https://sputnik.tj/20240504/darguzasht-sadullo-rahmimov-farhangshinos-mashhur-tojik-1062723096.html
Даргузашти Саъдулло Раҳимов, фарҳангшинос ва киношиноси машҳури тоҷик
Даргузашти Саъдулло Раҳимов, фарҳангшинос ва киношиноси машҳури тоҷик
Sputnik Тоҷикистон
Маросими видоъ бо марҳум дар назди хонааш кӯчаи Саъдӣ Шерозӣ, 10 ва ҷанозааш пас аз намози зуҳр дар Масҷиди марказии шаҳри Душанбе сурат мегирад
2024-05-04T10:35+0500
2024-05-04T10:35+0500
2024-05-06T17:48+0500
даргузашт
дар тоҷикистон
фарҳанг
синамо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/0b/1032249503_0:139:2646:1627_1920x0_80_0_0_2b0641ee1c816dbd58b8236d972ccaf3.jpg
ДУШАНБЕ, 4 май - Sputnik. Саъдулло Раҳимов, фарҳангшинос, муҳаққиқ ва мунаққиди синамо ва доктори илмҳои фалсафа дар синни 73-солагӣ даргузашт.Дар ин бора яке аз шогирдони марҳум ба Sputnik Тоҷикистон хабар дода гуфт, ки Раҳимов бомдоди имрӯз 5 май аз олам гузашт.Манбаъ гуфт, ки маросими видоъ бо марҳум дар назди хонааш кӯчаи Саъдӣ Шерозӣ, 10 ва ҷанозааш пас аз намози зуҳр дар Масҷиди марказии шаҳри Душанбе сурат мегирад.Гуфта мешавад, ки Раҳимовро дар қабристони “Каленин” дафн хоҳанд кард.Ӯ аз афроди саршинос дар синамои тоҷик буда, соли 1951 дар ноҳияи Ромитани вилояти Бухоро таваллуд шуда, хатмкардаи факултаи забон ва адабиёти руси Университети давлатии Тоҷикистон (1974) аст.Номбурда доктори улуми фалсафа буда, солҳо дар Институти фалсафаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳсилу фаъолият ва унвонҳоряшро дар Маскав дифоъ кардааст.Мавсуф раҳбарии киностудияи “Тоҷикфилм”-ро тйи солҳои 1987-1993, 1995-1997 ба зима дошт ва ҳудуди як сол муовини раиси Кумитаи телевизион ва радио низ будааст.Раҳимов ҳамчун мунаққиди забардасти кино ҳанӯз соли 1985 узви Иттифоқи синамогарони СССР ва ҳамчунин узви Федератсияи байналмилалии филмшиносони FIPRESCI буд.Муаллифи сенария, коргардони бисёр филмҳои ҳуҷҷатӣ, аз қабили "Занон-сармоядорон", "Маҳваш", "Сайёҳат дар Ватан", "Арӯсак", "Ҷойҳои муқаддас", "Насими Қаратоғ", "Ман мунаққиди одилам", "Академик Диноршоев", силсилафилмҳо дар бораи ВМКБ: "Ишкошимиҳо", "Рӯшониҳо", "Гулбек" аст.Вай ҳамзамон бобати таърихи афкори эстетикии халқи тоҷик, марҳилаҳои он, эстетика ва ақоиди фалсафии зардуштия таҳқиқоти судманд анҷом додааст.
https://sputnik.tj/20240502/ruznomanigor-shinokhta-sayfulloh-mahkamov-darguzasht--1062701368.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/0b/1032249503_147:0:2499:1764_1920x0_80_0_0_9cac77bca977d1bc87e920668bef1f4d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
даргузашт саъдулло раҳмимов фарҳангшинос киношиноси тоҷик
даргузашт саъдулло раҳмимов фарҳангшинос киношиноси тоҷик
Даргузашти Саъдулло Раҳимов, фарҳангшинос ва киношиноси машҳури тоҷик
10:35 04.05.2024 (Навсозишуда: 17:48 06.05.2024) Маросими видоъ бо марҳум дар назди хонааш кӯчаи Саъдӣ Шерозӣ, 10 ва ҷанозааш пас аз намози зуҳр дар Масҷиди марказии шаҳри Душанбе сурат мегирад
ДУШАНБЕ, 4 май - Sputnik. Саъдулло Раҳимов, фарҳангшинос, муҳаққиқ ва мунаққиди синамо ва доктори илмҳои фалсафа дар синни 73-солагӣ даргузашт.
Дар ин бора яке аз шогирдони марҳум ба Sputnik Тоҷикистон хабар дода гуфт, ки Раҳимов бомдоди имрӯз 5 май аз олам гузашт.
"Устод тайи ҳафтаи ахир дар беморхонаи "Шифобахш" (машҳур ба Қарияи боло) табобат мегирифту ахиранд ҷарроҳи шуданду вазъашон каме нохуб буд. Бомдоди имрӯз хабар расид, ки фавтидаанд",- афзуд манбаъ.
Манбаъ гуфт, ки маросими видоъ бо марҳум дар назди хонааш кӯчаи Саъдӣ Шерозӣ, 10 ва ҷанозааш пас аз намози зуҳр дар Масҷиди марказии шаҳри Душанбе сурат мегирад.
Гуфта мешавад, ки Раҳимовро дар қабристони “Каленин” дафн хоҳанд кард.
Ӯ аз афроди саршинос дар синамои тоҷик буда, соли 1951 дар ноҳияи Ромитани вилояти Бухоро таваллуд шуда, хатмкардаи факултаи забон ва адабиёти руси Университети давлатии Тоҷикистон (1974) аст.
Номбурда доктори улуми фалсафа буда, солҳо дар Институти фалсафаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳсилу фаъолият ва унвонҳоряшро дар Маскав дифоъ кардааст.
Мавсуф раҳбарии киностудияи “Тоҷикфилм”-ро тйи солҳои 1987-1993, 1995-1997 ба зима дошт ва ҳудуди як сол муовини раиси Кумитаи телевизион ва радио низ будааст.
Раҳимов ҳамчун мунаққиди забардасти кино ҳанӯз соли 1985 узви Иттифоқи синамогарони СССР ва ҳамчунин узви Федератсияи байналмилалии филмшиносони FIPRESCI буд.
Муаллифи сенария, коргардони бисёр филмҳои ҳуҷҷатӣ, аз қабили "Занон-сармоядорон", "Маҳваш", "Сайёҳат дар Ватан", "Арӯсак", "Ҷойҳои муқаддас", "Насими Қаратоғ", "Ман мунаққиди одилам", "Академик Диноршоев", силсилафилмҳо дар бораи ВМКБ: "Ишкошимиҳо", "Рӯшониҳо", "Гулбек" аст.
Вай ҳамзамон бобати таърихи афкори эстетикии халқи тоҷик, марҳилаҳои он, эстетика ва ақоиди фалсафии зардуштия таҳқиқоти судманд анҷом додааст.