https://sputnik.tj/20240514/putin-bo-davati-jinpin-ba-chin-meravad-1062833937.html
Путин бо даъвати Ҷинпин ба Чин меравад
Путин бо даъвати Ҷинпин ба Чин меравад
Sputnik Тоҷикистон
Ин нахустин сафари хориҷии президенти Русия пас аз инитихоб шуданаш ба мақоми раисҷумҳур хоҳад буд
2024-05-14T12:30+0500
2024-05-14T12:30+0500
2024-05-14T12:32+0500
владимир путин
русия
чин
си ҷинпин
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/15/1055661312_0:56:2853:1662_1920x0_80_0_0_2c6f6e6a991f6e605883dd73ec627b39.jpg
ДУШАНБЕ, 14 май — Sputnik. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин бо даъвати Си Ҷинпин ба Чин меравад.Дар ин бора дафтари матбуоти Кремл хабар дода, афзуд, ки Владимир Путин рӯзҳои 16-17 май бо як сафари давлатӣ ба Чин меравад.Нахустин сафари хориҷии Путин ба Чин дар ҳолест, ки соли гузашта кишвардори Чин ҳам пас аз пирӯзӣ дар интихобот нахустин сафари хориҷияшро аз Русия оғоз кард.Ба таъкиди Юрий Ушаков, ёвари президенти Русия, Владимир Путин ва Си Ҷинпин музокира анҷом медиҳанд ва санадҳои навро имзо хоҳанд кард.Зикр гардид, ки роҳбарони Русия ва Чин ҳамчунин дар маросими таҷлил аз 75-умин солгарди истиқрори равобити дипломатӣ ва ифтитоҳи Солҳои фарҳанги ду кишвар ширкат хоҳанд кард.Ёдовар мешавем, қаблан Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дод, ки роҳбари Чин тасмими сафар ба Тоҷикистонро низ дорад, вале феълан рӯзи сафар дақиқ нашудааст.Манбаъ афзуд, ки Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон ва муовини вазири хориҷии Чин, Сун Вэйдун мулоқот карданд ва омодагиҳо ба сафари роҳбари Чин ба Тоҷикистонро баррасӣ намуданд.
https://sputnik.tj/20240428/si-jinpin-ba-tojikiston-meoyad-1062665513.html
русия
чин
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/15/1055661312_66:0:2797:2048_1920x0_80_0_0_261814128d07910f11cedae4e16f6953.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
путин ҷинпин чин сафар
Путин бо даъвати Ҷинпин ба Чин меравад
12:30 14.05.2024 (Навсозишуда: 12:32 14.05.2024) Ин нахустин сафари хориҷии президенти Русия пас аз инитихоб шуданаш ба мақоми раисҷумҳур хоҳад буд
ДУШАНБЕ, 14 май — Sputnik. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин бо даъвати Си Ҷинпин ба Чин меравад.
Дар ин бора дафтари матбуоти Кремл хабар дода, афзуд, ки Владимир Путин рӯзҳои 16-17 май бо як сафари давлатӣ ба Чин меравад.
"Бо даъвати раисиҷумҳури Чин Си Ҷинпин, Владимир Путин рӯзҳои 16-17 май ба унвони нахустин сафари хориҷии худ пас аз ба қудрат расиданаш ба Ҷумҳурии Мардумии Чин як сафари давлатӣ анҷом медиҳад", - омадааст дар хабари манбаъ.
Нахустин сафари хориҷии Путин ба Чин дар ҳолест, ки соли гузашта кишвардори Чин ҳам пас аз пирӯзӣ дар интихобот нахустин сафари хориҷияшро аз Русия оғоз кард.
Ба таъкиди Юрий Ушаков, ёвари президенти Русия, Владимир Путин ва Си Ҷинпин музокира анҷом медиҳанд ва санадҳои навро имзо хоҳанд кард.
Зикр гардид, ки роҳбарони Русия ва Чин ҳамчунин дар маросими таҷлил аз 75-умин солгарди истиқрори равобити дипломатӣ ва ифтитоҳи Солҳои фарҳанги ду кишвар ширкат хоҳанд кард.
Ёдовар мешавем, қаблан Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дод, ки роҳбари Чин тасмими сафар ба Тоҷикистонро низ дорад, вале феълан рӯзи сафар дақиқ нашудааст.
Манбаъ афзуд, ки Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон ва муовини вазири хориҷии Чин, Сун Вэйдун мулоқот карданд ва омодагиҳо ба сафари роҳбари Чин ба Тоҷикистонро баррасӣ намуданд.