https://sputnik.tj/20240514/hajm-hisobbarobarkuni-pul-mill-rusiya-tojikiston-1062836345.html
Ҳаҷми ҳисоббаробаркуниҳои мутақобила бо пули миллӣ миёни Русия ва Тоҷикистон ба 80% расид
Ҳаҷми ҳисоббаробаркуниҳои мутақобила бо пули миллӣ миёни Русия ва Тоҷикистон ба 80% расид
Sputnik Тоҷикистон
Муовини вазири корҳои хориҷии Русия қайд кард, ки Русия ҳамкориашро бо Осиёи Марказӣ ба ҳамкориҳои пайваста дар соҳаи тиҷорату иқтисод равона кардааст 14.05.2024, Sputnik Тоҷикистон
2024-05-14T15:59+0500
2024-05-14T15:59+0500
2024-05-14T19:59+0500
русия
дар тоҷикистон
иқтисод
осиёи марказӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102236/30/1022363063_0:136:2500:1542_1920x0_80_0_0_5ab3e8def6b32b43c8136b3565d0aaf0.jpg
ДУШАНБЕ, 14 май — Sputnik. Ҳаҷми ҳисоббаробаркуниҳои мутақобила бо пули миллӣ миёни Русия ва Тоҷикистон ба 80% расид. Дар ин бора муовини сардори Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия Михаил Галузин дар ифтитоҳи Конфронси IV дар Осиёи Марказӣ дар Клуби мубоҳисавии байналмилалии "Валдай" изҳор дошт. Тибқи маълумоти пешниҳодкардаи ӯ, ҳаҷми умумии гардиши мол дар соли 2023 аз $44 млрд гузашт."Ин асосан тавассути гузариш ба ҳисоббаробаркуниҳои мутақобила бо асъори миллӣ ба даст меояд", - шарҳ дод дипломат.Галузин қайд кард, ки то имрӯз ҳаҷми ҳисобаробаркуниҳои мутақобила бо Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон мутаносибан ба 80% расид.Дар ҳоле, ки бо Ӯзбекистон ин рақам ба 55% ва бо Туркманистон 24% ташкил медиҳад.Дар ҳамин ҳол, Галузин таъкид намуд, ки сармояи Русия беш аз 600 ҳазор нафарро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ бо кор таъмин мекунад. "Набудани монеаҳои раводид, мавҷудияти чаҳорчӯби махсуси меъёрии ҳуқуқӣ ва густариши забони русӣ дар минтақа бозори кори Русияро тақрибан бидуни алтернатива месозад", - изҳор дошт муовини сардори Вазорати корҳои хориҷии Русия.Дипломат гуфт, ки Русия ҳадаф дорад бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар заминаи ҳамкориҳои пайваста дар арсаи тиҷорату иқтисод ҳамкорӣ кунад.
https://sputnik.tj/20240512/rohbaron-maqomoti-muhojirati-idm-dushanbe-1062818988.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102236/30/1022363063_226:0:2449:1667_1920x0_80_0_0_b4f82b7ca0ccb7136113ab6ac82831c7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, дар тоҷикистон, иқтисод, осиёи марказӣ
русия, дар тоҷикистон, иқтисод, осиёи марказӣ
Ҳаҷми ҳисоббаробаркуниҳои мутақобила бо пули миллӣ миёни Русия ва Тоҷикистон ба 80% расид
15:59 14.05.2024 (Навсозишуда: 19:59 14.05.2024) Муовини вазири корҳои хориҷии Русия қайд кард, ки Русия ҳамкориашро бо Осиёи Марказӣ ба ҳамкориҳои пайваста дар соҳаи тиҷорату иқтисод равона кардааст
ДУШАНБЕ, 14 май — Sputnik. Ҳаҷми ҳисоббаробаркуниҳои мутақобила бо пули миллӣ миёни Русия ва Тоҷикистон ба 80% расид.
Дар ин бора муовини сардори Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия Михаил Галузин дар ифтитоҳи Конфронси IV дар Осиёи Марказӣ дар Клуби мубоҳисавии байналмилалии "Валдай" изҳор дошт.
"Русия шарики боэътимод ва калидии тиҷоративу иқтисодии минтақа аст, ки инро афзоиши пайвастаи гардиши мол тасдиқ мекунад", - таъкид кард ӯ.
Тибқи маълумоти пешниҳодкардаи ӯ, ҳаҷми умумии гардиши мол дар соли 2023 аз $44 млрд гузашт.
"Ин асосан тавассути гузариш ба ҳисоббаробаркуниҳои мутақобила бо асъори миллӣ ба даст меояд", - шарҳ дод дипломат.
Галузин қайд кард, ки то имрӯз ҳаҷми ҳисобаробаркуниҳои мутақобила бо Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон мутаносибан ба 80% расид.
Дар ҳоле, ки бо Ӯзбекистон ин рақам ба 55% ва бо Туркманистон 24% ташкил медиҳад.
Дар ҳамин ҳол, Галузин таъкид намуд, ки сармояи Русия беш аз 600 ҳазор нафарро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ бо кор таъмин мекунад.
"Набудани монеаҳои раводид, мавҷудияти чаҳорчӯби махсуси меъёрии ҳуқуқӣ ва густариши забони русӣ дар минтақа бозори кори Русияро тақрибан бидуни алтернатива месозад", - изҳор дошт муовини сардори Вазорати корҳои хориҷии Русия.
Дипломат гуфт, ки Русия ҳадаф дорад бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар заминаи ҳамкориҳои пайваста дар арсаи тиҷорату иқтисод ҳамкорӣ кунад.