Рӯзҳои наздик хатарноканд! Раҳмон аз раисон хост, инро ба мардум расонанд

© Пресс-служба Президента ТаджикистанаВстреча Эмомали Рахмона и Министра общественной безопасности КНР Ван Сяохуна
Встреча Эмомали Рахмона и Министра общественной безопасности КНР Ван Сяохуна - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.05.2024
Обуна шудан
Аз сарвазир то раисони шаҳру ноҳияҳо дар Тоҷикистон дастур гирифтаанд, ки мардумро аз хатари офатҳои табиӣ дар рӯзҳои охир огоҳ созанд
ДУШАНБЕ, 10 май — Sputnik. Чанд рӯзи наздики дигар дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон, бахусус ноҳияҳои куҳӣ ва наздикӯҳӣ обу ҳавои номусоид ва офатҳои табиӣ пешбинӣ мегарданд.
Ин нуктаро раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар хитоб ба роҳбарони кишвар таъкид кардааст.
Раисҷумҳур сарвазири мамлакат, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор, раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, раисони вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳоро муваззаф кардаст, ки чораандешӣ кунанд.
"Барои пешгирӣ ва бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ, ба мисли боронҳои шадиди селу жола, обхезӣ ва сангрезиш дар роҳҳои куҳӣ чораҳои зарурӣ амалӣ намуда, мардумро аз ин хатарҳо огоҳ намоянд", - дастур гирифтаанд раисон аз Раҳмон.
Объявление купаться запрещено, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.05.2024
Ҳалокати се ноболиғ дар обҳои Тоҷикистон
Ахиран Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон бо такя ба ҳавошиносони кишвар ҳушдор дод, ки рӯзҳои 10-12 май дар шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлону Суғд ва дар ноҳияҳои тобеи марказ ва ғарби ВМКБ боришоти шадид, раъду барқ, жола, барф дар назар аст.
Рӯзҳои 10-12 май инчунин дар дарёҳои Ёхсу, Қизилсу (ҷануб) ва дарёҳое, ки аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор - Варзоб ва Лучоб ҷорӣ мешаванд, болоравии сатҳи об дар назар аст, афзуд ин ниҳод.
Лентаи хабарҳо
0