҷикистонро макони хуб барои сармоягузорони рус донист

© Foto / Хадамоти матбуоти Шӯрои Федератсияи РусияФлаги на переговорах верхних палат парламентов России и Таджикистана
Флаги на переговорах верхних палат парламентов России и Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.05.2024
Обуна шудан
Дар Тоҷикистон барои рушди соҳибкорӣ тамоми имконот мавҷуд аст, гуфт Владимир Падалко, муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Русия.
ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik. Тоҷикистон ба як маркази ширкатҳои Русия табдил ёфтааст, ки мехоҳанд ба бозори кишварҳои Осиёи Марказӣ роҳ ёбанд.
Дар ин бора ноиби раиси Палатаи савдо ва саноати Русия Владимир Падалко зимни ҷаласаи Шӯрои соҳибкорони Русияву Тоҷикистон дар форуми байналмилалии иқтисодии KazanForum-2024 изҳор дошт.
Вай кайд кард, ки дар ҷумҳурӣ барои рушди соҳибкорӣ тамоми имкониятҳо мавҷуданд.
"Мо бо Тоҷикистон ҳамчун як давлате муносибат намекунем, ки дар иҳотаи кӯҳҳо қарор дорад ва танҳо як роҳ ба Афғонистон дорад. Мо боварӣ дорем, ки ин аллакай як маркази хубест, ки метавон барои роҳ ёфтан ба бозори Узбекистон истифода шавад. Агар ба самти Чин нигоҳ кунем - зерсохтор аллакай барои роҳ ётан ба ин бозор омода аст", - гуфт Падалко.
Муовини раиси Палатаи савдо ва саноат Тоҷикистонро шарики стратегӣ дар тамоми равобити геополитикӣ ва геоиқтисодӣ номид.
Флаги России и Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.05.2024
Ҳаҷми ҳисоббаробаркуниҳои мутақобила бо пули миллӣ миёни Русия ва Тоҷикистон ба 80% расид
Вай таъкид кард, ки вазифаи Шӯро ҳарчи бештар наздик кардани манфиатҳои Русия ва Тоҷикистон аст.
Ёдовар мешавем, ки аз 14 то 19 май дар Намоишгоҳи ЭКСПО-и шаҳри Қазон форуми байналмилалии иқтисодии “Русия - Ҷаҳони Ислом: KazanForum 2024” баргузор мегардад. Барнома 120 барномаҳои гуногунро бо иштироки коршиносони Русия ва хориҷӣ дар бар мегирад.
Бо фармони президенти Русия Владимир Путин ин чорабинӣ соли 2023 мақоми федералӣ гирифт. Кумитаи тадорукотро муовини сарвазири Русия Марат Хуснуллин раҳбарӣ мекунад.
Лентаи хабарҳо
0