Раҳмон дар таҷлили Рӯзи Ғалаба дар Маскав ширкат хоҳад кард

© Sputnik / Алексей Майшев / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ В. Путин и Эмомали Рахмон
Президент РФ В. Путин и Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.05.2024
Обуна шудан
Қаблан Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, ҳамтои тоҷики худро ба маросими тантанавӣ ба муносибати Рӯзи Ғалаба дар Маскав даъват карда буд
ДУШАНБЕ, 4 май — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар таҷлили Рӯзи Ғалаба дар Маскав ширкат мекунад.
Дар ин бора РИА "Новости" бо такя ба як манбаааш хабар медиҳад.
Қаблан Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, Раҳмонро ба таҷлили ҷашни Рӯзи Ғалаба дар Маскав даъват карда буд.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон зимни як сӯҳбати телефонӣ бо Путин аз ӯ барои ширкат дар нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои ИДМ ва чорабиниҳо ба муносибати Рӯзи Ғалаба даъватнома дарёфт кард.
Президенты России и Таджикистана Владимир Путин и Эмомали Рахмон  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.05.2024
Суҳбати Путину Раҳмон: Асосан аз муҳоҷирон гуфтанду иштироки якҷоя дар иди Ғалаба
Ҳамзамон, сарони ду кишвар роҷеъ ба масъалаҳои мубрами дуҷониба, аз ҷумла ҳамкориҳо дар мубориза бо таҳдиди террористӣ ва ҳамчунин дар соҳаи муҳоҷират табодули назар карданд.
Ба Маскав барои чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба 79-умин солгарди Ғалаба бар фашизм ҳамзамон президентҳои Лаос Тонглун Сисулит ва Гвинея-Бисау Оумару Сисоку Эмбало меоянд.
Раисҷумҳури Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев низ интизор меравад, ки ширкат намояд.
Соли гузашта ҳафт сарони хориҷӣ барои Паради Ғалаба ба Маскав омада буданд: президентҳои Туркманистон Сардор Бердимуҳаммадов, Қирғизистон Содир Ҷабборов, Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Узбекистон Шавкат Мирзиёев, Беларус Александр Лукашенко, Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев, сарвазири Арманистон Никол Пашинян.
Лентаи хабарҳо
0