https://sputnik.tj/20240508/putin-prezident-mardum-tojikistonro-ghalaba-tabrik-1062781880.html
Путин президент ва мардуми Тоҷикистонро бо Рӯзи Ғалаба табрик гуфт
Путин президент ва мардуми Тоҷикистонро бо Рӯзи Ғалаба табрик гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Робитаҳои дӯстие, ки дар солҳои ҷанг барқарор шудаанд, заминаи боэътимоди рушди муносибатҳои байни кишварҳо ва халқҳо боқӣ хоҳанд монд, гуфт роҳбари Русия
2024-05-08T15:05+0500
2024-05-08T15:05+0500
2024-05-08T15:05+0500
владимир путин
эмомалӣ раҳмон
дар тоҷикистон
дар русия
рӯзи ғалаба
шаҳиди ҷанги бузурги меҳанӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/05/08/1062781204_0:0:3273:1842_1920x0_80_0_0_319050298679ce012e57752dbace23f1.jpg
ДУШАНБЕ, 8 май — Sputnik. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ба раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Ғалаба номаи шодбошӣ ирсол кард.Дар ин бора дафтари матбуоти Кохи Кремлин хабар медиҳад. Путин дар остонаи таҷлили 79-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба ҳамаи онҳое, ки дар солҳои ҷанг дар ҷабҳа ва дар ақибгоҳ заҳмат кашида, пирӯзиро бо қимати қурбониҳо ва душвориҳо таъмин карданд, изҳори сипос ва эҳтиром кард. Раҳбари Русия ҳамчунин ба президентҳо ва шаҳрвандони Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Узбекистон, Абхозистон, Осетияи Ҷанубӣ ва ҳамчунин ба мардуми Гурҷистону Молдова ба муносибати 79-умин солгарди Ғалаба бар фашизм табрикот фиристод.Путин изҳори итминон кард, ки риштаҳои дӯстие, ки дар солҳои ҷанг баста шудаанд, заминаи боэътимоди рушди муносибатҳои байни кишварҳо ва халқҳо боқӣ хоҳанд монд.Ӯ ба роҳбарон ва шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ ба собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва меҳнаткашони ҷабҳа изҳори миннатдории самимӣ расонида, ба онҳо саломатӣ, хонаободӣ, рӯҳи хуш ва умри дароз орзу кард.Дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз ҶШС Тоҷикистон дар маҷмӯъ ҳудуди 300 ҳазор нафар ба ҷабҳа рафтаанд, ки тақрибан 100 ҳазор нафарашон барнагаштаанд. Дар байни ҷанговарон аз Тоҷикистон 64 нафар ба унвони Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ мушарраф гардиданд.
https://sputnik.tj/20240506/kumakpuli-besobiqa-rahmon-sobiqadoron-jbv-1062750011.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/05/08/1062781204_0:0:2705:2029_1920x0_80_0_0_934a982e00f39dad0bbb711be0414c1e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
путин президент мардум тоҷикистонро рӯзи ғалаба табрик
путин президент мардум тоҷикистонро рӯзи ғалаба табрик
Путин президент ва мардуми Тоҷикистонро бо Рӯзи Ғалаба табрик гуфт
Робитаҳои дӯстие, ки дар солҳои ҷанг барқарор шудаанд, заминаи боэътимоди рушди муносибатҳои байни кишварҳо ва халқҳо боқӣ хоҳанд монд, гуфт роҳбари Русия
ДУШАНБЕ, 8 май — Sputnik. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ба раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Ғалаба номаи шодбошӣ ирсол кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти Кохи Кремлин хабар медиҳад.
Путин дар остонаи таҷлили 79-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба ҳамаи онҳое, ки дар солҳои ҷанг дар ҷабҳа ва дар ақибгоҳ заҳмат кашида, пирӯзиро бо қимати қурбониҳо ва душвориҳо таъмин карданд, изҳори сипос ва эҳтиром кард.
"Муҳим аст, ки ҳама гуна кӯшишҳои таҳриф ва ё ба фаромӯшӣ супоридани таърихи умумиамонро пешгирӣ кунем. Ва албатта, анъанаҳои пуршарафи дӯстӣ ва ёрии ҳамдигариро, ки ба падарону бобоёни мо бо шараф дар озмоишщои низомь ва торумор кардани фашизм кумак карда буданд, ҳифз ва ба наслҳои оянда мерос гузорем",- гуфта мешавад дар нома.
Раҳбари Русия ҳамчунин ба президентҳо ва шаҳрвандони Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Узбекистон, Абхозистон, Осетияи Ҷанубӣ ва ҳамчунин ба мардуми Гурҷистону Молдова ба муносибати 79-умин солгарди Ғалаба бар фашизм табрикот фиристод.
Путин изҳори итминон кард, ки риштаҳои дӯстие, ки дар солҳои ҷанг баста шудаанд, заминаи боэътимоди рушди муносибатҳои байни кишварҳо ва халқҳо боқӣ хоҳанд монд.
Ӯ ба роҳбарон ва шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ ба собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва меҳнаткашони ҷабҳа изҳори миннатдории самимӣ расонида, ба онҳо саломатӣ, хонаободӣ, рӯҳи хуш ва умри дароз орзу кард.
Дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз ҶШС Тоҷикистон дар маҷмӯъ ҳудуди 300 ҳазор нафар ба ҷабҳа рафтаанд, ки тақрибан 100 ҳазор нафарашон барнагаштаанд.
Дар байни ҷанговарон аз Тоҷикистон 64 нафар ба унвони Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ мушарраф гардиданд.