https://sputnik.tj/20240305/taghyiroti-kadri-sokhtor-energetikii-tojikiston-1061934892.html
Тағйироти кадрӣ дар сохтори энергетикии Тоҷикистон баъди барқкушии сартосарӣ
Тағйироти кадрӣ дар сохтори энергетикии Тоҷикистон баъди барқкушии сартосарӣ
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар пасманзари қатъи васеъмиқёси интиқоли барқ дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ дар сохтори энергетикии кишвар тағйироти кадрӣ анҷом дод
2024-03-05T11:01+0500
2024-03-05T11:01+0500
2024-03-05T12:07+0500
дар тоҷикистон
энергетика
барқ
таъмин кардан
лимит
эмомалӣ раҳмон
тағйироти кадрӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102271/31/1022713166_0:0:1947:1096_1920x0_80_0_0_4b1dff0fcc8e521db77bf496ef3f96e1.jpg
ДУШАНБЕ, 5 мар – Sputnik. Сорбон Холмуҳамадзода аз вазифаи муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон озод гардид. Қарори ҳукумат дар ин бораро раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон имзо намуд.Дар қарори ҳукумат далели барканории Холмуҳаммадзода гузаштан ба кори дигар гуфта шудааст, аммо феълан маълум нест, ки ба кадом вазифа. Ин тағйирот дар пасманзари қатъи интиқоли ахири барқ дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон амалӣ гардид. Дар рӯзи аввали баҳор барқ дар бисёре аз навоҳӣ, аз ҷумла пойтахти Тоҷикистон қатъ гардид, ки ба иттилои масъулин ба далели садама дар хатҳои интиқол бинобар зиёд шудани сарборӣ рух додаст. Одатан маҳдудияти барқ танҳо дар навоҳии Тоҷикистон ҷой дошт, ки солҳо боз дар фасли сармо пурра бо барқ таъмин нестанд. Дар пайи қатъи интиқол таъминот дар бархе аз рустоҳо беҳбуд ёфтааст. Аз ҷумла сокинони Суғд мегӯянд, барқро дар рӯзҳои охир бемаҳдудият гирифта истодаанд. Ба гуфтаи истиқоматкунандагони навоҳии шимоли кишвар, таъминот тайи қариб 4 рӯзи охир бемаҳдудият шудаст. Масъулини барқ дар Суғд таъйид карданд, ки бо назардошти фароҳам омадани имкониятҳои истеҳсолию интиқолдиҳӣ, рустоҳои вилоят ҳама бо барқи доимӣ таъмин ҳастанд. Аммо расман ҳанӯз эълон дар бораи лағви лимит нашр нашудааст. Маҳдудияти барқрасонӣ дар ҷумҳурӣ аз 28 сентябри соли 2023 амал мекунад.
https://sputnik.tj/20240301/bahor-tojikiston-bebarqi-oghoz-1061891190.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102271/31/1022713166_184:0:1947:1322_1920x0_80_0_0_7bd9b378856d83fb4d4517630c02b382.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тағйирот, сохтор, энергетикӣ, тоҷикистон
тағйирот, сохтор, энергетикӣ, тоҷикистон
Тағйироти кадрӣ дар сохтори энергетикии Тоҷикистон баъди барқкушии сартосарӣ
11:01 05.03.2024 (Навсозишуда: 12:07 05.03.2024) Раисҷумҳури Тоҷикистон дар пасманзари қатъи васеъмиқёси интиқоли барқ дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ дар сохтори энергетикии кишвар тағйироти кадрӣ анҷом дод
ДУШАНБЕ, 5 мар – Sputnik. Сорбон Холмуҳамадзода аз вазифаи муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон озод гардид.
Қарори ҳукумат дар ин бораро раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон имзо намуд.
Дар қарори ҳукумат далели барканории Холмуҳаммадзода гузаштан ба кори дигар гуфта шудааст, аммо феълан маълум нест, ки ба кадом вазифа.
Ин тағйирот дар пасманзари қатъи интиқоли ахири барқ дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон амалӣ гардид.
Дар рӯзи аввали баҳор барқ дар бисёре аз навоҳӣ, аз ҷумла пойтахти Тоҷикистон қатъ гардид, ки ба иттилои масъулин ба далели садама дар хатҳои интиқол бинобар зиёд шудани сарборӣ рух додаст.
Одатан маҳдудияти барқ танҳо дар навоҳии Тоҷикистон ҷой дошт, ки солҳо боз дар фасли сармо пурра бо барқ таъмин нестанд. Дар пайи қатъи интиқол таъминот дар бархе аз рустоҳо беҳбуд ёфтааст.
Аз ҷумла сокинони Суғд мегӯянд, барқро дар рӯзҳои охир бемаҳдудият гирифта истодаанд.
Ба гуфтаи истиқоматкунандагони навоҳии шимоли кишвар, таъминот тайи қариб 4 рӯзи охир бемаҳдудият шудаст.
Масъулини барқ дар Суғд таъйид карданд, ки бо назардошти фароҳам омадани имкониятҳои истеҳсолию интиқолдиҳӣ, рустоҳои вилоят ҳама бо барқи доимӣ таъмин ҳастанд.
Аммо расман ҳанӯз эълон дар бораи лағви лимит нашр нашудааст. Маҳдудияти барқрасонӣ дар ҷумҳурӣ аз 28 сентябри соли 2023 амал мекунад.