https://sputnik.tj/20240515/putin-nakhustin-safar-khoriji-chin-oghoz-mekunad-1062843525.html
Путин шарҳ дод, ки чаро нахустин сафари хориҷияшро аз Чин оғоз мекунад
Путин шарҳ дод, ки чаро нахустин сафари хориҷияшро аз Чин оғоз мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Кишвардори Русия дар остонаи сафари давлатии худ ба Чин ба хабаргузории Синхуа мусоҳиба дод. Ин нахустин сафари хориҷии ӯ пас аз интихоб шуданаш ба мақоми раисҷумҳур хоҳад буд
2024-05-15T16:00+0500
2024-05-15T16:00+0500
2024-05-15T16:00+0500
русия
чин
владимир путин
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/02/1047291421_0:47:2225:1299_1920x0_80_0_0_b5d41ebced232ad4559aeb1a827d46d9.jpg
ДУШАНБЕ, 15 май — Sputnik. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин гуфт, ки Чин аввалин кишварест, ки пас аз савгандёдкунӣ ба далели сатҳи бесобиқаи шарикии стратегӣ боздид мекунад. Ин ҳарфҳоро кишвардори Русия дар мусоҳиба бо хабаргузории Синхуа дар арафаи сафари давлатии худ изҳор дошт.Путин изҳор дошт, ки равобити Русия ва Чин ба баландтарин сатҳ дар таърих расидааст ва сарфи назар аз вазъи душвори ҷаҳон, онҳо таҳким меёбанд. "Имрӯз муносибатҳои Русия ва Чин ба сатҳи баландтарин дар таърихи худ расидаанд ва сарфи назар аз вазъи душвори ҷаҳон, онҳо таҳким меёбанд", - гуфт роҳбари Русия. Вай ҳамчунин таъкид кард, ки равобити тиҷоративу иқтисодӣ миёни Федератсияи Русия ва Чин бо суръати баланд рушд карда, иммунитети устувори худро ба чолишҳои беруна ва падидаҳои бӯҳронӣ нишон медиҳад.Путин аз ҳамкориҳои стратегӣ дар бахши энержӣ ва кор дар тарҳҳои нави бузург ёдовар шуда, ба динамикаи хуби таҳвили маҳсулоти кишоварзии Русия ба бозори Чин, татбиқи ташаббусҳо дар бахшҳои сармоягузорӣ ва истеҳсолӣ, фаъолияти устувори нақлиёт ишора кард. "Дар мавриди нақшаҳои худ мо кӯшиш хоҳем кард, ки ҳамкориҳои наздиктарро дар соҳаи саноат ва технологияҳои олӣ, кайҳон ва атоми осоишта, зеҳни сунъӣ, манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва дигар бахшҳои инноватсионӣ ба роҳ монем", - иброз дошт ӯ. Путин дар бораи равобити фарҳангӣ ва гуманитарӣ гуфт, ки Федератсияи Русия ва Чин бар принсипҳои гуногунии фарҳангӣ устуворанд ва ҷонибдори ҳифзи ҳувияти миллӣ мебошанд. Ӯ ҳамчунин гуфт, ки дар бораи санъати ҳарбии чинӣ маълумоти зиёд дорад, ба фалсафаи чинӣ эҳтиром дорад, аъзои хонаводааш низ ба Чин таваҷҷуҳ доранд ва бархе аз онҳо забони чиниро меомӯзанд.Ёдовар мешавем, ки раисҷумҳури Русия рӯзҳои 16-17 май бо сафари давлатӣ ба Чин меравад.
https://sputnik.tj/20240514/putin-bo-davati-jinpin-ba-chin-meravad-1062833937.html
русия
чин
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/02/1047291421_217:0:2009:1344_1920x0_80_0_0_373d709aca2d308fb1594f62eb7b8e77.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
путин чин сафар
Путин шарҳ дод, ки чаро нахустин сафари хориҷияшро аз Чин оғоз мекунад
Роҳбари Русия дар остонаи сафари худ ба Чин ба хабаргузории Синхуа мусоҳиба дод. Ин нахустин сафари хориҷии ӯ пас аз интихоб шуданаш ба мақоми раисҷумҳур хоҳад буд
ДУШАНБЕ, 15 май — Sputnik. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин гуфт, ки Чин аввалин кишварест, ки пас аз савгандёдкунӣ ба далели сатҳи бесобиқаи шарикии стратегӣ боздид мекунад.
Ин ҳарфҳоро кишвардори Русия дар мусоҳиба бо хабаргузории Синхуа дар арафаи сафари давлатии худ изҳор дошт.
"Маҳз сатҳи бесобиқаи баланди шарикии стратегӣ байни кишварҳои мо буд, ки интихоби ман Чинро ҳамчун аввалин давлате, ки пас аз расман ба вазифаи Президенти Федератсияи Русия ворид шуданам ба он сафар хоҳам кард, муайян кард", - гуфт ӯ.
Путин изҳор дошт, ки равобити Русия ва Чин ба баландтарин сатҳ дар таърих расидааст ва сарфи назар аз вазъи душвори ҷаҳон, онҳо таҳким меёбанд.
"Имрӯз муносибатҳои Русия ва Чин ба сатҳи баландтарин дар таърихи худ расидаанд ва сарфи назар аз вазъи душвори ҷаҳон, онҳо таҳким меёбанд", - гуфт роҳбари Русия.
Вай ҳамчунин таъкид кард, ки равобити тиҷоративу иқтисодӣ миёни Федератсияи Русия ва Чин бо суръати баланд рушд карда, иммунитети устувори худро ба чолишҳои беруна ва падидаҳои бӯҳронӣ нишон медиҳад.
Путин аз ҳамкориҳои стратегӣ дар бахши энержӣ ва кор дар тарҳҳои нави бузург ёдовар шуда, ба динамикаи хуби таҳвили маҳсулоти кишоварзии Русия ба бозори Чин, татбиқи ташаббусҳо дар бахшҳои сармоягузорӣ ва истеҳсолӣ, фаъолияти устувори нақлиёт ишора кард.
"Дар мавриди нақшаҳои худ мо кӯшиш хоҳем кард, ки ҳамкориҳои наздиктарро дар соҳаи саноат ва технологияҳои олӣ, кайҳон ва атоми осоишта, зеҳни сунъӣ, манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва дигар бахшҳои инноватсионӣ ба роҳ монем", - иброз дошт ӯ.
Путин дар бораи равобити фарҳангӣ ва гуманитарӣ гуфт, ки Федератсияи Русия ва Чин бар принсипҳои гуногунии фарҳангӣ устуворанд ва ҷонибдори ҳифзи ҳувияти миллӣ мебошанд.
Ӯ ҳамчунин гуфт, ки дар бораи санъати ҳарбии чинӣ маълумоти зиёд дорад, ба фалсафаи чинӣ эҳтиром дорад, аъзои хонаводааш низ ба Чин таваҷҷуҳ доранд ва бархе аз онҳо забони чиниро меомӯзанд.
Ёдовар мешавем, ки раисҷумҳури Русия рӯзҳои 16-17 май бо сафари давлатӣ ба Чин меравад.