https://sputnik.tj/20240505/bozsozi-mujassama-jbv-dushanbe-tursunzoda-1062736021.html
Бозсозии муҷассамаҳои низомӣ дар Душанбе ва Турсунзода
Бозсозии муҷассамаҳои низомӣ дар Душанбе ва Турсунзода
Sputnik Тоҷикистон
Рӯзи 8 май дар Боғи Ғалабаи Душанбе маросими ифтитоҳи тонки барқароршудаи ИС-2 баргузор мешавад, ки бо қарори ҳукумати Тоҷикистон дар ҷои нав насб карда шуд 05.05.2024, Sputnik Тоҷикистон
2024-05-05T19:29+0500
2024-05-05T19:29+0500
2024-05-05T19:31+0500
дар русия
ҳавзаи марказии низомии русия
пойгоҳи 201
танк
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/05/05/1062738010_0:574:598:910_1920x0_80_0_0_c8cb43f3c7755b420006fa3ad4b81c4a.jpg
ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Низомиёни пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон барқарорсозии муҷассамаҳои Ҷанги Бузурги Ватаниро, ки дар шаҳрҳои Душанбе ва Турсунзода гузошта шуда буданд, анҷом доданд. Хизматчиёни ҳарбии баталони таъмиру барқароркунй ба ҷои муҷассамаҳои афсонавии танкҳои ИС-2 ва Т-34 омаданд. "Ҳарбиён гирду атрофро аз алафу хошок тоза карда, пояҳоро шуста, ҷузъиётро аз осори зангзанӣ тоза карда, кузовҳои мошинҳои ҷангиро ранг карданд", - иттилоъ дод ҳавзаи марказии низомии Русия. Инчунин ҷузъу механизмҳоро бо равған молид, аломатҳои шиносоӣ нав шуда, таъмири мунтазами пояҳо гузаронида шуд, омадааст дар иттилоия. Таъкид гардид, ки рӯзи 8 май дар Боғи Ғалаба дар шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи тонки барқароршудаи ИС-2 баргузор мешавад, ки мошини ҷангӣ бо қарори ҳукумати Тоҷикистон дар ҷои нав насб карда шуд. Маврид ба зикр аст, ик пойгоҳи 201-уми низомии мустақар дар Тоҷикистон бузургтарин таъсисоти низомии Русия дар берун аз марзи ин кишвар аст. Дар ду шаҳр - Душанбе ва Бохтар ҷойгир шудааст. Он аз нерӯҳои савора, танкӣ, артиллерия, разведка, дифои ҳавоӣ, ҷанги радиатсионӣ ва кимиёвӣ ва алоқа иборат мебошад.Қаблан сафири сафири Русия дар Душанбе, Семён Григорев гуфт, то солҳои 90-ум дар Хиёбони шуҳрат пояе мавҷуд буд, ки дар он номи афроди дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ қурбонишуда нақш баста мешуд, вале дар солҳои муқовимати шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон хароб шудааст."Сафорат тасмим гирифт, ки ёдгориро барқарор кунад, стела намуди боҳашамат дошта, маҷмааи "Хиёбони шӯҳрат"-ро ташаккул медиҳад", - гуфт Григорев.Ба гуфтаи Григорев, Хиёбони шуҳрат моҳи январи соли 2025 кушода мешавад.
https://sputnik.tj/20240504/ruz-ghalaba-dushanbe-girdihamoi-yodbud-1062731367.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/05/05/1062738010_0:496:598:945_1920x0_80_0_0_3ab6c06cba74ec1bbed6a71791c5e10b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар русия, ҳавзаи марказии низомии русия, пойгоҳи 201, танк
дар русия, ҳавзаи марказии низомии русия, пойгоҳи 201, танк
Бозсозии муҷассамаҳои низомӣ дар Душанбе ва Турсунзода
19:29 05.05.2024 (Навсозишуда: 19:31 05.05.2024) Рӯзи 8 май дар Боғи Ғалабаи Душанбе маросими ифтитоҳи тонки барқароршудаи ИС-2 баргузор мешавад, ки бо қарори ҳукумати Тоҷикистон дар ҷои нав насб карда шуд
ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Низомиёни пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон барқарорсозии муҷассамаҳои Ҷанги Бузурги Ватаниро, ки дар шаҳрҳои Душанбе ва Турсунзода гузошта шуда буданд, анҷом доданд.
Хизматчиёни ҳарбии баталони таъмиру барқароркунй ба ҷои муҷассамаҳои афсонавии танкҳои ИС-2 ва Т-34 омаданд.
"Ҳарбиён гирду атрофро аз алафу хошок тоза карда, пояҳоро шуста, ҷузъиётро аз осори зангзанӣ тоза карда, кузовҳои мошинҳои ҷангиро ранг карданд", - иттилоъ дод ҳавзаи марказии низомии Русия.
Инчунин ҷузъу механизмҳоро бо равған молид, аломатҳои шиносоӣ нав шуда, таъмири мунтазами пояҳо гузаронида шуд, омадааст дар иттилоия.
Таъкид гардид, ки рӯзи 8 май дар Боғи Ғалаба дар шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи тонки барқароршудаи ИС-2 баргузор мешавад, ки мошини ҷангӣ бо қарори ҳукумати Тоҷикистон дар ҷои нав насб карда шуд.
Маврид ба зикр аст, ик пойгоҳи 201-уми низомии мустақар дар Тоҷикистон бузургтарин таъсисоти низомии Русия дар берун аз марзи ин кишвар аст.
Дар ду шаҳр - Душанбе ва Бохтар ҷойгир шудааст. Он аз нерӯҳои савора, танкӣ, артиллерия, разведка, дифои ҳавоӣ, ҷанги радиатсионӣ ва кимиёвӣ ва алоқа иборат мебошад.
Қаблан сафири сафири Русия дар Душанбе, Семён Григорев гуфт, то солҳои 90-ум дар Хиёбони шуҳрат пояе мавҷуд буд, ки дар он номи афроди дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ қурбонишуда нақш баста мешуд, вале дар солҳои муқовимати шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон хароб шудааст.
"Сафорат тасмим гирифт, ки ёдгориро барқарор кунад, стела намуди боҳашамат дошта, маҷмааи "Хиёбони шӯҳрат"-ро ташаккул медиҳад", - гуфт Григорев.
Ба гуфтаи Григорев, Хиёбони шуҳрат моҳи январи соли 2025 кушода мешавад.