https://sputnik.tj/20240514/rubl-tojikiston-bolo-raft-1062832975.html
Рубл дар Тоҷикистон андаке боло рафт
Рубл дар Тоҷикистон андаке боло рафт
Sputnik Тоҷикистон
Ду асъори хориҷӣ дар бозори арзи Тоҷикистон мавқеяшро беҳтар намудаанд. Танҳо доллар рӯ ба поинравӣ ниҳодааст
2024-05-14T09:49+0500
2024-05-14T09:49+0500
2024-05-14T10:01+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
рубл
доллар
евро
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/11/1044214364_0:23:1000:586_1920x0_80_0_0_9973fc64566b742a5258435f1292cae4.jpg
ДУШАНБЕ, 14 май — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон эълон кард, ки нархи ду асъори калидии хориҷӣ дар бозори нақду ғайринақдии ҷумҳурӣ нисбат ба сомонӣ андаке боло рафт.Ба иттилои ин ниҳод феълан ҳазор рубли Русия бо нархи 119 сомонӣ муомилот мешавад. Дар ҳоле, ки як рӯз қабл нархи он 118,5 сомонио ташкил дода буд. Зимнан, қурби доллар дар бозори арзи кишвар баръакс поин рафта ба 10.8987 сомонӣ расидааст. Евро дар баробари рубл мавқеяшро беҳтар намуда, ҳоло 11.7553 сомонӣ нарх дорад.Рубл дар Тоҷикистон яке аз сертаваҷҷуҳтарин асъор ба шумор меравад ва қимати он ба пул дар кисаи аҳолии кишвар таъсири бевосита дорад.Таърихи Тоҷикистон дар пули 3 сомонӣАз ҷумла садҳо ҳазор тоҷикистонӣ дар Русия кор мекунанд ва муздашонро бо рубл мегиранду мефиристанд, аммо хонаводаҳояшон вобаста ба қурб онро бо сомонӣ мегиранд.Дар ҳамин ҳол БМТ ҳушдор додаст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст.Таъкид шудаст, ки риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/11/1044214364_77:0:964:665_1920x0_80_0_0_7e5092aa8f5d3718953d90b4359d71d8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
рубл тоҷикистон
Рубл дар Тоҷикистон андаке боло рафт
09:49 14.05.2024 (Навсозишуда: 10:01 14.05.2024) Ду асъори хориҷӣ дар бозори арзи Тоҷикистон мавқеяшро беҳтар намудаанд. Танҳо доллар рӯ ба поинравӣ ниҳодааст
ДУШАНБЕ, 14 май — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон эълон кард, ки нархи ду асъори калидии хориҷӣ дар бозори нақду ғайринақдии ҷумҳурӣ нисбат ба сомонӣ андаке боло рафт.
Ба иттилои ин ниҳод феълан ҳазор рубли Русия бо нархи 119 сомонӣ муомилот мешавад. Дар ҳоле, ки як рӯз қабл нархи он 118,5 сомонио ташкил дода буд.
Зимнан, қурби доллар дар бозори арзи кишвар баръакс поин рафта ба 10.8987 сомонӣ расидааст.
Евро дар баробари рубл мавқеяшро беҳтар намуда, ҳоло 11.7553 сомонӣ нарх дорад.
Рубл дар Тоҷикистон яке аз сертаваҷҷуҳтарин асъор ба шумор меравад ва қимати он ба пул дар кисаи аҳолии кишвар таъсири бевосита дорад.
Аз ҷумла садҳо ҳазор тоҷикистонӣ дар Русия кор мекунанд ва муздашонро бо рубл мегиранду мефиристанд, аммо хонаводаҳояшон вобаста ба қурб онро бо сомонӣ мегиранд.
Дар ҳамин ҳол БМТ ҳушдор додаст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст.
Таъкид шудаст, ки риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.