https://sputnik.tj/20240506/taghyiroti-kadri-hukumati-tojikiston-rahmon-1062751136.html
Тағйироти кадрӣ дар ҳукумати Тоҷикистон: Раҳмон аз мансабдорони нав чӣ хост?
Тағйироти кадрӣ дар ҳукумати Тоҷикистон: Раҳмон аз мансабдорони нав чӣ хост?
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон бо имзои фармону қарорҳои ҳукумат дар сохторҳои марказии мақомоти иҷроия тағйироти кадрӣ анҷом дода, бархе сафиронро иваз намуд
2024-05-06T16:36+0500
2024-05-06T16:36+0500
2024-05-06T17:27+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
тағйирот
кадрӣ
эмомалӣ раҳмон
фармон
амри президент
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/05/06/1062752167_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_5301e2e99035be8da7abe4d9abfe8ba2.jpg
ДУШАНБЕ, 6 май — Sputnik. Тағйироти кадрӣ дар вазоратҳои молия, корҳои хориҷӣ ва мақомоти дигари марказӣ амалӣ шуданд, хабар дод дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон. Ба иттилои манбаъ, бо фармонҳои президент сафирони Тоҷикистон дар Ҷопон, Ҷумҳурии Мисри Араб, Давлати Қатар, Покистон ва муовини якуми директори Агентии назорати маводи нашъаовари ҷумҳурӣ таъйин гардиданд. Бо қарорҳои ҳукумат кадрҳои нав дар мақоми директори Агентии авиатсияи гражданӣӣ ва директори Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди ҳукумат таъйин шуданд. Ҳамчунин муовини якум ва муовинони вазири молияи Тоҷикистон муайян шудаанд. Дар қатори кадрҳои навтаъйин ҳамчунин муовини якум ва муовинони раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, директори КВД "Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул", муовинони раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, муовини якуми сардори Хадамоти иҷро зикр шудаанд. Бо амрҳои президенти Тоҷикистон Ҳаким Исмоилзода ба вазифаи муовини якуми директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, Исфандиёр Яздонзода ва Мералӣ Бодуршозода муовинони директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ таъйин шудаанд. Раҳмон зимни суҳбат бо кадрҳои навтаъйин ба таҳким ва густариши муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо кишварҳои шарикони рушд, муаррифии шоистаи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ, ҷалби сармояву сайёҳон ва технологияи муосир ба мамлакат, афзун намудани сарчашмаҳо ва ҳаҷми даромадҳо ба буҷети давлат таъкид кард. Беҳсозии таъминоти ақибгоҳӣ, баланд бардоштани сифати таълиму тарбияи насли наврас, омодасозии хуби кадрҳои ҷавони ояндадор, пурзӯр намудани интизоми корӣ ва дар маҷмуъ содиқона ва софдилона хизмат намудан ба Ватан аз дастуроти дигари Эмомалӣ Раҳмон будаанд.
https://sputnik.tj/20240305/taghyiroti-kadri-sokhtor-energetikii-tojikiston-1061934892.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/05/06/1062752167_0:0:2579:1934_1920x0_80_0_0_2bdeb83da46eab262946cb35612976f3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эмомалӣ раҳмон, тағйирот, кадрӣ, сохтор
эмомалӣ раҳмон, тағйирот, кадрӣ, сохтор
Тағйироти кадрӣ дар ҳукумати Тоҷикистон: Раҳмон аз мансабдорони нав чӣ хост?
16:36 06.05.2024 (Навсозишуда: 17:27 06.05.2024) Раисҷумҳури Тоҷикистон бо имзои фармону қарорҳои ҳукумат дар сохторҳои марказии мақомоти иҷроия тағйироти кадрӣ анҷом дода, бархе сафиронро иваз намуд
ДУШАНБЕ, 6 май — Sputnik. Тағйироти кадрӣ дар вазоратҳои молия, корҳои хориҷӣ ва мақомоти дигари марказӣ амалӣ шуданд, хабар дод дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, бо фармонҳои президент сафирони Тоҷикистон дар Ҷопон, Ҷумҳурии Мисри Араб, Давлати Қатар, Покистон ва муовини якуми директори Агентии назорати маводи нашъаовари ҷумҳурӣ таъйин гардиданд.
Бо қарорҳои ҳукумат кадрҳои нав дар мақоми директори Агентии авиатсияи гражданӣӣ ва директори Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди ҳукумат таъйин шуданд.
Ҳамчунин муовини якум ва муовинони вазири молияи Тоҷикистон муайян шудаанд.
Дар қатори кадрҳои навтаъйин ҳамчунин муовини якум ва муовинони раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, директори КВД "Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул", муовинони раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, муовини якуми сардори Хадамоти иҷро зикр шудаанд.
Бо амрҳои президенти Тоҷикистон Ҳаким Исмоилзода ба вазифаи муовини якуми директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, Исфандиёр Яздонзода ва Мералӣ Бодуршозода муовинони директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ таъйин шудаанд.
Раҳмон зимни суҳбат бо кадрҳои навтаъйин ба таҳким ва густариши муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо кишварҳои шарикони рушд, муаррифии шоистаи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ, ҷалби сармояву сайёҳон ва технологияи муосир ба мамлакат, афзун намудани сарчашмаҳо ва ҳаҷми даромадҳо ба буҷети давлат таъкид кард.
Беҳсозии таъминоти ақибгоҳӣ, баланд бардоштани сифати таълиму тарбияи насли наврас, омодасозии хуби кадрҳои ҷавони ояндадор, пурзӯр намудани интизоми корӣ ва дар маҷмуъ содиқона ва софдилона хизмат намудан ба Ватан аз дастуроти дигари Эмомалӣ Раҳмон будаанд.