Табибони бидуни марз: Амалиёти Исроил дар Рафаҳ шаҳрро ба қабристон табдил медиҳад

© AFP 2023 / Mohammed AbedМечеть Аль-Фарук, разрушенная израильской бомбардировкой в Рафахе на юге сектора Газа
Мечеть Аль-Фарук, разрушенная израильской бомбардировкой в Рафахе на юге сектора Газа  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.05.2024
Обуна шудан
Ин созмон аз Исроил даъват кардааст, ки аз нақшаи гузаронидани амалиёти низомӣ дар ин шаҳр фавран даст кашад, зеро он пайомадщои ногувор барои мулкиён дорад
ДУШАНБЕ, 8 май — Sputnik. Амалиёти низомии исроилӣ дар Рафаҳ, ки дар ғарби навори Ғазза ҷойгир мебошад, таҳдид ба қабристон мубаддал гардонидани он аст.
Дар ин бора Аврил Бенуа, мудири иҷроияи созмони "Табибони бидуни марз" изщор дошт.
Қаблан дафтари матбуоти нирӯҳои дифои Исроил хабар дода буд, ки варақаҳо ба шаҳр интиқол ёфтаанд, ки дар он сокинони қисмати шарқӣ пеш аз амалиёти заминӣ ба тахлия даъват шудаанд.
Субҳи рӯзи сешанбе нерӯҳои исроилӣ амалиётро дар шарқи ин шаҳр оғоз карданд.
"Бо тамаркузи беш аз 1,5 миллион ғайринизомӣ дар ин қитъаи замин, авҷгирии ҳамалоти низомии Исроил таҳдиди ба қабристон мубаддал гардонидани Рафаҳро мекунад",- гуфт Бенуа.
Қайд карда мешавад, ки Исроил бояд нақшаҳои ҳамлаи заминиро фавран қатъ кунад, зеро шиддати минбаъда дар Рафаҳ ҳамла ба аҳолии дармондашуда хоҳад буд.
Ба гуфтаи ин созмон, ин амалиёт вазъи башарии бе ин ҳам нозук дар Рафаҳро хароб хоҳад кард.
Қаблан Оҷонси имдод ва кор бо паноҳандагони фаластинии Созмони Милал дар Ховари Наздик аз оқибати масдуд кардани гузаргоҳи Рафаҳ дар марзи Ғазза ва Миср ҳушдор дода гуфт, ки адами кумакҳои башардӯстона метавонад гуруснагӣ дар ин анклавро бадтар кунад.
Здание Министерства иностранных дел РФ в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.04.2024
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Маскав оқибати кумакҳои нави ИМА ба Украина, Исроил ва Тайванро гуфт
Раҳбари созмони байналмилалии "Наҷоти кӯдакон" Ингер Эшинг қайд кард, ки амалиёти ҳамлаи Исроил дар Рафаҳ ба кори созмонҳои башардӯстона барои расонидани кумак ба сокинони маҳаллӣ монеъ шуда, ҷони беш аз 600 ҳазор кӯдакро зери хатар мегузорад.
Ҳамзамон СММ барои ҳамла ба Рафоҳ Исроилро дар нақзи тамоми меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ муттаҳам кард.
Сухангӯи Дафтари ҳамоҳангсозии умури башардӯстонаи СММ Йенс Лаерке дар нишасти матбуотӣ дар Женева, гуфт, ин кишвар тамоми панҷ қоидаҳои ҳуқуқи байналмилалро нақз кард.
Дабири ин созмон Антониу Гуттериш изҳор дошт, ки амалиёти низомии Исроил дар Рафаҳ метавонад боиси "иштибоҳи стратегӣ, як фалокати сиёсӣ ва даҳшати башардӯстона" шавад.
Лентаи хабарҳо
0