https://sputnik.tj/20240508/raison-nazdimarzi-tojikiston-qirghiziston-tirparoni-barras-1062786853.html
Раисони наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон тирпаронии ахирро баррасӣ карданд
Раисони наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон тирпаронии ахирро баррасӣ карданд
Sputnik Тоҷикистон
Намояндагони навоҳии сарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон пас аз рухдоди ахир дар марз дидору мулоқот кардаанд, ки гуфта мешавад, дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ гузашт
2024-05-08T17:28+0500
2024-05-08T17:28+0500
2024-05-08T17:28+0500
вазъ дар марзи тоҷикистону қирғизистон
дар тоҷикистон
қирғизистон
марзи тоҷикистону қирғизистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/10/1051450859_0:0:1348:759_1920x0_80_0_0_d3e419ce9746d21b2ccc8d5b16f0594e.jpg
ДУШАНБЕ, 08 май – Sputnik. Раисони ноҳияҳои наздимарзии Ҷаббор Расулови Тоҷикистон ва Лайлаки Қирғизистон мулоқот кардаанд.Гуфтушунид дар маҳаллаи Мирзопочо воқеъ дар марзи миёни ҷамоатҳои деҳоти Қурғонча ва Ак – Босого баргузор гардид, гуфт, Нодир Усмонзода, раиси ҷамоати Қурғонча зимни суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон. Бар пояи иттилоъи манбаъ, дар мулоқот, ки ду соат давом кард, мақомоти сарҳадбонӣ, раисони маҳаллаҳо ва ноҳияҳои Ҷаббор Расулов ва Лайлак ширкат кардаанд. Зуҳри дирӯз дар марз миёни ҷамоатҳои Қурғонча ва Ак - Босого тирпарронӣ рух дод, ки дар пайи аз ҷониби Тоҷикистон як захмӣ барҷой гузошт.Тавре мақомоти Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон шарҳ дод, дар ҳодиса дар ҳоле як сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов захмӣ гардидааст, ки ният дошт барои раҳоии писари ноболиғаш ба сарҳадбонони қирғиз муроҷиат кунад. “Сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов муаллими таърих, ягон кирдоре, ки ба принсипҳои неки ҳамсоягӣ мухолиф аст, нишон надодааст. Аммо алайҳаш аз силоҳи оташфишон истифода намуданд, ки дар натиҷа ӯ захмӣ гардидааст”, - таъкид кардааст КДАМ. Ин манбаъ қайд кардааст, ки алҳол шаҳрванди захмбардоштаи Тоҷикистон дар беморхона бистарӣ шудааст. Баъди рухдоди ин ҳодиса мақомоти сарҳадбонии ноҳияҳои Ҷаббор Расулов ва Лайлак бо роҳи гуфтушунид рухдоди муноқишаро бартараф кардаанд. Зимни баргузории мулоқот масъулини ноҳияҳои наздимарзӣ дар бораи пешгирӣ аз рухдоди муноқишаҳои наздимарзӣ ва таъмини сулҳу субот ва амнияти мардумони наздимарзӣ таъкид варзидаанд. Раиси ҷамоати Қурғончаи ноҳияи Ҷаббор Расулов гуфт, ки вазъ дар сарҳад бо ноҳияи Лайлак ҳоло муътадил аст. Ноҳияи Ҷаббор Расулов баъд аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Исфара сеюмин минтақаи ҳаммарзи Тоҷикистон бо Қирғизистон дар вилояти Суғд мебошад.
https://sputnik.tj/20240507/kdam-tojikiston-tirparroni-marz-shahrvand-zakhm-1062775263.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/10/1051450859_0:0:1200:900_1920x0_80_0_0_45a9084e62f5f55698c6d252610613b3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, қирғизистон, марзи тоҷикистону қирғизистон
дар тоҷикистон, қирғизистон, марзи тоҷикистону қирғизистон
Раисони наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон тирпаронии ахирро баррасӣ карданд
Намояндагони навоҳии сарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон пас аз рухдоди ахир дар марз дидору мулоқот кардаанд, ки гуфта мешавад, дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ гузашт
ДУШАНБЕ, 08 май – Sputnik. Раисони ноҳияҳои наздимарзии Ҷаббор Расулови Тоҷикистон ва Лайлаки Қирғизистон мулоқот кардаанд.
Гуфтушунид дар маҳаллаи Мирзопочо воқеъ дар марзи миёни ҷамоатҳои деҳоти Қурғонча ва Ак – Босого баргузор гардид, гуфт, Нодир Усмонзода, раиси ҷамоати Қурғонча зимни суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон.
Бар пояи иттилоъи манбаъ, дар мулоқот, ки ду соат давом кард, мақомоти сарҳадбонӣ, раисони маҳаллаҳо ва ноҳияҳои Ҷаббор Расулов ва Лайлак ширкат кардаанд.
“Вохурӣ дар фазои сулҳу субот ва ҳамдигарфаҳмӣ доир шуда, ҷонибҳо як қатор масъалаҳо аз ҷумла тирпарронии дирӯзаро мавриди таҳқиқ қарор додаанд” – гуфт, раиси ҷамоат.
Зуҳри дирӯз дар марз миёни ҷамоатҳои Қурғонча ва Ак - Босого тирпарронӣ рух дод, ки дар пайи аз ҷониби Тоҷикистон як захмӣ барҷой гузошт.
Тавре мақомоти Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон шарҳ дод, дар ҳодиса дар ҳоле як сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов захмӣ гардидааст, ки ният дошт барои раҳоии писари ноболиғаш ба сарҳадбонони қирғиз муроҷиат кунад.
“Сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов муаллими таърих, ягон кирдоре, ки ба принсипҳои неки ҳамсоягӣ мухолиф аст, нишон надодааст. Аммо алайҳаш аз силоҳи оташфишон истифода намуданд, ки дар натиҷа ӯ захмӣ гардидааст”, - таъкид кардааст КДАМ.
Ин манбаъ қайд кардааст, ки алҳол шаҳрванди захмбардоштаи Тоҷикистон дар беморхона бистарӣ шудааст.
Баъди рухдоди ин ҳодиса мақомоти сарҳадбонии ноҳияҳои Ҷаббор Расулов ва Лайлак бо роҳи гуфтушунид рухдоди муноқишаро бартараф кардаанд.
Зимни баргузории мулоқот масъулини ноҳияҳои наздимарзӣ дар бораи пешгирӣ аз рухдоди муноқишаҳои наздимарзӣ ва таъмини сулҳу субот ва амнияти мардумони наздимарзӣ таъкид варзидаанд.
Раиси ҷамоати Қурғончаи ноҳияи Ҷаббор Расулов гуфт, ки вазъ дар сарҳад бо ноҳияи Лайлак ҳоло муътадил аст.
Ноҳияи Ҷаббор Расулов баъд аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Исфара сеюмин минтақаи ҳаммарзи Тоҷикистон бо Қирғизистон дар вилояти Суғд мебошад.