https://sputnik.tj/20240511/khf-az-najoti-9-nafarro-ki-ba-kumak-niyoz-doshtand-khabar-dod-1062814711.html
КҲФ аз наҷоти 9 нафарро, ки ба кумак ниёз доштанд, хабар дод
КҲФ аз наҷоти 9 нафарро, ки ба кумак ниёз доштанд, хабар дод
Sputnik Тоҷикистон
Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон аз сар задани ду ҳодисаи нохуш дар ҳудуди кишвар, ки дар он 9 нафар наҷот ёфтаанд хабар дод
2024-05-11T14:01+0500
2024-05-11T14:01+0500
2024-05-11T18:46+0500
дар тоҷикистон
кҳф
ҳодисаи нохуш
наҷотдиҳандагон
кӯмак
наҷот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/05/0b/1062814547_0:0:801:450_1920x0_80_0_0_32ea753f56256b22039f7ca1554b7ba7.jpg
ДУШАНБЕ, 11 мая — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи кишварр аз наҷоти сокинон аз дарё ва як садамаи нақлиётии мудҳиш хабар дод.Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон дар ҳодисаи аввал 4 нафар сокинони ҷамоати деҳоти Гулистони шаҳри Ваҳдат бо истифода аз 1 адад техникаи вазнини муҳандисӣ беиҷозат кӯшиш карда, маҷрои дарёи Кофарниҳонро тағйир диҳанд, то хонаҳои онҳо аз сел зарар набинанд.Бар асари боришоти зиёд сатҳи оби рӯдхона боло рафта, чаҳор нафар сокинон дар ҷараёни кор дар мобайни рӯдхона банд монданд.Таъкид карда шудааст, ки пас аз дарёфти муроҷиат як гурӯҳи наҷотдиҳандагони КҲФ ба ҷои ҳодиса рафта онҳоро наҷот доданд, техника аз дарёи берун оварда шуд.Ба иттилои манбаъ ҳодисаи дуввум дар ҷануби кишвар рух додааст.Садамаи нақлиётӣ дар километри 234-уми шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб-Дарвоз Хоруғ, дар наздикии деҳаи Хирманҷои ҷамоати деҳоти ба номи Нуриддин Маҳмудови ноҳияи Шоҳин рух додааст.“Автомашинаи тамғаи "Тойота Лэндкрузер" таҳти идораи марди 34-солаи сокини шаҳри Хоруғ аз идоракунӣ маҳрум ва чаппа шудааст. Ҳангоми садама дар дохили мошин панҷ нафар мусофирон будааст”, қайд кардааст КҲФ.Барои расонидани кумак ва анҷом додани корҳо ҷиҳати рафъи оқибатҳо наҷотдиҳандагон, ки дар ин қитъаи роҳ навбатдорӣ доштанд, кумак расониданд.Зикр гардидааст, ки дар натиҷаи садама ронанда осеб надидааст ва ба мусофирон ёрии аввалияи тиббӣ расонида шудааст.
https://sputnik.tj/20240413/khf-ruz-khatarnok-tojikiston-hushdor-1062463867.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/05/0b/1062814547_100:0:700:450_1920x0_80_0_0_71edae362c158c66a034bc88a9cbbd44.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, кҳф, наҷот, наҷотдиҳандагон, ҳодисаи нохуш, кумак
тоҷикистон, кҳф, наҷот, наҷотдиҳандагон, ҳодисаи нохуш, кумак
КҲФ аз наҷоти 9 нафарро, ки ба кумак ниёз доштанд, хабар дод
14:01 11.05.2024 (Навсозишуда: 18:46 11.05.2024) Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон аз сар задани ду ҳодисаи нохуш дар ҳудуди кишвар, ки дар он 9 нафар наҷот ёфтаанд хабар дод
ДУШАНБЕ, 11 мая — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи кишварр аз наҷоти сокинон аз дарё ва як садамаи нақлиётии мудҳиш хабар дод.
Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон дар ҳодисаи аввал 4 нафар сокинони ҷамоати деҳоти Гулистони шаҳри Ваҳдат бо истифода аз 1 адад техникаи вазнини муҳандисӣ беиҷозат кӯшиш карда, маҷрои дарёи Кофарниҳонро тағйир диҳанд, то хонаҳои онҳо аз сел зарар набинанд.
Бар асари боришоти зиёд сатҳи оби рӯдхона боло рафта, чаҳор нафар сокинон дар ҷараёни кор дар мобайни рӯдхона банд монданд.
Таъкид карда шудааст, ки пас аз дарёфти муроҷиат як гурӯҳи наҷотдиҳандагони КҲФ ба ҷои ҳодиса рафта онҳоро наҷот доданд, техника аз дарёи берун оварда шуд.
Ба иттилои манбаъ ҳодисаи дуввум дар ҷануби кишвар рух додааст.
Садамаи нақлиётӣ дар километри 234-уми шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб-Дарвоз Хоруғ, дар наздикии деҳаи Хирманҷои ҷамоати деҳоти ба номи Нуриддин Маҳмудови ноҳияи Шоҳин рух додааст.
“Автомашинаи тамғаи "Тойота Лэндкрузер" таҳти идораи марди 34-солаи сокини шаҳри Хоруғ аз идоракунӣ маҳрум ва чаппа шудааст. Ҳангоми садама дар дохили мошин панҷ нафар мусофирон будааст”, қайд кардааст КҲФ.
Барои расонидани кумак ва анҷом додани корҳо ҷиҳати рафъи оқибатҳо наҷотдиҳандагон, ки дар ин қитъаи роҳ навбатдорӣ доштанд, кумак расониданд.
Зикр гардидааст, ки дар натиҷаи садама ронанда осеб надидааст ва ба мусофирон ёрии аввалияи тиббӣ расонида шудааст.