Тоқаев ҳамла дар "Крокус"-ро нишони фаъолшавии террористҳо дар Афғонистон хонд

© Sputnik / Павел Бедняков / Гузариш ба медиабонкВизит президента РФ В. Путина в Казахстан
Визит президента РФ В. Путина в Казахстан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.05.2024
Обуна шудан
Раисиҷумҳури Қазоқистон таъкид кард, ки дар мубориза бо таҳдидҳои амниятӣ, аз ҷумла бо терроризм дар минтақа, бояд ба Афғонистон таваҷҷуҳи махсус дода шавад
ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Ҳамлаи террористӣ дар "Крокус Сити Холл" аз фаъолияти баланди террористони байналмилалӣ Афғонистон шаҳодат медиҳад.
Ин нуктаро раисҷумҳури Қазоқистон, Қосим Ҷомарт Тоқаев, раисҷумҳури Қазоқистон дар нишасти котибони шӯроҳои амнияти кишварҳои Осиёи Марказӣ изҳор дошт.
"Аксари чолишҳо ва таҳдидҳои муосир табиати фаромарзӣ доранд", - таъкид кард ӯ.
Избрание меры пресечения подозреваемым в теракте в Крокус Сити Холл. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.05.2024
Ҳабси пешакии муттаҳамон дар ҳамлаи террористӣ ба "Крокус Сити Холл" тамдид шуд
Ба гуфтаи ӯ, хатарҳои марбут ба фаъолияти созмонҳои байналмилалии террористӣ боқӣ мондаанд. Тоқаев ба унвони мисол ҳамлаи хунини террористӣ дар вилояти Маскавро мисол овард.
Вай таъкид кард, ки ҳангоми мубориза бо ин мушкилот ба Афғонистон таваҷҷӯҳи хоса бояд дод.
"Яке аз вазифаҳои стратегӣ дар марҳалаи кунунӣ ҷалби фаъолонаи Афғонистон ба равобити минтақавӣ мебошад ва дар ин ҷо бисёр чиз ба мавқеи ҳамоҳангшудаи кишварҳои мо вобаста аст", - хулоса кард президент.
Илова бар ин, вай пешниҳод кард, ки дар Қазоқистон Маркази минтақавии СММ оид ба ҳадафҳои рушди устувор барои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон таъсис дода шавад.
Тоқаев ҳамчунин аз эҷоди эътимод дар қаламрави Осиёи Марказӣ зикр намуда, афзуд, ки ҳеч масъалае нест, миёни кишварҳои минтақа, ки ҳалли қобили қабул барои ҳама надошта бошад.
Лентаи хабарҳо
0