https://sputnik.tj/20240517/rusiya-metavonad-limiti-barq-tojikiston-bartaraf-1062861207.html
Русия метавонад лимити барқ дар Тоҷикистонро бартараф созад: Чӣ гуна?
Русия метавонад лимити барқ дар Тоҷикистонро бартараф созад: Чӣ гуна?
Sputnik Тоҷикистон
Ҷониби Русия ҳавасмандияшро барои бунёди нерӯгоҳҳои бодӣ бо иқтидори то 1 гигаватт баён дошта, афзудаст, ки ин нишондод барои 10 соли оянда ҳадди ниҳоӣ нест
2024-05-17T10:44+0500
2024-05-17T10:44+0500
2024-05-17T10:44+0500
дар тоҷикистон
энергетика
маҳдудият
интиқол
нерӯ
сохтмони нерӯгоҳ
бод
русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102770/08/1027700802_0:159:3077:1889_1920x0_80_0_0_5a915b2484d4a0d3bcbd1ab211291fcc.jpg
ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Русия медонад, ки чӣ гуна маҳдудияти нерӯи барқро дар Тоҷикистон рафъ кунад.Ин сирро намояндаи ширкати фаръии "Росатом" - "Новавинд" Дмитрий Родионов дар чаҳорчӯби KazanForum зимни муколамаи саноатии Русия ва Тоҷикистон баён дошт. Қайд гардид, ки дар пасманзари зуд-зуд қатъ шудани интиқоли нерӯи барқ бинобар поин рафтани сатҳи об дар дарёҳои ҷумҳурӣ, як манбаи алтернативии дигар - нерӯи шамол истифоданашуда боқӣ мемонад."Иқтидори шамоли Тоҷикистон аз 30 млрд то 100 млрд кВт*соатро ташкил медиҳад", - гуфт Родионов. Вай афзуд, ки нерӯгоҳҳои барқи бодӣ ба системаи мавҷудаи энергетикии Тоҷикистон комилан мувофиқ хоҳанд буд ва чанд далел овард. Аввал авҷи тавлиди нерӯи бодӣ дар давраи тирамоҳу зимистон аст, замоне, ки нерӯгоҳҳои барқи обӣ ба далели коҳиши сатҳи дарёҳо камтар нерӯ медиҳанд. Вай афзуд, ки нерӯгоҳҳои бодӣ системаи мавҷудаи энергетикии Тоҷикистонро комилан пурра мекунанду хароҷот ва мӯҳлати сохтмони онҳо хеле камтар аст.Дар фарҷом Дмитрий Родионов изҳори умедворӣ кард, ки Русия метавонад бо Вазорати энержии Тоҷикистон иртиботи дуруст ба роҳ монад ва самти дурусти кори муштаракро муайян кунад. Маврид ба зикр аст, ки ҳамасола дар фасли сармо ба далели поин рафтани сатҳи оби дарёҳо ва зиёд шудани талабот ба нерӯи барқ дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон маҳдудияти интиқоли барқ ҷорӣ мегардад, ки то фарорасии гармо идома меёбад.
https://sputnik.tj/20240516/barrasi-bunyod-nerugoh-khurd-hastai-markazi-tibbi-tojikiston-1062858355.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102770/08/1027700802_173:0:2902:2047_1920x0_80_0_0_ceafc76aa2d2b575178eb6f9ff60e271.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, лимит, барқ, тоҷикистон, нерӯ, ниҳоӣ, сол, оянда
русия, лимит, барқ, тоҷикистон, нерӯ, ниҳоӣ, сол, оянда
Русия метавонад лимити барқ дар Тоҷикистонро бартараф созад: Чӣ гуна?
Ҷониби Русия ҳавасмандияшро барои бунёди нерӯгоҳҳои бодӣ бо иқтидори то 1 гигаватт баён дошта, афзудаст, ки ин нишондод барои 10 соли оянда ҳадди ниҳоӣ нест
ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Русия медонад, ки чӣ гуна маҳдудияти нерӯи барқро дар Тоҷикистон рафъ кунад.
Ин сирро намояндаи ширкати фаръии "Росатом" - "Новавинд" Дмитрий Родионов дар чаҳорчӯби KazanForum зимни муколамаи саноатии Русия ва Тоҷикистон баён дошт.
Қайд гардид, ки дар пасманзари зуд-зуд қатъ шудани интиқоли нерӯи барқ бинобар поин рафтани сатҳи об дар дарёҳои ҷумҳурӣ, як манбаи алтернативии дигар - нерӯи шамол истифоданашуда боқӣ мемонад.
"Иқтидори шамоли Тоҷикистон аз 30 млрд то 100 млрд кВт*соатро ташкил медиҳад", - гуфт Родионов.
Вай афзуд, ки нерӯгоҳҳои барқи бодӣ ба системаи мавҷудаи энергетикии Тоҷикистон комилан мувофиқ хоҳанд буд ва чанд далел овард.
Аввал авҷи тавлиди нерӯи бодӣ дар давраи тирамоҳу зимистон аст, замоне, ки нерӯгоҳҳои барқи обӣ ба далели коҳиши сатҳи дарёҳо камтар нерӯ медиҳанд.
Вай афзуд, ки нерӯгоҳҳои бодӣ системаи мавҷудаи энергетикии Тоҷикистонро комилан пурра мекунанду хароҷот ва мӯҳлати сохтмони онҳо хеле камтар аст.
"Аз ҷониби Русия ба бунёди нерӯгоҳҳои бодӣ бо иқтидори то 1 гигаватт таваҷҷӯҳ зоҳир кардааст, аммо ин нишондод барои 10 соли оянда ҳадди ниҳоӣ нест", - таъкид кард ӯ.
Дар фарҷом Дмитрий Родионов изҳори умедворӣ кард, ки Русия метавонад бо Вазорати энержии Тоҷикистон иртиботи дуруст ба роҳ монад ва самти дурусти кори муштаракро муайян кунад.
Маврид ба зикр аст, ки ҳамасола дар фасли сармо ба далели поин рафтани сатҳи оби дарёҳо ва зиёд шудани талабот ба нерӯи барқ дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон маҳдудияти интиқоли барқ ҷорӣ мегардад, ки то фарорасии гармо идома меёбад.