https://sputnik.tj/20240413/khf-ruz-khatarnok-tojikiston-hushdor-1062463867.html
КҲФ аз се рӯзи хатарнок дар Тоҷикистон ҳушдор дод
КҲФ аз се рӯзи хатарнок дар Тоҷикистон ҳушдор дод
Sputnik Тоҷикистон
Кумита мегӯяд, хавфи сар задани офатҳои табиӣ аз ҳама беш ба қисмати ғарби ВМКБ, як қатор ноҳияҳои Хатлону Суғд ва НТҶ таҳдид мекунад
2024-04-13T15:31+0500
2024-04-13T15:31+0500
2024-04-13T15:31+0500
дар тоҷикистон
кҳф
сел
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/1b/1039789986_0:0:800:450_1920x0_80_0_0_4a27710c0bddccc5d30ec4904c06a536.jpg
ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik. Дар Тоҷикистон се рӯзи оянда бинобар хавфи омадани селу тарма хатарнок хоҳанд буд.Дар ин бора Кумитиа ҳолатҳои фавқулода хабар дод. Манбаъ бо истинод ба Оҷонсии обуҳавошиносии кишвар гуфт, рӯзҳои 13 -15 апрел дар як қатор ноҳияҳои вилояти Хатлон, шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ ва ҳамчунин қисмати ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Баахшон хавфи омадани сел мавҷуд аст.Илова бар ин, рӯзи 15 апрел ба ноҳияҳои кӯҳии вилояти Хатлон низ селфароӣ таҳдид мекунад, мегӯяд КҲФ.Дар робита ба ин, Кумита аз аҳлӣ хост дар ин рӯзҳо аз сайру гашт дар кӯҳҳо, шикор, моҳидорӣ, ҷаъоварии занбурӯғ худдорӣ кунанд.Илова бар ин, аз волидон дархост шуд, ки махсус дар се рӯзи оянда фарзандҳои худро беназорат нагузоранд.Ҳамчунин, аз ронандагон низ даъват шуд, ки дар роҳҳо аз эҳтиёт кор гиранд ва фосилаи муқарраршудаи ҳаракатро қатъиян риоя кунанд.
https://sputnik.tj/20240411/hushdor-khatar-omadan-sel-tojikiston-1062441241.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/1b/1039789986_100:0:700:450_1920x0_80_0_0_79a4ec033f4f224e53d64ff06c9a109e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
кҳф тоҷикистон сел
КҲФ аз се рӯзи хатарнок дар Тоҷикистон ҳушдор дод
Кумита мегӯяд, хавфи сар задани офатҳои табиӣ аз ҳама беш ба қисмати ғарби ВМКБ, як қатор ноҳияҳои Хатлону Суғд ва НТҶ таҳдид мекунад
ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik. Дар Тоҷикистон се рӯзи оянда бинобар хавфи омадани селу тарма хатарнок хоҳанд буд.
Дар ин бора Кумитиа ҳолатҳои фавқулода хабар дод. Манбаъ бо истинод ба Оҷонсии обуҳавошиносии кишвар гуфт, рӯзҳои 13 -15 апрел дар як қатор ноҳияҳои вилояти Хатлон, шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ ва ҳамчунин қисмати ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Баахшон хавфи омадани сел мавҷуд аст.
Илова бар ин, рӯзи 15 апрел ба ноҳияҳои кӯҳии вилояти Хатлон низ селфароӣ таҳдид мекунад, мегӯяд КҲФ.
"Бар асари боришот баланд шудани сатҳи об дар дарёҳои Ёхсу, Қизилсу (ҷанубӣ) ва дарёҳое, ки аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷорӣ мешаванд, дар назар аст", - омадааст дар хабари КҲФ.
Дар робита ба ин, Кумита аз аҳлӣ хост дар ин рӯзҳо аз сайру гашт дар кӯҳҳо, шикор, моҳидорӣ, ҷаъоварии занбурӯғ худдорӣ кунанд.
Илова бар ин, аз волидон дархост шуд, ки махсус дар се рӯзи оянда фарзандҳои худро беназорат нагузоранд.
Ҳамчунин, аз ронандагон низ даъват шуд, ки дар роҳҳо аз эҳтиёт кор гиранд ва фосилаи муқарраршудаи ҳаракатро қатъиян риоя кунанд.