https://sputnik.tj/20240511/iskandar-patriotro-nobud-kard----video-1062813228.html
Искандар Патриотро нобуд кард - видео
Искандар Патриотро нобуд кард - видео
Sputnik Тоҷикистон
Артиши Русия дар минтақаи Гуляйполе гаронтарин системаҳои дифои ҳавоии сохти ИМА “Patriot”, ки дар ихтиёри артиши Украина қарор дорад нобуд карданд
2024-05-11T16:20+0500
2024-05-11T16:20+0500
2024-05-11T16:20+0500
видео
украина
амалиёти вижа
искандар
мушак
вазорати дифои русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/05/0b/1062813059_100:0:1298:674_1920x0_80_0_0_2e7e7965d9f7c19277460b8b57d9e8f9.jpg
Артиши Русия ба системаи зиддимушакии “Patriot” ва истгоҳи радарии AN/MPQ-65 дар минтақаи Гуляйполе зарба заданд, иттилоъ додааст вазорати дифои Русия."Мо бо мушаки “Искандар” дар минтақаи деҳаи Гуляйполе вилояти Запорожие ба системаи дифои ҳавоии “Patriot” ва радари AN/MPQ-65-и Қувваҳои Мусаллаҳи Украина зарба задем."Тавре вазири дифоъ Сергей Шойгу моҳи март хабар дода буд, артиши Русия аз аввали сол панҷ системаи “Patriot”-ро нобуд кардаанд.Лавров эҳтимоли музокироту оташбас дар Украинаро шарҳ додДар Украина вақтҳои охир дар бораи мушкилоти системаҳои дифои ҳавоӣ бештар хабар медиҳанд. Ҳамин тариқ, директори генералии холдинги энергетикии ДТЭК Максим Тимченко эътироф кард, ки дифои ҳарими ҳавоии кишвар назар ба чанд моҳи пеш ба таври назаррас заифтар шудааст.Дар охири моҳи апрел Владимир Зеленский аз шарикони ғарбӣ талаб кард, ки ба кишвараш ҳафт системаи “Patriot”-лозим аст, дар ҳоле, ки қаблан мегфт барои муҳофизати фазои Украина панҷ система кофист.Нерӯҳои Русия Очереткиноро озод кардандМушовири амнияти миллии президенти ИМА Ҷейк Салливан дар навбати худ қайд кард, ки Вошингтон то ҳол системаи озоди дифои ҳавоӣ барои интиқол ба ба ин икшвар надорад.Дар ҳамин ҳол, рӯзи ҷумъа Ҷо Байден як бастаи нави кумак ба Киевро ба маблағи 400 млн доллар эълон кард. Ба иттилои Politico, кумакҳо аз мушакҳо барои системаҳои “Patriot” ва мошинҳои ҷангии Брэдлӣ иборат мебошанд.
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/05/0b/1062813059_249:0:1148:674_1920x0_80_0_0_d295f1293bff1a3e7b21c001604ed0d0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
видео, искандар, мушак, патриот, украина, амалиёти вижа, нобуд
видео, искандар, мушак, патриот, украина, амалиёти вижа, нобуд
Искандар Патриотро нобуд кард - видео
Артиши Русия дар минтақаи Гуляйполе гаронтарин системаҳои дифои ҳавоии сохти ИМА “Patriot”, ки дар ихтиёри артиши Украина қарор дорад нобуд карданд
Артиши Русия ба системаи зиддимушакии “Patriot” ва истгоҳи радарии AN/MPQ-65 дар минтақаи Гуляйполе зарба заданд, иттилоъ додааст вазорати дифои Русия.
"Мо бо мушаки “Искандар” дар минтақаи деҳаи Гуляйполе вилояти Запорожие ба системаи дифои ҳавоии “Patriot” ва радари AN/MPQ-65-и Қувваҳои Мусаллаҳи Украина зарба задем."
Тавре вазири дифоъ Сергей Шойгу моҳи март хабар дода буд, артиши Русия аз аввали сол панҷ системаи “Patriot”-ро нобуд кардаанд.
Дар Украина вақтҳои охир дар бораи мушкилоти системаҳои дифои ҳавоӣ бештар хабар медиҳанд. Ҳамин тариқ, директори генералии холдинги энергетикии ДТЭК Максим Тимченко эътироф кард, ки дифои ҳарими ҳавоии кишвар назар ба чанд моҳи пеш ба таври назаррас заифтар шудааст.
Дар охири моҳи апрел Владимир Зеленский аз шарикони ғарбӣ талаб кард, ки ба кишвараш ҳафт системаи “Patriot”-лозим аст, дар ҳоле, ки қаблан мегфт барои муҳофизати фазои Украина панҷ система кофист.
Мушовири амнияти миллии президенти ИМА Ҷейк Салливан дар навбати худ қайд кард, ки Вошингтон то ҳол системаи озоди дифои ҳавоӣ барои интиқол ба ба ин икшвар надорад.
Дар ҳамин ҳол, рӯзи ҷумъа Ҷо Байден як бастаи нави кумак ба Киевро ба маблағи 400 млн доллар эълон кард. Ба иттилои Politico, кумакҳо аз мушакҳо барои системаҳои “Patriot” ва мошинҳои ҷангии Брэдлӣ иборат мебошанд.