https://sputnik.tj/20240518/murojiati-muhojir-rusiya-giriftani-mashvarat-huquqi-1062874064.html
Муроҷиати 1200 муҳоҷири корӣ дар як ҳафта дар Русия барои гирифтани машваратҳои ҳуқуқӣ
Муроҷиати 1200 муҳоҷири корӣ дар як ҳафта дар Русия барои гирифтани машваратҳои ҳуқуқӣ
Sputnik Тоҷикистон
Муроҷиати 1200 муҳоҷири корӣ дар як ҳафта дар Русия барои гирифтани машваратҳои ҳуқуқӣ
2024-05-18T19:01+0500
2024-05-18T19:01+0500
2024-05-18T19:01+0500
дар тоҷикистон
машварат
ҳуқуқӣ
русия
сафорат
муҳоҷират
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/01/0b/1061231853_0:46:3072:1774_1920x0_80_0_0_ce5332f40a260c57cde25084910c3991.jpg
ДУШАНБЕ, 18 мая — Sputnik. Дар утоқи кории Шӯрои ҷамъиятии назди сафорати Тоҷикистон дар Русия рӯзи қабули шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар қаламрави ин кишвар кору фаъолият менамоянд аз ҷониби ҳуқуқшиноси Шӯрои ҷамъиятӣ баргузор гардид.Ба иттилои Шӯрои ҷамъиятӣ дар ин рӯз шаҳрвандоне, ки вобаста ба боздошти ғайриқонунӣ, риоя нашудани ҳуқуқу манфиатҳои онҳо аз ҷониби кормандони мақомоти марбутаи Русия, қарорҳои беасоси судҳо ва дигар масъалаҳои марбута дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ муроҷиат намуданд.Қайд карда шудааст, ки ба шаҳрвандони Тоҷикистон тавсия ва машваратҳои ҳуқуқӣ дода шуда, масъалаҳои марбутаи шаҳрвандони Тоҷикистон барои баррасии минбаъда аз ҷониби ҳуқуқшиносони Шӯрои ҷамъиятӣ қабул карда шуданд.Зикр гардидааст, ки дар давоми ҳафтаи равон ба ҳуқуқшиносони Шӯрои ҷамъиятӣ зиёда аз 1200 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ вобаста ба гирифтани тавсия ва машваратҳои ҳуқуқӣ муроҷиат намуданд.Шӯрои ҷамъиятӣ ёдрас шудааст, ки ҳар рӯзи шанбе аз ҷониби ҳуқуқшиносони Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Тоҷикистон дар Русия рӯзи қабули шаҳрвандони Тоҷикистон ба роҳ монда шуда, ҳуқуқшиносон ба шаҳрвандон тавсия ва машваратҳои ҳуқуқӣ медиҳанд.Қайд карда шудааст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар қаламрави Русия ҳастанд, метавонанд вобаста ба масъалаҳои ҳуқуқии худ ба Шӯрои ҷамъиятӣ, воқеъ дар бинои нави сафорати Тоҷикистон дар Русия, муроҷиат намуданд.
https://sputnik.tj/20240424/matvienko-qonunguzori-muhojirat-rusiya-muhojiron-felan-1062622437.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/01/0b/1061231853_29:0:2760:2048_1920x0_80_0_0_95e4c60abca5ebbb218037e3f5e91ea9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, муҳоҷират, муҳоҷирон, русия, машварат, ҳуқуқӣ, машварат
тоҷикистон, муҳоҷират, муҳоҷирон, русия, машварат, ҳуқуқӣ, машварат
Муроҷиати 1200 муҳоҷири корӣ дар як ҳафта дар Русия барои гирифтани машваратҳои ҳуқуқӣ
Муҳоҷирони корӣ бештар дар бораи боздошти ғайриқонунӣ ва риоя нашудани ҳуқуқу манфиатҳои онҳо аз ҷониби кормандони мақомоти марбутаи Русия шикоят карданд
ДУШАНБЕ, 18 мая — Sputnik. Дар утоқи кории Шӯрои ҷамъиятии назди сафорати Тоҷикистон дар Русия рӯзи қабули шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар қаламрави ин кишвар кору фаъолият менамоянд аз ҷониби ҳуқуқшиноси Шӯрои ҷамъиятӣ баргузор гардид.
Ба иттилои Шӯрои ҷамъиятӣ дар ин рӯз шаҳрвандоне, ки вобаста ба боздошти ғайриқонунӣ, риоя нашудани ҳуқуқу манфиатҳои онҳо аз ҷониби кормандони мақомоти марбутаи Русия, қарорҳои беасоси судҳо ва дигар масъалаҳои марбута дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ муроҷиат намуданд.
Қайд карда шудааст, ки ба шаҳрвандони Тоҷикистон тавсия ва машваратҳои ҳуқуқӣ дода шуда, масъалаҳои марбутаи шаҳрвандони Тоҷикистон барои баррасии минбаъда аз ҷониби ҳуқуқшиносони Шӯрои ҷамъиятӣ қабул карда шуданд.
Зикр гардидааст, ки дар давоми ҳафтаи равон ба ҳуқуқшиносони Шӯрои ҷамъиятӣ зиёда аз 1200 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ вобаста ба гирифтани тавсия ва машваратҳои ҳуқуқӣ муроҷиат намуданд.
Шӯрои ҷамъиятӣ ёдрас шудааст, ки ҳар рӯзи шанбе аз ҷониби ҳуқуқшиносони Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Тоҷикистон дар Русия рӯзи қабули шаҳрвандони Тоҷикистон ба роҳ монда шуда, ҳуқуқшиносон ба шаҳрвандон тавсия ва машваратҳои ҳуқуқӣ медиҳанд.
Қайд карда шудааст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар қаламрави Русия ҳастанд, метавонанд вобаста ба масъалаҳои ҳуқуқии худ ба Шӯрои ҷамъиятӣ, воқеъ дар бинои нави сафорати Тоҷикистон дар Русия, муроҷиат намуданд.