https://sputnik.tj/20240510/dumai-davlati-nomzad-sarvazir-rusiya-tasdiq-1062809917.html
Путин ба Думаи давлатӣ номзад ба сарвазирӣ дар Русияро пешниҳод кард
Путин ба Думаи давлатӣ номзад ба сарвазирӣ дар Русияро пешниҳод кард
Sputnik Тоҷикистон
Дарҳол пас аз савгандёдкунии раисиҷумҳури тозаинтихоби Русия, Владимир Путин кобинаи вазирон таҳти раҳбарии Михаил Мишустин истеъфо дод
2024-05-10T13:43+0500
2024-05-10T13:43+0500
2024-05-10T13:43+0500
дар русия
сиёсат
владимир путин
михаил мишустин
шӯро
шӯрои федератсияи русия
думаи давлатӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/04/03/1062324992_0:0:2992:1683_1920x0_80_0_0_1b44ffd9f6ae4025d9e5a651c5d24ee1.jpg
ДУШАНБЕ, 10 май — Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин номзадии Михаил Мишустинро ба мақоми нахуствазир ба Думаи давлатӣ пешбарӣ кард.Дар ин бора раиси Думаи давлатӣ, Вячеслав Володин хабар дод."Президент Владимир Владимирович Путин ба Думаи Давлатӣ пешниҳод дар бораи номзадии Михаил Владимирович Мишустин ба мақоми сарвазириро ироа кард", - гуфт ӯ.Дарҳол пас аз савгандёдкунии Владимир Путин ба ҳайси раисиҷумҳури тозаинтихоби Русия, кобинаи вазирон таҳти раҳбарии Михаил Мишустин истеъфо дода буд. Номзадии нахуствазир дар ҷаласаи умумии Думаи давлатӣ, ки 10 май баргузор мешавад, тасвиб мешавад.Тибқи қонун, раиси кобинаро баъд аз тасдиқи номзадияш аз ҷониби Думаи давлатӣ, президент таъин мекунад. Сардори нави кабинет на дертар аз як ҳафтаи баъди таъин шуданаш ба президент дар бораи сохтори мақомоти иҷроияи федералӣ таклифот мекунад. Сарвазир дар давоми 14 рӯз номзадии муовини сарвазир ва вазирони федеролиро барои тасдиқ ба Думаи давлатӣ пешниҳод мекунад, ба истиснои роҳбарони блоки амниятӣ ва Вазорати корҳои хориҷӣ, ки барои онҳо тартиби махсус татбиқ мешавад.Палатаи поёнии парлумон на дертар аз як ҳафта дар бораи номзадҳои пешниҳодкардаи сардори ҳукумат қарор қабул мекунад. Шахсоне, ки аз ҷониби он тасдиқ карда мешаванд, аз ҷониби президенти Русия ба вазифа таъйин мегарданд. Раҳбарони вазоратҳои дифоъ, Хадамоти амнияти федераллӣ - ФСБ, вазорати корҳои дохилӣ, вазорати адлия, вазорати ҳолатҳои изтирорӣ ва вазорати корҳои хориҷӣ пас аз машварат бо Шӯрои федератсия аз ҷониби худи президент таъйин карда мешаванд.
https://sputnik.tj/20240507/putin-savgand-yod-naqsha-dokhil-khorij-1062768128.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/04/03/1062324992_0:0:2732:2048_1920x0_80_0_0_4437e4dc541fcc30e4d87092fa1f8357.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
номзад, мишустин, сарвазир, русия, пешниҳод
номзад, мишустин, сарвазир, русия, пешниҳод
Путин ба Думаи давлатӣ номзад ба сарвазирӣ дар Русияро пешниҳод кард
Дарҳол пас аз савгандёдкунии раисиҷумҳури тозаинтихоби Русия, Владимир Путин кобинаи вазирон таҳти раҳбарии Михаил Мишустин истеъфо дод
ДУШАНБЕ, 10 май — Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин номзадии Михаил Мишустинро ба мақоми нахуствазир ба Думаи давлатӣ пешбарӣ кард.
Дар ин бора раиси Думаи давлатӣ, Вячеслав Володин хабар дод.
"Президент Владимир Владимирович Путин ба Думаи Давлатӣ пешниҳод дар бораи номзадии Михаил Владимирович Мишустин ба мақоми сарвазириро ироа кард", - гуфт ӯ.
Дарҳол пас аз савгандёдкунии Владимир Путин ба ҳайси раисиҷумҳури тозаинтихоби Русия, кобинаи вазирон таҳти раҳбарии Михаил Мишустин истеъфо дода буд.
Номзадии нахуствазир дар ҷаласаи умумии Думаи давлатӣ, ки 10 май баргузор мешавад, тасвиб мешавад.
Тибқи қонун, раиси кобинаро баъд аз тасдиқи номзадияш аз ҷониби Думаи давлатӣ, президент таъин мекунад. Сардори нави кабинет на дертар аз як ҳафтаи баъди таъин шуданаш ба президент дар бораи сохтори мақомоти иҷроияи федералӣ таклифот мекунад.
Сарвазир дар давоми 14 рӯз номзадии муовини сарвазир ва вазирони федеролиро барои тасдиқ ба Думаи давлатӣ пешниҳод мекунад, ба истиснои роҳбарони блоки амниятӣ ва Вазорати корҳои хориҷӣ, ки барои онҳо тартиби махсус татбиқ мешавад.
Палатаи поёнии парлумон на дертар аз як ҳафта дар бораи номзадҳои пешниҳодкардаи сардори ҳукумат қарор қабул мекунад. Шахсоне, ки аз ҷониби он тасдиқ карда мешаванд, аз ҷониби президенти Русия ба вазифа таъйин мегарданд.
Раҳбарони вазоратҳои дифоъ, Хадамоти амнияти федераллӣ - ФСБ, вазорати корҳои дохилӣ, вазорати адлия, вазорати ҳолатҳои изтирорӣ ва вазорати корҳои хориҷӣ пас аз машварат бо Шӯрои федератсия аз ҷониби худи президент таъйин карда мешаванд.