https://sputnik.tj/20240516/taloqu-izdivoj-sughd-kam-1062852660.html
Талоқу издивоҷ дар Суғд кам шудаст
Талоқу издивоҷ дар Суғд кам шудаст
Sputnik Тоҷикистон
Давоми се моҳи аввали соли ҷорӣ дар шаҳру навоҳии Суғд коҳиши мавориди бастану бекор шудани ақди никоҳ сабт шудааст, иттилоъ дод мақомоти вилоят
2024-05-16T13:40+0500
2024-05-16T13:40+0500
2024-05-16T13:41+0500
дар тоҷикистон
иҷтимоъ
оила
талоқ
никоҳ
издивоҷ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102512/81/1025128157_0:0:3000:1688_1920x0_80_0_0_52c0ae17e82e4fb986a415f60ddaeb51.jpg
ДУШАНБЕ, 16 май – Sputnik. Дар се моҳи аввали соли ҷорӣ дар вилояти Суғд дар умум 5476 ҳолати бастани ақди никоҳ ба қайд гирифта шуд. Теъдоди азҳампошии оилаҳо низ тайи моҳҳои январ - марти соли равон низ коҳиш ёфта, ба 886 ҳолат баробар шудааст, иттилоъ дод сардори шубаи демографии Саррраёсати Агентии омор дар вилояти Суғд, Волидахон Тоибзода ба Sputnik Тоҷикистон. Бар пояи иттилоъи манбаъ, ҳарчанд шумори бекоркунии ақди никоҳ нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 175 адад кам шуда бошад ҳам, агар дар таносуб бо теъдоди бастани ақди никоҳ таҳил шавад, афзоиш ба мушоҳида мерасад. "Омори бастани ақди никоҳ дар се моҳи аввали соли ҷорӣ, нисбат ба ҳамин давраи як соли пеш 614 адад кам аст. Ин омор дар як соли пеш 6081 адад сабт шудааст", - гуфт манбаъ. Ҷомеашиносон сабабҳои аслии афзоиши пошхурии оилаҳоро аз коҳиши таҳаммулпазирии оилаҳои ҷавон ва мушкили шароити иқтисоди хонаводагӣ ва ноустувории институтҳои оилавӣ шарҳ медиҳанд. Рӯзи 15 уми май рӯзи ҷаҳонии оила дар арсаи ҷаҳон таҷлил карда мешавад. Дар Тоҷикистон умдатан ин санаро бо баргузор намудани чорабиниҳои ба мисли оилаи намунавӣ ва ойинҳои оиладорӣ таҷлил мекунанд.
https://sputnik.tj/20240308/zindayatim-mondani-kudakon-tojikiston-kam-1061976322.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102512/81/1025128157_261:0:2928:2000_1920x0_80_0_0_c005f000bee56d505ec7a54f59175148.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
омор, издивоҷ, талоқ, суғд, нашр, мақомот, вилоят
омор, издивоҷ, талоқ, суғд, нашр, мақомот, вилоят
Талоқу издивоҷ дар Суғд кам шудаст
13:40 16.05.2024 (Навсозишуда: 13:41 16.05.2024) Давоми се моҳи аввали соли ҷорӣ дар шаҳру навоҳии Суғд коҳиши мавориди бастану бекор шудани ақди никоҳ сабт шудааст, иттилоъ дод мақомоти вилоят
ДУШАНБЕ, 16 май – Sputnik. Дар се моҳи аввали соли ҷорӣ дар вилояти Суғд дар умум 5476 ҳолати бастани ақди никоҳ ба қайд гирифта шуд.
Теъдоди азҳампошии оилаҳо низ тайи моҳҳои январ - марти соли равон низ коҳиш ёфта, ба 886 ҳолат баробар шудааст, иттилоъ дод сардори шубаи демографии Саррраёсати Агентии омор дар вилояти Суғд, Волидахон Тоибзода ба Sputnik Тоҷикистон.
Бар пояи иттилоъи манбаъ, ҳарчанд шумори бекоркунии ақди никоҳ нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 175 адад кам шуда бошад ҳам, агар дар таносуб бо теъдоди бастани ақди никоҳ таҳил шавад, афзоиш ба мушоҳида мерасад.
"Омори бастани ақди никоҳ дар се моҳи аввали соли ҷорӣ, нисбат ба ҳамин давраи як соли пеш 614 адад кам аст. Ин омор дар як соли пеш 6081 адад сабт шудааст", - гуфт манбаъ.
Ҷомеашиносон сабабҳои аслии афзоиши пошхурии оилаҳоро аз коҳиши таҳаммулпазирии оилаҳои ҷавон ва мушкили шароити иқтисоди хонаводагӣ ва ноустувории институтҳои оилавӣ шарҳ медиҳанд.
Рӯзи 15 уми май рӯзи ҷаҳонии оила дар арсаи ҷаҳон таҷлил карда мешавад. Дар Тоҷикистон умдатан ин санаро бо баргузор намудани чорабиниҳои ба мисли оилаи намунавӣ ва ойинҳои оиладорӣ таҷлил мекунанд.