Раҳмон зодрӯзи Тоқаевро шодбош гуфту ҳампаймониро таъкид кард

© Пресс-служба президента Республики ТаджикистанПрезидент Касым-Жомарт Токаев и Президент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Касым-Жомарт Токаев и Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.05.2024
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар солгарди зодрӯзи президенти Қазоқистон ба соҳибҷашн занг заду аз саҳмаш дар таҳкими ҳамкориҳо миёни ду кишвар гуфт
ДУШАНБЕ, 17 май – Sputnik. Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамтои қазоқаш, Қосим–Ҷомарт Тоқаев суҳбати телефонӣ анҷом дод.
Ба иттилои дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон, Раҳмон ба Тоқаев дар татбиқи ҳадафу нақшаҳои бар нафъи мардуми бародари Қазоқистон муайянкардааш муваффақиятҳои бузург орзу намуд.
Эмомалӣ Раҳмон инчунин рушди босуръати муносибатҳои Тоҷикистону Қазоқистонро, ки ба туфайли талошҳои муштарак ба сатҳи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ расидаанд, зикр намуда, саҳми Тоқаевро дар ин раванд таъкид намудаст.
Визит президента РФ В. Путина в Казахстан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.05.2024
Тоқаев ҳамла дар "Крокус"-ро нишони фаъолшавии террористҳо дар Афғонистон хонд
"Ҷонибҳо атрофи масъалаҳои алоҳидаи рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор анҷом дода, барномаи вохӯриҳои дарпешистодаи дуҷониба ва бисёрҷонибаро дар сатҳи олӣ муҳокима намуданд", - афзуд дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон.
Маврид ба зикр аст, ки Тоқаев 71-солагияшро таҷлил мекунад. Ӯ баъди канор рафтани Нурсултон Назарбоев роҳбарии Қазоқистонро ба уҳда дорад.
Роҳбари феълии Қазоқистон 17 майи соли 1953 дар шаҳри Алмаато таваллуд шуда, доктори илмҳои сиёсатшиносӣ мебошад.
То расидан ба мақоми раисҷумҳур, аз соли 2013 то 2019 роҳбари Сенат, палатаи болоии парлумони Қазоқистон буд. Солҳои 2011-2013 мудири кулли идораи СММ дар Женева буда, аз он пештар дар мақомҳои вазири умури хориҷии Қазоқистон ва сарвазири ин кишвар низ кор кардааст.
Лентаи хабарҳо
0