https://sputnik.tj/20240507/konsuli-rusiya-hamsaroni-ishtirokchiyoni-jangi-buzurgi-vatani-1062759276.html
Консули Русия ба ҳамсарони иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ кумаки ғизоӣ расонид
Консули Русия ба ҳамсарони иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ кумаки ғизоӣ расонид
Sputnik Тоҷикистон
Консулгарии Русия дар Хуҷанд дар остонаи таҷлили Рӯзи Ғалаба ба аёдати ҳамсарони иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар вилояти Суғд рафт
2024-05-07T10:40+0500
2024-05-07T10:40+0500
2024-05-07T18:51+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
иҷтимоъ
ёрӣ
дастгир шудан
шаҳиди ҷанги бузурги меҳанӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/05/07/1062770873_0:82:1280:802_1920x0_80_0_0_b29741442942d7c8325b3559a78fd82b.jpg
ДУШАНБЕ, 7 май – Sputnik. Занони иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки феълан дар қайди ҳаётанд, дар арафаи 79-умин солгарди Ғалаба аз кумаку дастгириҳо бенасиб намонданд. Алҳол дар шаҳру навоҳии Суғд 19 нафар занҳое ба сар мебаранд, ки замоне бо шавҳарони худ иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ хуррамона зиндагӣ кардаанд, изҳор дошт муовини раиси Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнат дар вилояти Суғд, Шавкат Алиев. Шавҳарони ин шумор занҳо баъди бозгашт ба Ватан аз ҷабҳаҳо бо амри тақдир фавтидаанд. "Ин барои аввалин бор аст, ки чунин теъдод занон мавриди таваҷҷӯҳ ва ёрӣ қарор мегиранд” – қайд кард муовини раиси Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнат. Дар расми тақдими маводи ғизоӣ консули генералии Русия дар шаҳри Хуҷанд Сергей Ланкин шахсан ширкат кардааст. Бино ба иттилои Алиев, алҳол дар шаҳру навоҳии Суғд 6 нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва 66 нафар собиқадорони солҳои ҷанг ба сар мебаранд. Маврид ба зикр аст, ки занҳои тоҷик дар солҳои ҷанги 1941 – 1945 барои таъмини сарбозону афсарон дар колхозу совхозҳо ба меҳнат сафарбар шуда, барои таъмин бо маводи озуқаворӣ саҳми шоён гузоштаанд.
https://sputnik.tj/20240506/kumakpuli-besobiqa-rahmon-sobiqadoron-jbv-1062750011.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/05/07/1062770873_0:0:1280:960_1920x0_80_0_0_c3f54d9f31cc3e6f306a6e8a1fed5123.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
кумак, шаҳр, навоҳӣ, ҷанги бузурги ватанӣ
кумак, шаҳр, навоҳӣ, ҷанги бузурги ватанӣ
Консули Русия ба ҳамсарони иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ кумаки ғизоӣ расонид
10:40 07.05.2024 (Навсозишуда: 18:51 07.05.2024) Консулгарии Русия дар Хуҷанд дар остонаи таҷлили Рӯзи Ғалаба ба аёдати ҳамсарони иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар вилояти Суғд рафт
ДУШАНБЕ, 7 май – Sputnik. Занони иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки феълан дар қайди ҳаётанд, дар арафаи 79-умин солгарди Ғалаба аз кумаку дастгириҳо бенасиб намонданд.
Алҳол дар шаҳру навоҳии Суғд 19 нафар занҳое ба сар мебаранд, ки замоне бо шавҳарони худ иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ хуррамона зиндагӣ кардаанд, изҳор дошт муовини раиси Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнат дар вилояти Суғд, Шавкат Алиев.
Шавҳарони ин шумор занҳо баъди бозгашт ба Ватан аз ҷабҳаҳо бо амри тақдир фавтидаанд.
"Ин барои аввалин бор аст, ки чунин теъдод занон мавриди таваҷҷӯҳ ва ёрӣ қарор мегиранд” – қайд кард муовини раиси Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнат.
Дар расми тақдими маводи ғизоӣ консули генералии Русия дар шаҳри Хуҷанд Сергей Ланкин шахсан ширкат кардааст.
Бино ба иттилои Алиев, алҳол дар шаҳру навоҳии Суғд 6 нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва 66 нафар собиқадорони солҳои ҷанг ба сар мебаранд.
Маврид ба зикр аст, ки занҳои тоҷик дар солҳои ҷанги 1941 – 1945 барои таъмини сарбозону афсарон дар колхозу совхозҳо ба меҳнат сафарбар шуда, барои таъмин бо маводи озуқаворӣ саҳми шоён гузоштаанд.