https://sputnik.tj/20240507/putin-savgand-yod-naqsha-dokhil-khorij-1062768128.html
Путин савганд ёд карду аз нақшаҳояш дар дохил ва хориҷ гуфт
Путин савганд ёд карду аз нақшаҳояш дар дохил ва хориҷ гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури тозаинтихоби Русия ба сокинони кишвар барои эътимоду дастгирӣ изҳори сипос карда, афзуд, ки самаранокии кор аз иттиҳод вобаста аст.
2024-05-07T15:40+0500
2024-05-07T15:40+0500
2024-05-07T16:14+0500
дар русия
владимир путин
сиёсат
дохил
хориҷ
маросими савгандёдкунӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/05/07/1062770097_0:0:3123:1756_1920x0_80_0_0_a97b0bc8b6baf901182e56639956dbe4.jpg
ДУШАНБЕ, 7 май — Sputnik. Русия халқи бузург дорад, ки ба тамоми аҳдофаш расида, якҷоя ба Ғалаба даст хоҳад ёфт, изҳор дошт Владимир Путин дар пайи савгандёдкунӣ ба ҳайси раисҷумҳури тозаинтихоб. Путин дар ҳузури ҳазорҳо нафар савганд ёд карда, ба сокинони тамоми минтақаҳои Русия барои боварию дастгирӣ изҳори миннатдорӣ намуд. Ҳифзу хидмат ба Русия дар меҳвари савганд аст, гуфт Путин баъди қироати матни он ва илова намуд, ки ин вазифаи муқаддас мебошад, ки минбаъд низ амнияти халқҳои Русия дар авлавият қарор хоҳад дошт. Вай изҳори боварӣ намуд, ки Русия марҳилаи мушкилро паси сар карда, ба ҳадафҳои гузошташуда ноил хоҳад шуд. Дар арсаи байналмилалӣ Путин гуфт, ки ҳамкорӣ бо кишварҳои дӯстро тақвият мебахшад ва афзуд, ки аз муколама бо кишварҳои ғарбӣ низ рӯй нагардондааст, аммо ин интихоби худи онҳост. Муколама бояд бо назардошти эҳтирому манофеи тарафайн бошад, илова намуд ӯ. Бо кишварҳои узви ИИАО барои ташаккули ҷаҳони бисёрқутба давом хоҳем дод, изҳор дошт Путин ва афзуд, ки низоми сиёсию давлатӣ бояд устувор бошад. Иттиҳоди тамоми халқҳои муқим дар Русияро Путин омили дигари муҳими рушди кишвар арзёбӣ кард.
https://sputnik.tj/20240507/namoyandai-tojikiston-savgandyodkunii-putin-malum-1062763471.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/05/07/1062770097_156:0:2885:2047_1920x0_80_0_0_1121896564353d2e780a55c716e96efe.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
владимир путин, раисҷумҳур, савганд, изҳорот
владимир путин, раисҷумҳур, савганд, изҳорот
Путин савганд ёд карду аз нақшаҳояш дар дохил ва хориҷ гуфт
15:40 07.05.2024 (Навсозишуда: 16:14 07.05.2024) Раисҷумҳури тозаинтихоби Русия ба сокинони кишвар барои эътимоду дастгирӣ изҳори сипос карда, афзуд, ки самаранокии кор аз иттиҳод вобаста аст.
ДУШАНБЕ, 7 май — Sputnik. Русия халқи бузург дорад, ки ба тамоми аҳдофаш расида, якҷоя ба Ғалаба даст хоҳад ёфт, изҳор дошт Владимир Путин дар пайи савгандёдкунӣ ба ҳайси раисҷумҳури тозаинтихоб.
Путин дар ҳузури ҳазорҳо нафар савганд ёд карда, ба сокинони тамоми минтақаҳои Русия барои боварию дастгирӣ изҳори миннатдорӣ намуд.
Ҳифзу хидмат ба Русия дар меҳвари савганд аст, гуфт Путин баъди қироати матни он ва илова намуд, ки ин вазифаи муқаддас мебошад, ки минбаъд низ амнияти халқҳои Русия дар авлавият қарор хоҳад дошт.
"Тақдири Русияро худи мо ҳал хоҳем кард", - гуфт Путин ва илова намуд, ки дастгирии сиёсати пешгирифта аз ҷониби мардум дар замони мушкил баёнгари он аст.
Вай изҳори боварӣ намуд, ки Русия марҳилаи мушкилро паси сар карда, ба ҳадафҳои гузошташуда ноил хоҳад шуд.
Дар арсаи байналмилалӣ Путин гуфт, ки ҳамкорӣ бо кишварҳои дӯстро тақвият мебахшад ва афзуд, ки аз муколама бо кишварҳои ғарбӣ низ рӯй нагардондааст, аммо ин интихоби худи онҳост. Муколама бояд бо назардошти эҳтирому манофеи тарафайн бошад, илова намуд ӯ.
Бо кишварҳои узви ИИАО барои ташаккули ҷаҳони бисёрқутба давом хоҳем дод, изҳор дошт Путин ва афзуд, ки низоми сиёсию давлатӣ бояд устувор бошад.
Иттиҳоди тамоми халқҳои муқим дар Русияро Путин омили дигари муҳими рушди кишвар арзёбӣ кард.