КҲФ аз хавфи омадани сел дар ду минтақаи Тоҷикистон ҳушдор дод

© КҲФСел дар Тоҷикистон
Сел дар Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.05.2024
Обуна шудан
Ин ниҳод ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва як қатор ноҳияҳои тобеи марказро ном бурд, ки зери хавфи селфароӣ қарор доранд
ДУШАНБЕ, 15 май — Sputnik. Давоми шабонарӯзи наздик дар як қатор ноҳияҳои тобеи марказ ва навоҳии ғарби ВМКБ хатари омадани сел боқӣ мемонад.
Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои ҳолатҳои фавқулода бо истинод ба Оҷонсии обуҳавошиносии кишвар хабар дод.

Дар ҳамин ҳол, Кумита бо мақсади пешгирии садамаҳои марбут ба оқибатҳои эҳтимолии шароити обу ҳаво аз идораҳои мутасаддӣ ва аҳолӣ дархост намуд, ки ҷиҳати пешгирии оқибатҳои омадани сел каналҳо, селроҳаҳо, ҷӯйборҳоро тоза кунанд.
Илова бар ин, аз шаҳрвандон дархост шуд, ки дар фарзандони худро беназорат нагузоранд ва аз рафтани онҳо ба моҳидорӣ, чорвочаронӣ, ӯунчинии гиёҳҳои шифобахш пешгирӣ кунанд.
Дар ин рӯзҳо ҳамчунин сайру саёҳат дар мавзеъҳои кӯҳӣ тавсия дода намешавад.
Последствия сильных осадков в Согдийской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.05.2024
Ҳалокати 3 зан: Ҷузъиёти селҳои харобиовар дар Тоҷикистон - аксҳо
Ёдовар мешавем, ки авоили моҳи равон бар асари боронгариҳо ва омадани сел дар Тоҷикистон се зан кушта шуданд.
Яке зимни чарондани чорво дар деҳоти Гули Сурхи Истарафшан зери сел монд ва дуи дигар дар Варзоб бар асари омадани селоба ба ҳалокат расиданд
Лентаи хабарҳо
0