Омори нигаронкунанда: Чанд кӯдак ҳамарӯза дар Тоҷикистон зиндаятим мешавад?

© Sputnik / Константин Чалабов / Гузариш ба медиабонкДети, архивное фото
Дети, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.03.2024
Обуна шудан
Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон талоқу азҳампошии оилаҳоро таҳлил карда, оқибатҳои он, аз ҷумла зиндаятим мондани кӯдаконро арзёбӣ намудаст
ДУШАНБЕ, 8 мар — Sputnik. Дар Тоҷикистон давоми соли 2023 дар пайи азҳампошии оилаҳо ҳамарӯза 27 кӯдак аз тарбияи яке аз волидайн маҳрум мемондааст.
Дар ин бора Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон дар пайи як таҳлили оқибатҳои талоқ иттилоъ додаст.
Ҳарчанд Кумитаи кор бо занон ва оила аз кам шудани талоқ ва зиндаятим мондани кӯдакон мегӯяд, вале ин омор ҳамоно нигаронкунанда боқӣ мондааст.
Свадебная пара, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.08.2023
Раиси Кумитаи кор бо занон ва оила сабаби коҳиши азҳампошии оилаҳоро гуфт
Ба иттилои манбаъ, ин нишондиҳанда дар соли 2022 ба 42 нафар дар як рӯз рост меомад. Таъкид гардид, ки дар соли 2022-юм наздики 15,5 ҳазор кӯдак аз тарбияи падар ё модар маҳрум мондаанд.
Дар умум аз соли 2014 то 2023 мувофиқи маълумоти омории Кумитаи кор бо занон дар кишвар наздики 100 ҳазор кӯдак дар пайи азҳампошии оилаҳо аз тарбияи падар ё модар маҳрум мондаанд.
Дар баробари ин нишондиҳанда шумораи талоқ давоми солҳои 2014-2023 дар умум беш аз 108 ҳазор ададро ташкил медиҳад. Давоми соли 2023 ҳамарӯза 28 оила аз ҳам ҷудо шудаанд, ки ин нишондиҳанда дар муқоиса ба соли 2022 даҳ адад кам мебошад.
Лентаи хабарҳо
0