https://sputnik.tj/20240505/neruhoi-rusiya-ocheretkino-ozod-1062736251.html
Нерӯҳои Русия Очереткиноро озод карданд
Нерӯҳои Русия Очереткиноро озод карданд
Sputnik Тоҷикистон
Гуруҳи низомии "Марказ"-и қувваҳои мусаллаҳи Русия минтақаи Очеретиноро дар Донетск комилан озод карда, ҳашт ҳуҷуми ҷавобии артиши Украинаро пас гардондаанд
2024-05-05T17:06+0500
2024-05-05T17:06+0500
2024-05-06T12:02+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
дар русия
амният ва мудофиа
украина
донетск
кишвар
озод
амалиёт
низомӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/04/02/1062298425_0:177:3014:1872_1920x0_80_0_0_6930a8f21a323dbd48eefb788168c613.jpg
ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Нерӯҳои Украина то 380 нафар, 7 адад техника, аз ҷумла як танки Abrams-ро талаф додааст. Воҳидҳои гуруҳи "Марказ" дар натичаи амалиёт минтақаи Очеретинои Ҷумҳурии Халкии Донетскро комилан озод карда, вазъияти тактикиро бехтар намудаанд, иттилоъ дод Вазорати мудофиаи Русия. Инчунин зикр шудаст, ки нерӯҳои Русия дар минтақаҳои аҳолинишини Архангелск ва Новгородскии Донетск 8 ҳуҷуми ҷавобии нерӯҳои Украинаро пас гардонд. Зикр гардид, ки ерӯҳои мусаллаҳи Украина то 380 нафар низомиён, як танки сохти амрикоии Abrams, 2 мошини ҷангӣ, аз ҷумла як мошини зиреҳпӯши сохти амрикоӣ ва 3 мошини боркашро аз даст додаанд. Дар рафти задухурд инчунин гаубитсаи 155-мм-и амрикоии М777, артиллерияи худгард-и 155 миллиметрии "Краб"-и Лаҳистон, "Гвоздика" ва чанд гаубитсаи дигар нобуд карда шуданд. Русия 24 феврали соли 2022 амалиёти низомиро дар Украина оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро “ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд”.Ба гуфтаи ӯ, барои ноил шудан ба ин ҳадаф "ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина" ва ба ҷавобгарӣ кашидани тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс пешбинӣ шудааст. Дар посух кишварҳои ғарбӣ алайҳи Русия таҳримҳои густурда ҷорӣ карданд.
https://sputnik.tj/20240504/safir-qazoqiston-muzokirot-ukraina-rusiya-1062729898.html
украина
донетск
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/04/02/1062298425_142:0:2873:2048_1920x0_80_0_0_02d42acb35e6be605a739dd749dfaad3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
донетск, минтақа, русия, озод, украина
донетск, минтақа, русия, озод, украина
Нерӯҳои Русия Очереткиноро озод карданд
17:06 05.05.2024 (Навсозишуда: 12:02 06.05.2024) Гуруҳи низомии "Марказ"-и қувваҳои мусаллаҳи Русия минтақаи Очеретиноро дар Донетск комилан озод карда, ҳашт ҳуҷуми ҷавобии артиши Украинаро пас гардондаанд
ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Нерӯҳои Украина то 380 нафар, 7 адад техника, аз ҷумла як танки Abrams-ро талаф додааст.
Воҳидҳои гуруҳи "Марказ" дар натичаи амалиёт минтақаи Очеретинои Ҷумҳурии Халкии Донетскро комилан озод карда, вазъияти тактикиро бехтар намудаанд, иттилоъ дод Вазорати мудофиаи Русия.
Инчунин зикр шудаст, ки нерӯҳои Русия дар минтақаҳои аҳолинишини Архангелск ва Новгородскии Донетск 8 ҳуҷуми ҷавобии нерӯҳои Украинаро пас гардонд.
Зикр гардид, ки ерӯҳои мусаллаҳи Украина то 380 нафар низомиён, як танки сохти амрикоии Abrams, 2 мошини ҷангӣ, аз ҷумла як мошини зиреҳпӯши сохти амрикоӣ ва 3 мошини боркашро аз даст додаанд.
Дар рафти задухурд инчунин гаубитсаи 155-мм-и амрикоии М777, артиллерияи худгард-и 155 миллиметрии "Краб"-и Лаҳистон, "Гвоздика" ва чанд гаубитсаи дигар нобуд карда шуданд.
Русия 24 феврали соли 2022 амалиёти низомиро дар Украина оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро “ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд”.
Ба гуфтаи ӯ, барои ноил шудан ба ин ҳадаф "ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина" ва ба ҷавобгарӣ кашидани тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс пешбинӣ шудааст. Дар посух кишварҳои ғарбӣ алайҳи Русия таҳримҳои густурда ҷорӣ карданд.