https://sputnik.tj/20240506/halokat-zan-juziyot-sel-kharobiovar-tojikiston-1062749188.html
Ҳалокати 3 зан: Ҷузъиёти селҳои харобиовар дар Тоҷикистон - аксҳо
Ҳалокати 3 зан: Ҷузъиёти селҳои харобиовар дар Тоҷикистон - аксҳо
Sputnik Тоҷикистон
Тайи ду рӯзи охир қариб тамоми минтақаҳои Тоҷикистонро селу обхезӣ фаро гирифта, дар баробари хисорот ба хоҷагиҳо талафоти ҷонӣ низ дар пай доштаст
2024-05-06T13:47+0500
2024-05-06T13:47+0500
2024-05-06T13:47+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
ҳолат
сел
селфароӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/05/06/1062745427_0:0:994:559_1920x0_80_0_0_151930f5c3edd8e50ff06323d4a22cf4.jpg
ДУШАНБЕ, 6 май — Sputnik. Манзилҳои истиқоматӣ, роҳу пулҳо ва иншооти ёрирасон бар асари обхезию селҳои рӯзҳои охир дар Тоҷикистон осеб дида, дар вилояти Суғд ҳолати марги сокини маҳаллӣ ба қайд гирифта шудааст. Ба иттилои КҲФ, селхезиҳо дар минтақаҳои куҳии Суғд, навоҳии Хатлон, ноҳияи Дарвози ВМКБ ва Душанбею атрофи он ба қайд гирифта шудаст. Ба иттилои манбаъ, шоми 5 май асари боришоти шадид ҷавонзани 20-солаи деҳаи Бодомзори ҷамоати деҳоти Гули Сурхи шаҳри Истаравшан ҳангоми чарондани чорво зери сел монда ба ҳалокат расидааст. Ҷасади зан ёфт шуда, ба мақомот супорида шуд, афзуд манбаъ. Субҳи барқвати 5 май дар ҷамоати Чорбоғи ноҳияи Варзоб низ бар асари селоб ду сокини маҳаллӣ занони 40 ва 67-сола ба ҳалокат расидаанд. Барои шиносоӣ бо вазъият, сардори КҲФ, Рустам Назарзода аз ҷои ҳодиса боздид кардааст.Сел дар деҳаҳои шаҳри Ваҳдат, аз қабили А.Абдулвосиева, Нӯъмони Розиқ, Чуянгарон, Симиганҷ, Ромит, Роҳатӣ, ба номи К.Исмоилов ва кӯчаҳои маркази шаҳр низ фаромад, иншооту роҳҳоро хароб кардаст. Сокинон аз минтақаҳои хатарзо ба ҷои амн кӯчонда шуданд, афзуд КҲФ. Чунин ҳолатҳои обхезию сел дар шаҳру навоҳии дигари атрофи Душанбе низ ба қайд гирифта шудаанд. Инчунин сел пули мошингарди Нуробод-Сангвор-Дарвоз-Сари Ҷар дар ноҳияи Нурободро пурра хароб карда, ҳаракат дар ин масирро мутаваққиф намудаст. КҲФ таъкид намуд, ки барои бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ гуруҳҳои махсус ташкил карда шуда, зарари хисорот ҳисоб карда мешавад.
https://sputnik.tj/20240502/hushdori-khf-az-se-ruzi-serborish-va-selu-radu-barq-1062700056.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/05/06/1062745427_0:0:987:740_1920x0_80_0_0_f5c2e5449143eaef57edea1b0b0033da.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳалокат, сел, харобиовар, тоҷикистон, хоҷагӣ, хисорот
ҳалокат, сел, харобиовар, тоҷикистон, хоҷагӣ, хисорот
Ҳалокати 3 зан: Ҷузъиёти селҳои харобиовар дар Тоҷикистон - аксҳо
Тайи ду рӯзи охир қариб тамоми минтақаҳои Тоҷикистонро селу обхезӣ фаро гирифта, дар баробари хисорот ба хоҷагиҳо талафоти ҷонӣ низ дар пай доштаст
ДУШАНБЕ, 6 май — Sputnik. Манзилҳои истиқоматӣ, роҳу пулҳо ва иншооти ёрирасон бар асари обхезию селҳои рӯзҳои охир дар Тоҷикистон осеб дида, дар вилояти Суғд ҳолати марги сокини маҳаллӣ ба қайд гирифта шудааст.
Ба иттилои КҲФ, селхезиҳо дар минтақаҳои куҳии Суғд, навоҳии Хатлон, ноҳияи Дарвози ВМКБ ва Душанбею атрофи он ба қайд гирифта шудаст.
Ба иттилои манбаъ, шоми 5 май асари боришоти шадид ҷавонзани 20-солаи деҳаи Бодомзори ҷамоати деҳоти Гули Сурхи шаҳри Истаравшан ҳангоми чарондани чорво зери сел монда ба ҳалокат расидааст. Ҷасади зан ёфт шуда, ба мақомот супорида шуд, афзуд манбаъ.
Последствия сильных осадков в Согдийской области
Последствия сильных осадков в Согдийской области
Последствия сильных осадков в Согдийской области
Последствия сильных осадков в Согдийской области
Последствия сильных осадков в Согдийской области
Последствия сильных осадков в Согдийской области
Последствия сильных осадков в Согдийской области
Последствия сильных осадков в Согдийской области
Субҳи барқвати 5 май дар ҷамоати Чорбоғи ноҳияи Варзоб низ бар асари селоб ду сокини маҳаллӣ занони 40 ва 67-сола ба ҳалокат расидаанд. Барои шиносоӣ бо вазъият, сардори КҲФ, Рустам Назарзода аз ҷои ҳодиса боздид кардааст.
Сел дар деҳаҳои шаҳри Ваҳдат, аз қабили А.Абдулвосиева, Нӯъмони Розиқ, Чуянгарон, Симиганҷ, Ромит, Роҳатӣ, ба номи К.Исмоилов ва кӯчаҳои маркази шаҳр низ фаромад, иншооту роҳҳоро хароб кардаст. Сокинон аз минтақаҳои хатарзо ба ҷои амн кӯчонда шуданд, афзуд КҲФ.
Чунин ҳолатҳои обхезию сел дар шаҳру навоҳии дигари атрофи Душанбе низ ба қайд гирифта шудаанд.
Инчунин сел пули мошингарди Нуробод-Сангвор-Дарвоз-Сари Ҷар дар ноҳияи Нурободро пурра хароб карда, ҳаракат дар ин масирро мутаваққиф намудаст.
КҲФ таъкид намуд, ки барои бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ гуруҳҳои махсус ташкил карда шуда, зарари хисорот ҳисоб карда мешавад.