https://sputnik.tj/20240507/antonov-razmoish-hastai-chorai-majburi-1062760085.html
Антонов размоиши ҳастаиро чораи маҷбурӣ хонд
Антонов размоиши ҳастаиро чораи маҷбурӣ хонд
Sputnik Тоҷикистон
Стратегҳо дар Амрико ва пайравонашон дар Аврупо бояд дарк кунанд, ки Русия барои ҳифзи соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии худ, тамоми имконотро истифода хоҳад кард
2024-05-07T12:45+0500
2024-05-07T12:45+0500
2024-05-07T12:45+0500
дар русия
сиёсат
има
аврупо
аслиҳа
ҳастаӣ
амният ва мудофиа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/09/1047507932_0:58:3072:1786_1920x0_80_0_0_46740553b1ae6ce5b9c61743216be9e0.jpg
ДУШАНБЕ, 7 май — Sputnik. Машқҳои дарпешистодаи ҳастаӣ як посухи маҷбурӣ ба риторикаи Ғарб аст, изҳор дошт сафири Русия дар Вашингтон Анатолий Антонов. "Рзамоиши эълонкардаи Вазорати дифои Русия дар ҷои холӣ ба вуҷуд наомадааст. Ин як иқдоми маҷбурӣ дар посух ба сиёсати мутакаббирона ва таҷовузкоронаи Ғарб аст, ки барои Русия ва шаҳрвандони он таҳдидҳои номақбул эҷод кардааст", - гуфт сафир. Дипломат таъкид кард, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва муттаҳидонаш интиқоли силоҳҳои марговартар аз пешина ба Украинаро тавсеа медиҳанд, ки барои куштани мардуми Русия ва ҳамла ба қаламрави кишвар пешбинӣ шудаанд. "Мо ба ҳеҷ кас таҳдид намекунем, ки стратегҳо дар Амрико ва пайравонашон дар Аврупо бояд дарк кунанд, ки Русия барои ҳифзи соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии худ, тамоми имконотро истифода хоҳад кард. Ба бозии яктарафаи ташаннуҷ Ғарб даст нахоҳад ёфт", - гуфт Антонов.Ахиран раисҷумҳури Русия, Владимир Путин ба Ситоди генералӣ дастур дод, ки ба машқҳои истифодаи силоҳи ҳастаии ғайристратегӣ омода шаванд."Бо мақсади баланд бардоштани омодагии қувваҳои ҳастаии ғайристратегӣ ба иҷрои вазифаҳои ҷангӣ, Ситоди генералӣ омодагиҳоро ба баргузории машқҳо бо ҷузъу томҳои мушакии Ҳавзаи ҳарбии ҷанубӣ оғоз кард", - иттилоъ дод Вазорати дифои Русия. Размоиш дар ояндаи наздик баргузор мешаванд ва дар онҳо нерӯҳои ҳавоию дарёӣ низ ширкат хоҳанд кард, афзуд манбаъ.
https://sputnik.tj/20240415/tojikiston-rusiya-razmoish-mushtarak-oghoz-1062483405.html
има
аврупо
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/09/1047507932_208:0:2939:2048_1920x0_80_0_0_7ed01ec898690470921697aeef4f367f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сафир, вашингтон, сафар, сабаб, размоиш, ҳастаӣ
сафир, вашингтон, сафар, сабаб, размоиш, ҳастаӣ
Антонов размоиши ҳастаиро чораи маҷбурӣ хонд
Стратегҳо дар Амрико ва пайравонашон дар Аврупо бояд дарк кунанд, ки Русия барои ҳифзи соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии худ, тамоми имконотро истифода хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 7 май — Sputnik. Машқҳои дарпешистодаи ҳастаӣ як посухи маҷбурӣ ба риторикаи Ғарб аст, изҳор дошт сафири Русия дар Вашингтон Анатолий Антонов.
"Рзамоиши эълонкардаи Вазорати дифои Русия дар ҷои холӣ ба вуҷуд наомадааст. Ин як иқдоми маҷбурӣ дар посух ба сиёсати мутакаббирона ва таҷовузкоронаи Ғарб аст, ки барои Русия ва шаҳрвандони он таҳдидҳои номақбул эҷод кардааст", - гуфт сафир.
Дипломат таъкид кард, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва муттаҳидонаш интиқоли силоҳҳои марговартар аз пешина ба Украинаро тавсеа медиҳанд, ки барои куштани мардуми Русия ва ҳамла ба қаламрави кишвар пешбинӣ шудаанд.
"Мо ба ҳеҷ кас таҳдид намекунем, ки стратегҳо дар Амрико ва пайравонашон дар Аврупо бояд дарк кунанд, ки Русия барои ҳифзи соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии худ, тамоми имконотро истифода хоҳад кард. Ба бозии яктарафаи ташаннуҷ Ғарб даст нахоҳад ёфт", - гуфт Антонов.
Ахиран раисҷумҳури Русия, Владимир Путин ба Ситоди генералӣ дастур дод, ки ба машқҳои истифодаи силоҳи ҳастаии ғайристратегӣ омода шаванд.
"Бо мақсади баланд бардоштани омодагии қувваҳои ҳастаии ғайристратегӣ ба иҷрои вазифаҳои ҷангӣ, Ситоди генералӣ омодагиҳоро ба баргузории машқҳо бо ҷузъу томҳои мушакии Ҳавзаи ҳарбии ҷанубӣ оғоз кард", - иттилоъ дод Вазорати дифои Русия.
Размоиш дар ояндаи наздик баргузор мешаванд ва дар онҳо нерӯҳои ҳавоию дарёӣ низ ширкат хоҳанд кард, афзуд манбаъ.