https://sputnik.tj/20240506/kumakpuli-besobiqa-rahmon-sobiqadoron-jbv-1062750011.html
Раҳмон ба собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ чанд сомонӣ ҷудо кард?
Раҳмон ба собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ чанд сомонӣ ҷудо кард?
Sputnik Тоҷикистон
Ҳаҷми кумакпулие, ки соли равон раисҷумҳури Тоҷикистон ба собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷудо кардааст, беш аз 2 баробар бештар дар қиёс бо соли пешист
2024-05-06T15:28+0500
2024-05-06T15:28+0500
2024-05-06T18:04+0500
дар тоҷикистон
иҷтимоъ
ғалаба
рӯзи ғалаба
ёрдам
эмомалӣ раҳмон
рустами эмомалӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102593/75/1025937543_0:0:2048:1153_1920x0_80_0_0_a549d9a5cdd68088950a0b0eed5c3f6d.jpg
ДУШАНБЕ, 6 май — Sputnik. Барои ҳар иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар арафаи 79-умин солгарди Ғалаба 40 ҳазор сомонӣ тақдим мешавад. Ин кумакпулӣ аз номи раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон тақдим мегардад, хабар доданд аз Шӯрои собиқадорони кишвар ба Sputnik Тоҷикистон. Ба иттилои манбаъ, роҳбарони мақомоти маҳалли Душанбе ва шаҳру вилоятҳо кумакпулии алоҳидаро таъйин мекунанд. Дар пойтахт аз номи шаҳрдор ба собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ 10 ҳазор сомонӣ дода мешавад. Тақдими кумакпулӣ ва аёдати собиқадорон дар арафаи солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба ҳукми анъана даромадааст. Ба ҳолати аввали май дар Тоҷикистон 24 иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 - 1945 дар қайди ҳаётанд. Тоҷикистон тайи як соли охир боз 13 иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватаниро аз даст дода, феълан дар бархе манотиқ, аз ҷумла ВМКБ ягон куҳансарбоз нест. "Айни ҳол дар вилояти Хатлон - 10 куҳансарбоз, дар Суғд - 6, дар Душанбе - 3 дар шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ 5 куҳансарбоз иқомат доранд", - иттилоъ доданд аз Шӯрои собиқадорони ҶБВ. Дар ҳамин давраи соли гузашта дар Тоҷикистон 37 иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар қайди ҳаёт буданд.
https://sputnik.tj/20240504/ruz-ghalaba-dushanbe-girdihamoi-yodbud-1062731367.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102593/75/1025937543_38:0:1858:1365_1920x0_80_0_0_81a71a674e8b03c51db92467047a834a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эмомалӣ раҳмон, собиқадорон, ҷбв, кумакпулӣ
эмомалӣ раҳмон, собиқадорон, ҷбв, кумакпулӣ
Раҳмон ба собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ чанд сомонӣ ҷудо кард?
15:28 06.05.2024 (Навсозишуда: 18:04 06.05.2024) Ҳаҷми кумакпулие, ки соли равон раисҷумҳури Тоҷикистон ба собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷудо кардааст, беш аз 2 баробар бештар дар қиёс бо соли пешист
ДУШАНБЕ, 6 май — Sputnik. Барои ҳар иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар арафаи 79-умин солгарди Ғалаба 40 ҳазор сомонӣ тақдим мешавад.
Ин кумакпулӣ аз номи раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон тақдим мегардад, хабар доданд аз Шӯрои собиқадорони кишвар ба Sputnik Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, роҳбарони мақомоти маҳалли Душанбе ва шаҳру вилоятҳо кумакпулии алоҳидаро таъйин мекунанд. Дар пойтахт аз номи шаҳрдор ба собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ 10 ҳазор сомонӣ дода мешавад.
Тақдими кумакпулӣ ва аёдати собиқадорон дар арафаи солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба ҳукми анъана даромадааст.
Ба ҳолати аввали май дар Тоҷикистон 24 иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 - 1945 дар қайди ҳаётанд. Тоҷикистон тайи як соли охир боз 13 иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватаниро аз даст дода, феълан дар бархе манотиқ, аз ҷумла ВМКБ ягон куҳансарбоз нест.
"Айни ҳол дар вилояти Хатлон - 10 куҳансарбоз, дар Суғд - 6, дар Душанбе - 3 дар шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ 5 куҳансарбоз иқомат доранд", - иттилоъ доданд аз Шӯрои собиқадорони ҶБВ.
Дар ҳамин давраи соли гузашта дар Тоҷикистон 37 иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар қайди ҳаёт буданд.