https://sputnik.tj/20240131/qarib-mastchoh-hajmi-mahsuloti-sanoat-afzud-1061488593.html
Қариб ним млрд. сомонӣ: Дар ноҳияи Мастчоҳ ҳаҷми маҳсулоти саноат беш аз 270% афзуд
Қариб ним млрд. сомонӣ: Дар ноҳияи Мастчоҳ ҳаҷми маҳсулоти саноат беш аз 270% афзуд
Sputnik Тоҷикистон
Қариб ним млрд. сомонӣ: Дар ноҳияи Мастчоҳ ҳаҷми маҳсулоти саноат беш аз 270% афзуд
2024-01-31T19:40+0500
2024-01-31T19:40+0500
2024-02-20T17:38+0500
дар тоҷикистон
суғд
мастчоҳ
истеҳсол
маҳсулот
саноат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103151/11/1031511176_0:259:3081:1992_1920x0_80_0_0_6e432d537dcf0353664c81860d43d5b6.jpg
ДУШАНБЕ, 31 янв – Sputnik. Раиси ноҳияи Мастчоҳ дар бораи набзи саноат дар ин ноҳияи шимоли Тоҷикистон ба рӯзноманигорон иттилоъ дод.Ҷамъи корхонаҳои саноатии ноҳияи Мастчоҳ давоми соли 2023 ба маблағи 4,8 млн маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки ин омор дар муқоиса ба як соли гузашта 306,7 млн сомонӣ афзуда, мутаносибан 276, 3 %-ро дарбар мегирад.Дар ин бораи раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода, зимни баргузории нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.“Давоми соли 2023 корхонаҳои саноатӣ дар шакли асл беҳ аз 70 ҳазор тон семент, 3007 тон калобаи ришта, 3,6 млн. дона маҳсулоти пластикӣ, 901, 6 метри мураббаъ маҳсулоти пластикаи физилӣ, 432 тон нон ва маҳсулоти нонӣ, 464 тон маҳсулоти ширӣ, 8 тон халтаҳои полиэтиленӣ, истеҳсол намудаанд” – иттилоъ дод, раиси ноҳияи Мастчоҳ.Бино ба гуфти манбаъ дар як соли гузашта дар ин ноҳияи вилояти Суғд ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар ҳаҷми 21,3 ҳазор тон пахта, 16,5 ҳазор тон ғалладона, 26, 7 ҳазор тон сабзавот, 4, 6 ҳазор тон картошка, 136,2 ҳазор тон маҳсулоти полезӣ, 1,4 ҳазор тон меваҷот, 701,5 тон ангур, 115 ҳазор тон хӯроки чорво истеҳсол карда шудааст, ки вусъати афзоиш дар муқоиса ба соли 2022 то ба 213% баробар будааст.Раиси ноҳияи Мастчоҳ иттилоъ дод, ки соли ҷорӣ дар ин ноҳия бунёди 4 корхонаи саноатӣ ба нақша гирифта шудааст, ки аз ҷониби соҳибкорон фаъол карда хоҳад шуд.Мастчоҳ аз шумори навоҳии Суғд дониста мешавад, ки соли гузашта ҳаҷми маҳсулоти саноат ва кишоварзӣ ба таври назаррас афзудааст.Зимнан он аз ноҳияҳои субвенсионии вилояти Суғд шумурда мешавад.Масъулони Мастчоҳ азм доранд, ки солҳои наздик ин ноҳия аз вобастагии иқтисодӣ раҳо ёбад ва худкифо шавад.
https://sputnik.tj/20240115/sanoati-sughd-rushdi-chashmgir-tavlidot-tafsilot-1061279294.html
суғд
мастчоҳ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103151/11/1031511176_5:0:2734:2047_1920x0_80_0_0_6f0b5fcecdd26670c8e872453e4de09a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, масчоҳ, маҳсулот, истеҳсол, саноат, афзоиш, мақомот
тоҷикистон, масчоҳ, маҳсулот, истеҳсол, саноат, афзоиш, мақомот
Қариб ним млрд. сомонӣ: Дар ноҳияи Мастчоҳ ҳаҷми маҳсулоти саноат беш аз 270% афзуд
19:40 31.01.2024 (Навсозишуда: 17:38 20.02.2024) Масъулони ҳукумати ноҳияи Мастчоҳ азм доранд, ки солҳои наздик ин ноҳия аз вобастагии иқтисодӣ (субвенсия) раҳо ёбад ва худкифо шавад
ДУШАНБЕ, 31 янв – Sputnik. Раиси ноҳияи Мастчоҳ дар бораи набзи саноат дар ин ноҳияи шимоли Тоҷикистон ба рӯзноманигорон иттилоъ дод.
Ҷамъи корхонаҳои саноатии ноҳияи Мастчоҳ давоми соли 2023 ба маблағи 4,8 млн маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки ин омор дар муқоиса ба як соли гузашта 306,7 млн сомонӣ афзуда, мутаносибан 276, 3 %-ро дарбар мегирад.
Дар ин бораи раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода, зимни баргузории нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
“Давоми соли 2023 корхонаҳои саноатӣ дар шакли асл беҳ аз 70 ҳазор тон семент, 3007 тон калобаи ришта, 3,6 млн. дона маҳсулоти пластикӣ, 901, 6 метри мураббаъ маҳсулоти пластикаи физилӣ, 432 тон нон ва маҳсулоти нонӣ, 464 тон маҳсулоти ширӣ, 8 тон халтаҳои полиэтиленӣ, истеҳсол намудаанд” – иттилоъ дод, раиси ноҳияи Мастчоҳ.
Бино ба гуфти манбаъ дар як соли гузашта дар ин ноҳияи вилояти Суғд ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар ҳаҷми 21,3 ҳазор тон пахта, 16,5 ҳазор тон ғалладона, 26, 7 ҳазор тон сабзавот, 4, 6 ҳазор тон картошка, 136,2 ҳазор тон маҳсулоти полезӣ, 1,4 ҳазор тон меваҷот, 701,5 тон ангур, 115 ҳазор тон хӯроки чорво истеҳсол карда шудааст, ки вусъати афзоиш дар муқоиса ба соли 2022 то ба 213% баробар будааст.
Раиси ноҳияи Мастчоҳ иттилоъ дод, ки соли ҷорӣ дар ин ноҳия бунёди 4 корхонаи саноатӣ ба нақша гирифта шудааст, ки аз ҷониби соҳибкорон фаъол карда хоҳад шуд.
Мастчоҳ аз шумори навоҳии Суғд дониста мешавад, ки соли гузашта ҳаҷми маҳсулоти саноат ва кишоварзӣ ба таври назаррас афзудааст.
Зимнан он аз ноҳияҳои субвенсионии вилояти Суғд шумурда мешавад.
Масъулони Мастчоҳ азм доранд, ки солҳои наздик ин ноҳия аз вобастагии иқтисодӣ раҳо ёбад ва худкифо шавад.