https://sputnik.tj/20240517/dastur-ahmadzoda-rushd-kirmakparvari-sughd-1062862297.html
Дастури Аҳмадзода барои рушди кирмакпарварӣ дар Суғд
Дастури Аҳмадзода барои рушди кирмакпарварӣ дар Суғд
Sputnik Тоҷикистон
Раиси Суғд дар доираи сафари кориаш ба ноҳияи Деваштич бо фаъолияти кирмакпарварон шинос шуда, хостори рушди ин бахши ояндадор гардид
2024-05-17T13:59+0500
2024-05-17T13:59+0500
2024-05-17T13:59+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
суғд
деваштич
манзил
истиқоматӣ
раҷаббой аҳмадзода
бонувон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/0f/1057114613_0:453:2048:1605_1920x0_80_0_0_3903d881f9cf66edea0733e11d3d16b0.jpg
ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Мақомоти Тоҷикистон бо ироаи сабукиҳои андозӣ азм дорад, соҳаи кирмакпарвариро дар ҷумҳурӣ рушд диҳанд. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни боздид аз ноҳияи Деваштич нахуст дар манзили сокинони деҳоти Яхтан Файзинисо Исҳоқова ва Бибиоиша Баротова бо вазъи кирмакпарварӣ шинос гардид."Таъкид гардид, ки сокинони деҳоти Яхтан ҳамасола дар истеҳсоли пилла саҳм гузошта, дар ин кор таҷрибаи кофӣ доранд. Соли равон ба кирмакпарварони ин минтақа 190 қуттӣ кирмак тақсим карда шудааст", - иттилоъ дод дафтари матбуоти ҳукумати Суғд. Раиси вилоят ба бонувон барои фаъолияти назаррасашон изҳори сипос намуда, ба онҳо туҳфаҳои хотиравӣ супорид.Давлат дар Тоҷикистон ният дорад, кирмакпарвариро дар ҷумҳурӣ эҳё созад ва бо дастури раисҷумҳур сабукиҳо дар ин бахш дода шуданд.Аз ҷумла қаблан Эмомалӣ Раҳмон дар паёмаш ба парлумон дастур дода буд, кишоварзони кирмакпарвар аз пардохти андоз ба муҳлати 10 сол озод карда шаванд.Ӯ гуфт, кирмакпарварӣ қариб аз байн рафтааст ва таъкид намуд, ки барқарор кардани он дар Тоҷикистон барои пайдо шудани ҷойҳои нави корӣ зарур аст."Заминҳои тутзор ба муддати 10 сол аз пардохти андози ягонаи замин, инчунин шахсони ҳуқуқие, ки ба коркарди пилла ва истеҳсоли матоъҳои шоҳӣ, атласу адрас ва дигар маснуоти бофандагии дастӣ машғуланд, аз пардохти андозҳо пурра озод карда шаванд", - гуфта буд Раҳмон.Президент таъкид кард, ки дар ин росто махсусан барои бонувони кишвар дар манзили зисташон ҷойҳои нави корӣ пайдо мешавад.
https://sputnik.tj/20240131/qarib-mastchoh-hajmi-mahsuloti-sanoat-afzud-1061488593.html
суғд
деваштич
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/0f/1057114613_0:261:2048:1797_1920x0_80_0_0_403d527ab4793a16c4c2dea578de2a97.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сипос, раҷаббой аҳмадзода, кирмакпарварӣ, суғд, деваштич
сипос, раҷаббой аҳмадзода, кирмакпарварӣ, суғд, деваштич
Дастури Аҳмадзода барои рушди кирмакпарварӣ дар Суғд
Раиси Суғд дар доираи сафари кориаш ба ноҳияи Деваштич бо фаъолияти кирмакпарварон шинос шуда, хостори рушди ин бахши ояндадор гардид
ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Мақомоти Тоҷикистон бо ироаи сабукиҳои андозӣ азм дорад, соҳаи кирмакпарвариро дар ҷумҳурӣ рушд диҳанд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни боздид аз ноҳияи Деваштич нахуст дар манзили сокинони деҳоти Яхтан Файзинисо Исҳоқова ва Бибиоиша Баротова бо вазъи кирмакпарварӣ шинос гардид.
"Таъкид гардид, ки сокинони деҳоти Яхтан ҳамасола дар истеҳсоли пилла саҳм гузошта, дар ин кор таҷрибаи кофӣ доранд. Соли равон ба кирмакпарварони ин минтақа 190 қуттӣ кирмак тақсим карда шудааст", - иттилоъ дод дафтари матбуоти ҳукумати Суғд.
Раиси вилоят ба бонувон барои фаъолияти назаррасашон изҳори сипос намуда, ба онҳо туҳфаҳои хотиравӣ супорид.
Давлат дар Тоҷикистон ният дорад, кирмакпарвариро дар ҷумҳурӣ эҳё созад ва бо дастури раисҷумҳур сабукиҳо дар ин бахш дода шуданд.
Аз ҷумла қаблан Эмомалӣ Раҳмон дар паёмаш ба парлумон дастур дода буд, кишоварзони кирмакпарвар аз пардохти андоз ба муҳлати 10 сол озод карда шаванд.
Ӯ гуфт, кирмакпарварӣ қариб аз байн рафтааст ва таъкид намуд, ки барқарор кардани он дар Тоҷикистон барои пайдо шудани ҷойҳои нави корӣ зарур аст.
"Заминҳои тутзор ба муддати 10 сол аз пардохти андози ягонаи замин, инчунин шахсони ҳуқуқие, ки ба коркарди пилла ва истеҳсоли матоъҳои шоҳӣ, атласу адрас ва дигар маснуоти бофандагии дастӣ машғуланд, аз пардохти андозҳо пурра озод карда шаванд", - гуфта буд Раҳмон.
Президент таъкид кард, ки дар ин росто махсусан барои бонувони кишвар дар манзили зисташон ҷойҳои нави корӣ пайдо мешавад.