https://sputnik.tj/20240428/si-jinpin-ba-tojikiston-meoyad-1062665513.html
Си Ҷинпин ба Тоҷикистон меояд
Си Ҷинпин ба Тоҷикистон меояд
Sputnik Тоҷикистон
Ҷузъиёти ин сафарро, ки санаи он ҳанӯз мушаххас нашудааст, Сироҷиддин Муҳриддин ва муовини вазири корҳои хориҷии Чин дар Душанбе баррасӣ карданд
2024-04-28T14:10+0500
2024-04-28T14:10+0500
2024-04-28T14:10+0500
дар тоҷикистон
чин
вазорати хориҷаи тоҷикистон
раҳбар
си ҷинпин
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/08/1040749849_0:163:2693:1678_1920x0_80_0_0_baac551228c86e18e734b173f80fc8c4.jpg
ДУШАНБЕ, 28 апрель — Sputnik. Раисиҷумҳури Чин Си Ҷинпин тасмим дорад бо як сафари давлатӣ ба Тоҷикистон сафар намояд.Дар ин бора дар мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон ва Сун Вэйдун, муовини вазири хориҷаи Чин, ки дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, матраҳ шудааст.Дипломатҳо омодагиҳо ба сафари раҳбари Чинро баррасӣ карданд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.Ин дар ҳолест, ки то ҳол санаи сафари раҳбари Чин мушаххас нашудааст.Зимни мулоқот дипломатҳо таҳким ва густариши шарикии стратегии Тоҷикистону Чин дар бахшҳои сиёсӣ, низомию техникӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангӣ ва гуманитарӣ низ баррасӣ шуд.Ёдовар мешавем, ки Си Ҷинпин, раҳбари Чин моҳи июни соли 2019 бо як сафари давлатӣ ба Душанбе сафар карда буд ва зимни сафар бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дидору гуфтугӯ карда буд.Ҳамзамон ӯ дар нишасти панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, ки дар пойтахти Тоҷикистон баргузор шуд, ширкат намуд.Моҳи майи соли 2023 Эмомалӣ Раҳмон сафари расмӣ ба Чин анҷом дода буд, ӯ дар дар нахустин мулоқоти сарони давлатҳо дар нишасти сатҳи олии Осиёи Марказӣ ва Чин ширкат дошт.Раҳбари Тоҷикистон зимни сафари худ ба Чин Си Ҷинпинро ба Тоҷикистон даъват карда буд.
https://sputnik.tj/20240413/rahmon-ozarboyjon-meravad-tafsilot-1062465246.html
чин
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/08/1040749849_120:0:2573:1840_1920x0_80_0_0_5f7de9dbf5944d9f67c18177a258ebb7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, чин, си ҷинпин, сафар, душанбе, раҳмон, вазорати хориҷа
тоҷикистон, чин, си ҷинпин, сафар, душанбе, раҳмон, вазорати хориҷа
Си Ҷинпин ба Тоҷикистон меояд
Ҷузъиёти ин сафарро, ки санаи он ҳанӯз мушаххас нашудааст, Сироҷиддин Муҳриддин ва муовини вазири корҳои хориҷии Чин дар Душанбе баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 28 апрель — Sputnik. Раисиҷумҳури Чин Си Ҷинпин тасмим дорад бо як сафари давлатӣ ба Тоҷикистон сафар намояд.
Дар ин бора дар мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон ва Сун Вэйдун, муовини вазири хориҷаи Чин, ки дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, матраҳ шудааст.
Дипломатҳо омодагиҳо ба сафари раҳбари Чинро баррасӣ карданд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.
Ин дар ҳолест, ки то ҳол санаи сафари раҳбари Чин мушаххас нашудааст.
Зимни мулоқот дипломатҳо таҳким ва густариши шарикии стратегии Тоҷикистону Чин дар бахшҳои сиёсӣ, низомию техникӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангӣ ва гуманитарӣ низ баррасӣ шуд.
Ёдовар мешавем, ки Си Ҷинпин, раҳбари Чин моҳи июни соли 2019 бо як сафари давлатӣ ба Душанбе сафар карда буд ва зимни сафар бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дидору гуфтугӯ карда буд.
Ҳамзамон ӯ дар нишасти панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, ки дар пойтахти Тоҷикистон баргузор шуд, ширкат намуд.
Моҳи майи соли 2023 Эмомалӣ Раҳмон сафари расмӣ ба Чин анҷом дода буд, ӯ дар дар нахустин мулоқоти сарони давлатҳо дар нишасти сатҳи олии Осиёи Марказӣ ва Чин ширкат дошт.
Раҳбари Тоҷикистон зимни сафари худ ба Чин Си Ҷинпинро ба Тоҷикистон даъват карда буд.